Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ҳамкасбони азизро бо Рӯзи адвокатҳо - 26-уми май табрик мегӯяд!
Бигузор кор ба шумо танҳо қаноатмандӣ ва эҳсосоти мусбат биёрад. Бигузор парвандаҳое, ки шумо дифоъ мекунед, ҳамеша ҳақ бошанд ва адолати қонун тантана кунад. Бигзор таҷрибаи касбии шумо ҳеҷ гоҳ коста нагардад, мавқеатон боло равад ва муштариёни миннатдоратон боз ҳам бештар гарданд.
Ба шумо ва аҳли оилаатон таъби хуш, эҳтиром, ҳамдигарфаҳмиву барор ва хурсандиву осоиштагӣ хоҳонем!