Семинар дар мавзуи ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа

Рўзи 16-уми майи соли 2016 дар як семинар мавзуи «Принсипҳои самараноки тафтиш ва ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа, муносибатҳои ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ва дигар муносибатҳои тибқи стандартҳои Протоколи Стамбулӣ» баҳсу баррасӣ шуд.

Семинари мазкур дар ҳамкорӣ бо яке аз шарикони рушд - ташкилоти ҷамъиятии “Марказ оид ба ҳуқуқи инсон” дар бинои Маркази таълимии судяҳо дар назди Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби 20 нафар судяҳои судҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродзода Дустмурод Ҳайит ва Директори Маркази таълими судяҳо Завқизода Солеҳ Амин кори семинари мазкурро оғоз намуда, қайд карданд, ки «дар шароити ҳассоси ҷаҳони имрўза мавзуи шиканҷа дар радифи таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон асосӣ мебошад. Гарчанде он аз ҷониби баъзе давлатҳои абадқудрат ва давлатҳое, ки онҳоро даргириҳои сиёсӣ фаро гирифтаанд, риоя нагардад ҳам, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои шаҳрвандон, шахсони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ бо риояи талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуну санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқи байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҳифз мегарданд».

Дар кори семинари мазкур, ки рўзҳои 16-18-уми майи соли 2016 баргузор мегардад, ба ҳайси тренер-устодон аз ҳайати судяҳои Суди вилояти Хатлон Додоматзода Фахриддин, судяи суди шаҳри Душанбе Аланазарзода Шароф, директори маркази экспертизаи тиббӣ-судии вилояти Суғд Ғаниев Фурқат, мудири шуъбаи махсусгардонидашудаи Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсупов Бегиҷон, Сарэксперти қувваҳои мусаллаҳ-сардори лабараторияи маркази судӣ-тиббии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансуров Холмуҳаммад Мансурович, роҳбари лоиҳаи «Ворид намудани принсипҳои Протоколи Истамбулӣ» Наврўзова Парвина ва професор, эксперти судии тибии Грузия, эксперти байналхалқии ташкилоти “Марказ оид ба ҳуқуқи инсон” Русудан Бериашвили ҷалб карда шудаанд.

NoTorture.Tj