Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар доираи маъракаи соли 2024 «Ҳуқуқи мо, ояндаи мо, ҳозир», ки аз ҷониби СММ ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон эълон шудааст ва ҳамасола 10-уми декабр таҷлил мегардад, аксияи 30-рӯза баргузор намуд.
Машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ: Бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии ҷомеа оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла озодӣ аз шиканҷа, ҳуқуқшиносони Эътилоф дар шаҳрҳои зерин барои аҳолӣ машваратҳои сайёр гузарониданд:
- шаҳри Душанбе, бозори “Варзоб”;
- шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, маҳали истиқоматӣ;
- шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, терминали шаҳрӣ.
Дар ҳар як минтақа ба 16 нафар ёрии ройгони ҳуқуқӣ расонида шуд. Аҳолӣ барои дарёфти ёрии ройгони ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои дастрасӣ ба манзили иҷтимоӣ (тартиби муроҷиат, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва ғайра), гирифтани ҷуброн барои вайрон кардани манзил ва вайрон кардани биноҳои маъмурӣ, ҷавобгарӣ барои вайрон кардани меъёрҳо/монеъ шудан ба истифодаи умумии шабакаҳои гармидиҳӣ, тартиби шикоят кардан аз амали (беамалии) шахси ваколатдор оид ба оғози парвандаи ҷиноятӣ, истифодаи зӯроварӣ, инчунин дигар муносибатҳои ҳуқуқии манзил, гражданӣ ва ҷиноятӣ муроҷиат карданд.
Тақвимҳои рӯимизӣ оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2025
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон тақвим барои соли 2025 бо нишон додани рақамҳои телефони Гурӯҳи ёрии ҳуқуқиро таҳия намуд.
Ёддошт ва буклет
Ёддошти «Ҳуқуқи шумо!» омода карда шуд, ки дар он маълумот барои тамос, мафҳуми шиканҷа ва алгоритми амалҳо, ки барои ба қайд гирифтани мавҷудияти шиканҷа ва муносибати бераҳмона мусоидат мекунад, ҷой гирифтааст. Буклети «Ҳуқуқдон бошед!» саволҳо ва ҷавобҳо, инчунин маълумот барои тамосро дар бар мегирад. Ба ин гузориш замима карда мешаванд.
Викторина бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ва 40-солагии қабули Конвенсияи зидди шиканҷа
11-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба аҳолӣ кумаки ройгони ҳуқуқӣ расонида, бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ, Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ва 40-солагии қабули Конвенсияи зидди шиканҷа дар мавзӯи ҳуқуқи инсон викторина доир намуд.
Чорабинӣ ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи ҳуқуқи инсон бахшида шуда буд. Шаҳрвандон бо саволҳои худ оид ба муносибатҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ, ҷиноятӣ, шаҳрсозӣ ва оилавӣ ба коршиносон муроҷиат карда, ёрии ройгони ҳуқуқӣ гирифтанд. Дар идома викторина оид ба ҳуқуқи инсон ва Конвенсияи зидди шиканҷа баргузор гардид, ки таваҷҷуҳро ҷалб намуд. Саволҳои викторина гуногун буда, донишҳои назариявӣ ва амалиро дар бар мегирифтанд.
Барои ҷавобҳои дуруст ба иштирокчиён туҳфаҳо дар шакли термосҳо ва термоистаконҳо тақдим карда шуданд, ки боиси иштироки фаъол ва таваҷҷуҳ ба чорабинӣ гардид. Дар чорабинӣ ҳамагӣ 64 нафар иштирок намуданд. Ба ҳар як иштирокчии викторина буклет ва варақаи иттилоотӣ бо нишон додани маълумот барои тамос бо сохторҳои дахлдоре, ки ҳангоми нақз шудани ҳуқуқи инсон муроҷиат кардан мумкин аст, тақдим гардид.
Вебинари “Ҳуқуқи инсон: Нигоҳи ҷавонӣ”
9-уми декабри соли 2024 вебинари “Ҳуқуқи инсон: Нигоҳи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон баргузор гардид. Дар чорабинӣ зиёда аз 15 нафар ҷавонон ширкат варзиданд.
Ҳадафҳои вебинар инҳо буданд:
- Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон дар бораи ҳуқуқи инсон.
- Баррасии масъалаҳои актуалии вобаста ба ҳуқуқи инсон.
- Ҳавасмандгардонии ҷавонон барои иштироки фаъолона дар ҳифзи ҳуқуқи инсон.
Ҳуқуқдон бошед!
Зери рубрикаи «Саволҳо-ҷавобҳо» матолиби зерин омода карда шуданд:
- Чӣ тавр сабти видеоиро аз телефон дар бораи истифодаи қувваи ҷисмонӣ аз ҷониби кормандони милитсия истифода бояд бурд, то он ҳамчун далел эътироф шавад?
- Чӣ бояд кард, агар кормандони милитсия қувваи ҷисмонӣ истифода баранд ё шуморо бо калтаки резинӣ бизананд?
- Чӣ бояд кард, агар кормандони милитсия ба сӯи шумо садо баланд кунанд ва маҷбур созанд, ки хомӯшона ба шуъбаи милитсия равед?
- Байни гарав ва ҷарима фарқият ҳаст?
https://notorturetj.org/tj/news/bayni-garav-va-charima-farkiyat-khast
Забонхат дар бораи тарк накардани маҳали истиқомат барои чӣ ва аз тарафи кӣ истифода бурда мешавад?
- Кӣ бояд наздикони боздоштшударо дар бораи боздошти ӯ огоҳ кунад?
https://notorturetj.org/tj/news/ki-boyad-nazdikoni-bozdoshtshudaro-dar-borai-bozdoshti-u-ogokh-kunad
- Рӯзи ҳуқуқи инсон: Сарвари СММ ба ҳимояи ҳуқуқҳо барои ҳозир ва ҳамеша даъват кард
- Рӯзи ҳуқуқи инсон – 2024
https://notorturetj.org/tj/news/ruzi-khukuki-inson-2024
- Рӯзи ҳуқуқи инсон - 10-уми декабр
https://notorturetj.org/tj/news/ruzi-khukuki-inson-10-umi-dekabr
[1] https://notorturetj.org/tj/news/mashvaratkhoi-khukukii-roygon-dar-shakhri-dushanbe
[2] https://notorturetj.org/tj/news/mashvaratkhoi-khukukii-roygon-dar-shakhri-bohtar
[3] https://notorturetj.org/tj/news/mashvaratkhoi-khukukii-roygon-dar-shakhri-huchand
[4] https://notorturetj.org/tj/news/takvimi-ruimizi-oid-ba-khukuki-inson-baroi-soli-2025
[6] https://notorturetj.org/tj/news/vebinari-khukuki-inson-nigokhi-chavoni
[7] https://notorturetj.org/tj/news/chavononro-ba-vebinari-khukuki-inson-nigokhi-chavoni-davat-mekunem