Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо!». Қиссаи Акмал Давлатов

26-уми июн дар тамоми ҷаҳон Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа қайд карда мешавад, ки соли 1997 аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ бо мақсади бартарафсозии шиканҷа ва таъмини фаъолияти самараноки Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи обруву эътибор ва ҷазо роҳандозӣ гардидааст.

15-уми июн Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба аксияи«Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!» оғоз мекунад, ки то 26-уми июн идома хоҳад ёфт.

Аз 15-уми июн сар карда, ҳар рўз мо барои шумо дар торнамо ва саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаи як қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро пешкаш менамоем.

Шумо чӣ кор карда метавонед? Метавонед дар шарҳи як ё якчанд қисса барои қурбони (ён)-и шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо сухани дастгирикунанда нависед. Инчунин, шумо метавонед дастгирии худро тариқи видеоролики кўтоҳ (на зиёда аз 2 дақиқа) нишон диҳед ва зери қисса Хэштеги #notorturetj гузоред ё ба суроғаи электронии Эътилоф notorture.tj@gmail.com фиристонеду ҳамзамон, қиссаро бознашр кунед.

Тамоми суханҳои дастгирикунандаро мо ба қурбониёни шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмонаву аъзои оилаи онҳо мебахшем ва инчунин, дар шакли маводи мултимедӣ дар торнамои Эътилоф ҷой медиҳем.

Қурбониёни шикандаро дастгирӣ менамоем! Беҷазоиро манъ мекунем!

 

5. Қиссаи Акмал Давлатов

17-уми апрели соли 2014 Фаррух Давлатов - сержанти қисми низомии 2850-и қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, мустақар дар ноҳияи Мастчоҳ, се нафар сарбози ҷавонро, ки рӯзона барвақттар ба қисми низомӣ гузаронида шуда буданд, наздаш хонда, фармон дод, ки қатор истанд ва баъд аз он ба қисмати шикамашон зарба заданро оғоз намуд.

Дар қатор Акмал Давлатов сеюм меистод. Аз як зарбаи сахт Акмал афтод ва нафасгир шуд. Ҳама хизматчиёни ҳарбӣ барои кӯмак ба сарбоз шитофтанд, аммо ҳамааш бефоида буд - ӯ нафастанг шудан гирифт. Акмал Давлатов дар роҳ ба беморхона фавтид. Тибқи хулосаи ташхисгарони судӣ-тиббӣ, марг дар натиҷаи хафагиршавии механикӣ фаро расидааст. Мувофиқи фарзияи тафтишот, зарба эҳтимолан баъди хӯроки бегоҳии сарбозӣ зада шудааст.

19-уми июни соли 2014 Суди ҳарбии Гарнизони Хуҷанд Фаррух Давлатовро ба муҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум кард.