Ҳомиёни ҳуқуқ: буҳрони ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон рӯз то рӯз густариш меёбад

Созмонҳои маъруфи байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия (Norwegian Helsinki Committee, NHC) дар гузориши рӯзи чоршанбе дар сомонаи HRW интишоршуда қайд кардаанд, ки тайи соли ахир вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза бадтар шудааст.

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон мухолифони худро натанҳо дар дохили кишвар муҷозот мекунанд, балки мунаққидонашонро дар хориҷи кишвар таъқиб намуда, «баъзан онҳо кушта дарёфт шуда ва ё бе ному нишон бедарак мешаванд».

Қатъи фаъолияти ҳизби сиёсии пешрафтаи мухолиф - Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли гузашта хотиррасон шуда, таъкид мешавад, ки мухолифи ҳукумат Умаралӣ Қувватов дар Истамбул дар ҳолате парронида шудааст, ки ин ҳолатҳо ба даст доштани ҳукуматдоррони Тоҷикистон дар ин ҷиноят ишора мекунанд.

Муаллифони гузориш бар ин назаранд, ки фишор болои ҳуқуқҳои динӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон айни замон дар сатҳи бадтарин пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар қарор дорад.

Зикр мегардад, ки дар ҷумҳурӣ садҳо нафар барои андешаҳои осоиштаи сиёсӣ паси панҷара мераванд.

Ҳомиёни ҳуқуқ таъкид месозанд, ки «буҳрони ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон рӯз то рӯз густариш ёфта, вале вокуниши Вашингтон, Брюссел ва дигар шарикони байнулмилалӣ ноаён аст».

Ҳамчунин дар гузориш аз боздошт ва истирдоди мунаққидони имконпазири ҳукумат аз Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова, Русия, Туркия ва дигар кишварҳо ёдрас мешавад.

Ғайр аз ин, дар гузориш доир ба маъракаи ҳабс ва оғози мурофиаи додгоҳии 16 нафар аъзои боздоштшудаи ҲНИТ, ҳолатҳои сершумори маҳдуд кардани фаъолияти ҳуқуқшиносон, рӯзноманигоорн ва шаҳрвандони қаторӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукумат ва президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро танқид кардаанд, сухан меравад.

«Садҳо мунаққидон ва аъзои оилаи онҳо маҷбур шуданд, ки кишварро тарк кунанд, чанде аз афрод дар зиндонҳо азият кашиданд», - гуфтаанд ҳомиёни ҳуқуқ.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардаанд, ки тамоми маҳбусони сиёсиро озод карда, ба фаъолияти озодонаи ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гурӯҳи 24” иҷозат бидиҳад.

Бо тафсилоти бештари гузориш дар сомонаи Human Rights Watch бо суроғаи зерин шинсо шуда метавонед: https://www.hrw.org/news/2016/02/17/tajikistan-severe-crackdown-political-opposition.

Asia-Plus