Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ду корманди милитсияи шаҳри Панҷакент ба муддати 8 солу 6 моҳӣ равонаи зиндон шудаанд.
Тавре як сарчашма аз мақомоти қудратии Панҷакент хабар медиҳад, Суди шаҳри мазкур нисбати Худойбердиев Тоҳир ва Равшанов Матлубро, ки дар латукӯби Ғоибов Фарҳод сокини деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент гунаҳкор дониста шуда буданд, 8 соли 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кардааст.
Ёдрас мешавем, ки моҳи октябри соли 2015 Прокуратураи шаҳри Панҷакент аз боздошти ин кормандони ШВКД-и Панҷакент хабар дода буд. Ин ду кормандони милитсияи шаҳри Панҷакент дар латукӯби Фарҳод Ғоибов даст дошта, ахирӣ бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба беморхона бистарӣ мегардад.