Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ёварони масъули робита бо ҷомеаи сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ фаъолият доранд, ки шаҳрвандон метавонанд ба онҳо перомнуи фаъолияти ин ё он корманди милиса муроҷиат намоянд. Дар ин бора зимни кори мизи гирд таҳти унвони «Стратегияи ислоҳоти милитсия ва бартараф намудани ҳолатҳои шиканҷа дар фаъолияти милитсия» вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-лейтенатанти милитсия Рамазон Раҳимов иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, қабули моддаи алоҳидаи «Шиканҷа» дар Кодекси ҷиноӣ яке аз воситаҳои пешгирии истифодаи методҳои ғайриқонунӣ ҳангоми тафтишоти пешакӣ аст.
Дар суханронии худ вазири корҳои дохилӣ ба гунаи мисол ҳодисаи ахири латукӯби наврас аз ҷониби нозири минтақавии ШВКД-и ноҳияи Ёвонро ёдовар шуд, ки ин ҳодиса наврасро ба худкушӣ водор кард.
Р.Раҳимов ба ҳамаи сардорони раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ супориш дод, ки дар маҳалҳо бо ҳайати шахсӣ ин ҳодисаро баррасӣ намуда, масъалаи пешгирии шиканҷа ҳангоми тафтишоти пешакиро таҳти назорати махсус қарор диҳанд.
Вазир қайд кард, ки ба хотири пешгирии ҳодисаҳои истифодаи шиканҷа телефони боварии шабонарӯзии вазорат таҳти рақами 221-02-02 амал мекунад, ки тавассути он метавон дар бораи истифодаи ҳама гуна методҳои ғайриқонунии бозпурсӣ ва тафтишот маълумот дод.
Дар ҷараёни кори мизи мудаввар ҳамчунин масоили мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мақомоти милитсия ва лоиҳаи стратегияи ислоҳоти милитсия баррасӣ шуданд.
Дар кори мизи гирд мақомоти раҳбарии ВКД, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ, сафоратхонаҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ иштирок карданд.