Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
26-уми июн дар тамоми ҷаҳон Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа қайд карда мешавад, ки соли 1997 аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ бо мақсади бартарафсозии шиканҷа ва таъмини фаъолияти самараноки Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи обруву эътибор ва ҷазо роҳандозӣ гардидааст.
15-уми июн Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба аксияи«Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!» оғоз мекунад, ки то 26-уми июн идома хоҳад ёфт.
Аз 15-уми июн сар карда, ҳар рўз мо барои шумо дар торнамо ва саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаи як қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро пешкаш менамоем.
Шумо чӣ кор карда метавонед? Метавонед дар шарҳи як ё якчанд қисса барои қурбони (ён)-и шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо сухани дастгирикунанда нависед. Инчунин, шумо метавонед дастгирии худро тариқи видеоролики кўтоҳ (на зиёда аз 2 дақиқа) нишон диҳед ва зери қисса Хэштеги #notorturetj гузоред ё ба суроғаи электронии Эътилоф notorture.tj@gmail.com фиристонеду ҳамзамон, қиссаро бознашр кунед.
Тамоми суханҳои дастгирикунандаро мо ба қурбониёни шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмонаву аъзои оилаи онҳо мебахшем ва инчунин, дар шакли маводи мултимедӣ дар торнамои Эътилоф ҷой медиҳем.
Қурбониёни шикандаро дастгирӣ менамоем! Беҷазоиро манъ мекунем!
27-уми январи соли 2014 якчанд хизматчии ҳарбии нуқтаи назоратии саҳадии қисми низомии 2857, мустақар дар ноҳияи Спитамен, «бо мақсади тарбия додан» сарбозони ҷавонеро, ки аллакай ним сол хизмат карда буданд, қатор карда, ба гулӯ ва дигар аъзои бадани ҳар як сарбоз зарбаҳо мезананд.
Баъди латукӯб сарбоз Мақсуд Носиров дар ҳолати беҳушӣ меафтад ва ӯро ба қисми хобгоҳ мебаранд, ки ҳанӯз ба ҳуш наомада, дар онҷо вафот мекунад.
Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ, М. Носиров дар натиҷаи бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ, хунравии дохилӣ, даридани ҷигар, хунравии меъда ва ғ. ба ҳалокат расидааст.