Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
26-уми июн дар тамоми ҷаҳон Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа қайд карда мешавад, ки соли 1997 аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ бо мақсади бартарафсозии шиканҷа ва таъмини фаъолияти самараноки Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи обруву эътибор ва ҷазо роҳандозӣ гардидааст.
15-уми июн Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба аксияи«Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!» оғоз мекунад, ки то 26-уми июн идома хоҳад ёфт.
Аз 15-уми июн сар карда, ҳар рўз мо барои шумо дар торнамо ва саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаи як қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро пешкаш менамоем.
Шумо чӣ кор карда метавонед? Метавонед дар шарҳи як ё якчанд қисса барои қурбони (ён)-и шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо сухани дастгирикунанда нависед. Инчунин, шумо метавонед дастгирии худро тариқи видеоролики кўтоҳ (на зиёда аз 2 дақиқа) нишон диҳед ва зери қисса Хэштеги #notorturetj гузоред ё ба суроғаи электронии Эътилоф notorture.tj@gmail.com фиристонеду ҳамзамон, қиссаро бознашр кунед.
Тамоми суханҳои дастгирикунандаро мо ба қурбониёни шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмонаву аъзои оилаи онҳо мебахшем ва инчунин, дар шакли маводи мултимедӣ дар торнамои Эътилоф ҷой медиҳем.
Қурбониёни шикандаро дастгирӣ менамоем! Беҷазоиро манъ мекунем!
То анҷоми хизмати Фарухҷон Ҳайталиев 8 моҳ монда буд. Ӯ моҳи октябри соли 2014 аз ҷониби Комиссариати ҳарбии ноҳияи Темурмалик ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шуда, ба қисми низомии 2620-и қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ фиристонида ва баъдан ба қисми низомии 2847, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ аст, гузаронида шуда буд.
Дар давоми хизмат ӯ ва дигар хизматчиёни ҳарбии ҳамдаъваташ мунтазам ба латукӯб аз ҷониби ҳамхизматашон Алихон Туйчиев, ки 6 моҳ пеш аз онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват шуда буд, дучор мегардиданд.
11-уми январи соли 2016 ҳангоми гуфтугузор дар вақти машғулият дар бинои таълимӣ А. Туйчиев гӯё бо мақсади тарбият додан Ф. Ҳайталиевро бори дигар латукӯб кард. Ҳамон шаб, аммо дар сарбозхона сарбози собиқадор Фарухҷонро бо қундоқи автомат зад. Баъди ин латукӯбҳо ҷавон худро хеле бад ҳис мекард, ҳатто дар пой рост истода наметавонист ва дар сарбозхона хоб буд. Тамоми як ҳафта касе сарбозро ташхис накард ва ба ӯ кӯмаки тиббӣ расонида нашуд.
18-уми январ, вақте ки саломатии Фарухҷон тамоман бад шуд, ӯро ба бахши тиббии қисми низомӣ бурданд. 20-уми январ сарбоз аз дунё гузашт.
Моҳи майи соли 2016 хизматчии ҳарбӣ Алихон Туйчиев барои вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибати миёни хизматчиёни ҳарбӣ ва расонидани зарари барқасдонаи вазнин ба саломатӣ гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 14 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Ду афсар - сардори посгоҳи сарҳадии қисми низомии 2847-и қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, капитан Суфӣ Суфиев ва ҷонишини ӯ оид ба кор бо ҳайати шахсӣ, лейтенант Бобурҷон Ортуков барои сӯйистифода аз вазифа гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 4-солӣ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр аз озодӣ маҳрум карда шуданд.