Маҳбуси собиқ мехоҳад асрори зиндонҳоро фош кунад

Маҳбуси собиқ мехоҳад асрори зиндонҳоро фош кунад

Сайидалӣ Казаков, ки тоза аз зиндон раҳо шудааст, мегӯяд, дар бораи бархӯрди зиндонбонҳо бо маҳбусон гуфтаниҳо дорад.

Сокини шаҳри Душанбе Сайдалӣ Казаков, ки пас адои мӯҳлати ҳабс, яъне 7 солу 7 моҳ аз маҳбаси рақами аввали пойтахт баромад, мегӯяд, нозирони зиндон бо истифода аз номи президент ва раҳбарони дигар маҳбусонро шиканҷа медиҳанд.

Сайдалӣ, ки рӯзи 8 октябр озод шуд, гуфт, бадрафтории нозирону кормандони маҳбас ва шиканҷаву озоре, ки онҳо дар нисбати маҳбусҳо раво мебинанду беҷазо мемонанд, ӯро маҷбур кардааст ба воситаҳои ахбори умум муроҷиат кунад ва барои ин ба идораи Радиои Озодӣ биёяд.

Ҷаноби Казаков дастону сари худро нишон дода мегӯяд, ки бар асари латукӯб аз тарафи кормандони маҳбас захмӣ шудааст. Ба қавли ӯ, дар дохили маҳбас ду корманде ҳастанд, ки бо роҳи таҳқир маҷбур мекунанд маҳбус вокуниш кунад ва ӯро ба ШИЗО ё ҳуҷраи ҷаримавӣ баранду латукӯб кунанд ва дар ивази раҳоӣ аз наздикони ӯ пул гиранд:

«Дар маҳбас ду нозире ҳастанд, ки яке "Убайд-ҷаллод" ном дораду дигаре "Акбар". Онҳо ҳамчун нозирони маҳбаси рақами аввал дар ивази иддаои маҳбус мегӯянд, онҳо аз Данғара ҳастанд ва хешу табори президент Эмомалӣ Раҳмонанд ва ҳар коре ҳам кунанд, беҷазо хоҳанд монд. Баъзеи дигар аз ходимони маҳбас худро ҷияни Иззатулло Шарифов муаррифӣ карда, мегӯянд, ки Иззатулло аз наздикон ва ҳамшаҳрии президент аст ва ҳеҷ кас наметавонад зидди онҳо кореро анҷом диҳад»,-мегӯяд Сайдалӣ Казаков.

Ба нақли Казаков, маҳбусҳо дар баробари бадрафториҳои нозирони маҳбас бечораанд ва касе ба доди онҳо расида наметавонад. Бо истифода аз ин ҳолат ҳатто нозирони маҳбас ҳангоми ба мулоқот омадани волидон арз медоранд, ки писараш ё падараш дар маҳбас ҷинояти нав кардаасту ба ШИЗО кашида мешавад ва барои он, ки ӯро ба ШИЗО набаранд, ришва додан зарур аст. Онҳо барои ин иқдоми худ то 100 ва 200 доллар талаб мекунанд. Дар зимистон нархи ришваи ШИЗО афзоиш дода мешавад, зеро ҳуҷраҳои ҷаримавӣ, ба гуфтаи Сайдалӣ, хунуктар мешаванд ва ба онҳо хлор мезананд.


​​Сайдалӣ Казаков мегӯяд, дар маҳбасе буд, ки дар он Ҳамза Икромзодаи 27-сола рӯзи 20-уми сентябр фавтид. Икромзода ду сол пеш бо иттиҳоми авбошӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буд. Вай меафзояд: «Чанде пештар маҳбус Ҳамза Икромов, ки бо мо давраи адои ҷазояшро дар маҳбаси рақами аввал мегузаронид, бо баҳонаи ин, ки бо коргарони зиндон зӯрӣ мекардааст ва онҳоро ҳақорат медодааст, ба ШИЗО бурданд ва аз наздиконаш пурсиданд, ки 2 ҳазор доллар биёранд, баъд ӯро аз ШИЗО раҳо мекунанд. Лекин чанд рӯз нагузашта, нозирони маҳбас гуфтанд, ки гӯё худашро дор кашидааст. Вай бисёр бачаи ором ва намозхон буд, вайро ба ҳадде латукӯб карданд, ки аз ШИЗО набаромада, ҷон додааст». 

Ба қавли Сайдалӣ, як нозири маҳбас Анвар Салимов бо иттиҳоми ришваситонӣ аз зиндониён ба маҳбас кашида шудааст, худ эътироф кард, ки танҳо акнун ба вазъи бади маҳбусон сарфаҳм рафтааст. Ҷаноби Казаков мегӯяд, бар асари латукӯб ва шиканҷаи нозирон як зиндонӣ бо номи Ҳусейн Душаков, ки бо ҷурми ҳамкорӣ бо "Ҳизб-ут-таҳрир" адои ҷазо мекард, кушта шуд. Вай меафзояд, ки нозирони маҳбасҳо беш аз ҳама ба сари зиндониён зарба мезананд.

Ҳоло Сайдалӣ Казаков мехоҳад, ки доир ба вазъи маҳбсаҳо як нишасти матбуотӣ баргузор кунад ва воқеияти аслро доир ба паси панҷара кушоду рӯшан нақл кунад.

Сайдалӣ Казаков 23 марти соли 2005 бо ҷурми тамаъҷӯӣ ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ муҳокима ва зиндонӣ шуд. Намояндаи раёсати Вазорати адлияи Тоҷикистон дар умури маҳбасҳо тасдиқ кард, ки ҷаноби Сайдалӣ Казаков аз моҳи марти соли 2003 то 8-уми октябри 2012-ро дар зиндон ба сар бурда, дар ин муддат борҳо қоидаҳои маҳбасро вайрон карда ва барои ин ба ҷазо кашонида шудааст.

Масъулони Вазорати адлияи Тоҷикистон мавҷудияти шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои кишварро рад мекунанд, аммо мегӯянд, «кор бе камбудӣ» намешавад. Генерал Иззатулло Шарифов, раҳбари Сарраёсати зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 28-уми сентябр гуфт, ки вазъи муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна беҳтар аст ва ба таъкиди вай, ин нуктаро ҳатто Хуан Мендез, гузоришгари вижаи СММ дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон низ баён кардааст.

Аммо муовини вазири адлияи Тоҷикистон ҳодисаи ахир дар зиндони шумораи 1-и шаҳри Душанберо як амалӣ тасодуфӣ арзёбӣ кард ва гуфт, ки Ҳамза Икромзода даст ба худкушӣ задааст. Ба таъкиди генерал Иззатулло Шарифов, дар ҳоли ҳозир Додситонии кулли Тоҷикистон ин қазияро таҳқиқ дорад ва ҳамаи маҳбусон ва маъмурону масъулони зиндони шумораи 1-и шаҳри Душанбе мавриди бозпурсии гурӯҳи тафтишотӣ қарор доранд.

 Манбаъ: Ozodi

 

Маҳбуси собиқ: "Аз зиндонҳо касе солим бадар намеравад"

Як маҳбуси собиқи зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе мегӯяд, ки мавориди шиканҷа ва озору азияти маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон ба таври густарда вуҷуд дорад.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти зидахл мегӯянд мавориди шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон камтар ба мушоҳида мерасад ва вазъи зиндониён чандон нигаронкунанда нест.

Саидалӣ Казаков, ки баъд аз адои ҷазои беш аз 7-солааш аз зиндон озод шудааст, мегӯяд бештари зиндониён муътақиданд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазъияти онҳо ва мавориди озору шиканҷаи зиндониён эҳтимолан хабар надорад.

Оқои Казаков рӯзи ҷумъаи 12 октябр дар мусоҳиба бо Заринаи Хушвақт, хабарнигори Би-би-сӣ гуфтааст, ки зиндон дар Тоҷикистон маконе нест, ки он ҷо зиндониён тарбияти дуруст бигиранд ва ба зиндагии маъмулӣ сиҳату саломат бозгарданд.

- Лутфан бигӯед, ки барои кадом ҷурм Шумо равонаи зиндон шудед?

- Ман ҳафт солу ҳафт моҳ дар зиндон будам. Рустам Ҳайитов бо лақаби "Хаммер", ки ҳоло дар зиндон аст, барои 24 сол, Эраҷ Гадоев барои қочоқи маводи мухаддир дар кофтукови ҷиноӣ қарор дорад ва маро барои тамаъҷӯйӣ, ки гӯё ман муртакиб шудаам, маҳкум ба зиндон карданд.

Ҳоло баъд аз озодӣ (масъулони зиндон) маро ҷинояткори аршад эълом кардаанд. Рустам баъд аз зиндонӣ шудан аз ман узр пурсид ва гуфт, ки туро бегуноҳ шинондам ва барои ҳамин худам ҳам ҷазо дидам.

Мисли он ки Шумо чанд рӯз қабл аз зиндон озод шудед. Лутфан, бигӯед, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон як фард метавонад тарбияти хуб бигирад ва ба зиндагии маъмулӣ солиму бегуноҳ бозгардад?

- Не! Шахсан, ман чанд рӯз, ки дар озодӣ ҳастам, шабҳо маро модарам аз хоб ба хотири он? ки дар хобам дод мегӯям (фарёд мезанам), бедор мекунад. Ман тӯли ҳафт сол дар зиндон ба бемории бронхит гирифтор шудам ва психикаам (вазъи равониям) ҳам хуб нест.

То ҳол сарам шадидан дард мекунад. Он ҷо (дар зиндон) намешавад, ки инсонро тарбият кунанд ва ё аз зиндонҳои Тоҷикистон касе саломат барояд.

Бахусус дар он ҷое, ки ман се сол нишастам, зиндониҳои ашаддиро мешинонанд. Маро он ҷо, ки "спетсбут" меноманд, шинонданд, ҷое ки одамҳои пожизненно (маҳкум ба ҳабси абад)-ро мешинонанд. Масалан Суҳроб Лангариев ва Ғаaфор Мирзоев он ҷо ҳастанд.

Дар он ҷо беш аз 70 касе ки бо ман нишаста (маҳбус) буданд, бештарашон ё дар маҳбас ва ё баъд аз озод шуданашон вафот карданд. Ин як қисми сизои (боздоштгоҳ) шумораи як аст, ки худи кормандони зиндон онро "ресторани ором" меноманд.

Чаро онҳо аз ин қисмати зиндон чунин ном мебаранд?

- Барои он ки он ҷо ки рафтӣ, барнамегардӣ! Худи посбонҳои зиндон моро "ҳа, дӯзахиҳо" гуфта ном мебаранд. Мақсад, замоне ки кормандони зиндон он ҷо даромаданд, бояд оромӣ бошад ва садои маҳбус набарояд. Он ҷо режими ҳаққонӣ аст.

Дар зиндон бо Ғаффор Мирзоев бори охир кай рӯ ба рӯ шудед?

- Дар моҳи январи соли 2011, замоне ки маро аз он ҷо ба макони дигар мебурданд, ман бо Ғаффор Мирзоев рӯ ба рӯ шудам. Вале маро як моҳи дигар, яъне бо вуҷуди ба охир расидани замони маҳкумиятам дар ин қисмати зиндон нигоҳ дошта ва танҳо дар моҳи феврали имсол аз ин қисмати зиндон бароварданд.

Вале замоне ки маро аз ин қисмат, яъне аз "спетсбут" ба дигар ҷо гузаронданд, ба ман ҳушдор доданд, ки "гапҳое аз ин ҷо набарояд, гапҳои спетс-критийро (селули махсус) ба ягон ҷо набар, ки дубора ҷоятро ҳамин ҷо мекунем". Ман ҳам ваъда додам, ки хомӯш мемонам.

Вале ба хотири чи Шумо ин ҳарфҳоро имрӯзҳо ба расонаҳо мегӯед?

- Дилам ба модароне, ки фарзандонашон дар зиндонҳо ҳастанд ва омада, мурдаҳои фарзандонашонро аз он ҷо мегиранд, месӯзад. Дар он ҷо шиканҷа зиёд аст. Барои беҳтар фаҳмидани вазъияти он ҷо бояд зиндон равӣ.

Бо пайвандонатон дар ин муддат мулоқотҳо анҷом медодед?

- Дар шаш моҳ як бор ман бо ягон нафар аз аъзои хонавода барои 20 дақиқа мулоқот мекардам.

- Шумо, ки беш аз се сол дар ин қисмати зиндон, ки Шумо онро "спетсбут" меномед, нишаста будед, оё дар ин муддат намояндагони созмонҳо ва ё кормандони додситонӣ ё фарди дигаре барои пурсидани аҳволи зиндониён ба ин макон меомаданд?

- Не, не! Касе намеомад. Он ҷо Анвар Салимов пракурор (додситон) буд, ки меомад ва аз назди дар мегуфт, ки "ба ман ҳама чизро гӯед, вале дар мавриди задантон (латукӯб) ба ман чизе нагӯед, ман медонам, ки шуморо мезананд". Ман гуфтам, модоме медонед, ки мезананд, чаро коре намекунед? Вай мегуфт, ки "сар ба сар нашавед, вақташ биёяд баъд...".

Баъдан худи вайро барои гирифтани пора (ришва) ба 8 соли зиндон маҳкум карданд. Вақте ки мо ба вай нома навиштем ва гуфтем, ки "ана худат фаҳмидӣ?", ҷавоб дод, ки "ман нав фаҳмидам, ҳоло озод шавам...".

Саидалӣ, агар ҷавонон ин мусоҳибаро бихонанд ва мушкили зиндонро фаҳманд, Шумо чи машварате ба онҳо медиҳед? Чи кор кунанд, то ба зиндон наафтанд?

- Ростӣ, дар суҳбатҳое, ки бо бисёре аз зиндониён доштам, ба хулосае омадам, ки 70 дар сади афроде, ки имрӯз дар маҳбасхона ба сар мебаранд, тақрибан бегуноҳ зиндонӣ шудаанд.

Бисёриҳо мегуфтанд, ки барои таҷовузи духтаре онҳоро маҳкум кардаанд, вале онҳо мегуфтанд, ки ин корро накардаанд. Ё як нафарро барои дуздидани як сигарет ва нафари дигареро барои дуздидани сад ҳазор (сомонӣ?) маҳкум ба зиндон кардаанд.

Барои мисол, ман духтарбозӣ намекунам, вале агар лозим бошад, барои таҷовуз метавонанд маро бадном ва дар маҳбас маҳкам кунанд.

Дар оянда дар озодӣ чи кор мехоҳед бикунед?

- Ман то ду моҳ бояд табобат гирам. Ман қариб буд дар зиндон (ба) бемори сил (мубтало) шавам. Он ҷо камераҳои (селулҳои) намнок аст ва ба вазъи саломатиам таъсири бад расондаанд.

Маро махсус дар камераҳо бо зиндониёне, ки силкасал буданд, шинонданд. Вале шукронаи он, ки ман сигарет намекашам ва машқ мекардам, (вазъам) то ба бемории сил нарасид. Баъдан мехоҳам ягон кишвари хориҷӣ равам.

Ҳудуди як моҳ қабл аз зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе ҷасади Ҳамза Икромзода ба пайвандонашон супурда шуд. Волидони вай гуфтанд, ки фарзандашон дар зиндон шиканҷа шудааст. Дар ин бора чи назар дорӣ? Оё дарвоқеъ зиндониён дар маҳбас латукӯб мешаванд?

- Он ҷо ҳамеша касеро мезананд. Милисаҳо (нозирони зиндон) то як бор назананд, ором намешаванд. Онҳо касал ҳастанд, таҷрубаи ҳуқуқӣ надоранд. Бисёрашон дар донишгоҳҳои ғайриҳуқуқӣ таҳсил кардаанд. Духтурҳои (пизишкони) зиндон бештарашон ветиринар (байтор) ҳастанд.

Аксари кормандони зиндон аз ноҳияи Данғара ҳастанд. Фарзи мисол Шерафкан, Рустам, Музаффар, Убайд ва Акбар дар "спетс-критий", инҳо ҳама зодаҳои Данғара ҳастанд. Маро ҳам гуфтанд, ки ту аз Данғара ҳастӣ, биё биху(р), бугард. Лекин ман гуфтам, ки зодаи Душанбе ҳастам.

 Оқои Казаков мегӯяд, ки ба нишони эътироз ба хушунат дастонашро бурида ва ба кормандони зиндон гуфтааст, ки худкӯшӣ мекунадКормандони он ҷо бо маҳбусон чун бо ҳайвон рафтор мекунанд. Мегӯянд, ки аввал чанг аст, баъд шумо. Маҳбус дар боварӣ нест. Шумо мурдед ҳам, барои шумо дар 25 дирам, ки нарх доред, ҳуҷҷат пур мекунем.

Яъне мо барои онҳо одам нестем. "Куҷое ки сад даъво кунӣ, мо худамон ҳамаша ҳал мекунем". Онҳо мегуфтанд, ки "ту ин қадар зӯр мебудӣ, аз сари суд (додгоҳ) мерафтӣ!". Ҳамин хел ки метарсонанд, маҳбусон метарсанд ва гап намезананд.

Ин рӯзҳо баъди суҳбати ман бо рӯзноманигорон аз зиндон ба ман маҳбусон телефун мезананд ва мегӯянд, ки "эй бача, ту наметарсӣ?". Ман гуфтам, ки ман ҳеҷ ҷиноят накардаам. Вале зиндониён мегӯянд, ки "ту бар муқобили боло баромадӣ!".

Ман гуфтам, ки муқобили боло набаромадам, шояд ҷаноб (Президент Раҳмон) дар ин бора надонад, шояд ба ҷаноб (раиси ҷумҳурӣ) гузориши нодуруст баранд. Шиканҷа он ҷо зиёд аст.

Шумо бо Ҳамза аз наздик ошно будед?

- Ман бо Ҳамза нону намакхӯр будем. Ва касе, ки аз дарун (зиндон) ӯро ҳимоят мекард ва дар бораи ҳодиса гап мезад (шаҳодат медод), як зиндонӣ бо номи Абдурашид буд, ки парерӯз вафот кард.

Ӯро се бор аз мақомоти зиндон даъват карда, гуфтанд, ки ҳамааш гуноҳи ту аст. Аз ҳамин ҷо нишаста, ба берун хабар медиҳӣ. Вай дилаш зад ва фишори хунаш баланд шуд. Ва ду рӯз пеш гузашт.

Вақте ки Абдурашид дар зиндон ба ман гуфт, ки "ту бисёр чизро, ки бо Ҳамза гузашт, ин ҷо дидӣ" ва аз ман хоҳиш кард, ки ман ҳам дар бораи Ҳамза нишондод (шаҳодат) диҳам.

Ман гуфтам, ки барои баромади ман аз зиндон чанд рӯз боқӣ мондааст. Агар ин ҷо дар бораи Ҳамза нишондод диҳам, маро пахш (саркӯб) мекунанд, алайҳи ман бо баҳонае парванда боз карда ва муҳлати маҳкумияти маро зиёд мекунанд.

Ва қарор кардам (тасмим гирифтам), ки ба озодӣ мебароям ва воқеъиятро ифшо мекунам. Барои ҳамин, аз зиндон, ки берун омадам, як рӯз дар хона намондам ва қарор додам, ки ҳақиқатро мегӯям.

Вале қазияи Ҳамза чӣ?

- Ҳамзаро мезаданд. Ҳамон шабе, ки ман ба ҳоҷатхона мебаромадам, он ҷо ҷанг шуд ва мо дидем, ки ӯро зада-зада бурданд. Саҳар раҳбари навбатдорони зиндон, ки донишгоҳи варзишро тамом кардааст, дастонаш баста буд ва ман гуфтам, ки "задӣ бачая?".

Ман хуб медонам, зеро худамро се бор зада ва беҳуш карда буданд. Вале ман, ки бақувват будам, тоқат кардам. Лекин Ҳамзаро чунон задаанд, ки ҷигараш кафид. Сипас диданд, ки мурдааст, тарсиданд ва ба баданаш оби гарм монда, мехостанд росташ кунанду вайро ба дор овезанд, ки мақсад (манзур) худашро куштааст.

Милисаҳо (нозирони зиндон) гуфтанд, ки "ҳамаш тинҷ (ором) шуд, мо тинҷаш кардем. Пул ҳама чизро ҳал мекунад". Масалан, зинда бошад, шикоят мекунад. Шиканҷа дар зиндон кам нашудааст. Кумисиюн меояд, онҳо зиндониёнро махсус омода мекунанд, ки ба намояндагон аз тарсашон бигӯянд, ки "ҳамааш тинҷ (ором) ва хуб" аст.

- Вале ба назари Шумо, намояндагони кумисиюнҳо чи тавр бояд бо зиндониён суҳбат кунанд, ки маҳбусон тавонанд ҳақиқатро бигӯянд?

- Якум ин ки намояндагони кумисиюнҳо бояд дар бехабарӣ (бидуни огоҳ сохтани зиндонбонҳо) ба зиндонҳо биёянд. Яъне ба масъулон чизе нагӯянд, то онҳо махсус омодагӣ набинанд ва дар чунин вазъ агар намояндагон биёянд ва бо маҳбусон дар танҳоӣ суҳбат кунанд, шояд онҳо тавонанд ҳақиқатро бигӯянд.

Ҳамаи кормандони зиндон он ҷо набошанд. Ва баъд "шизо" (утоқҳои ҷаримавӣ) дароянд, бинанд, ки чи тавр бегуноҳҳоро он ҷо мешинонанд. Масалан Рафаел Мақсудов, ки ҳоло он ҷо нишастааст, вай ҳам ҳоло шикоят аз зиндонбонҳо мекунад. Вай ба унвони шоҳид дар қазияи Ҳамза аст. Масъулони зиндон ба вай ҳудуди 400 сомонӣ пул пешниҳод кардаанд, ки вай хомӯш бошад. Лекин Рафаел аз ин пул даст кашидааст.

Аз Шумо ҳам пул дархост мекарданд?

- Не! Зеро ки ман аз аввал пул намедодам ва онҳо медонистанд, ки ман ба онҳо пул намедиҳам ва маро тарсонда наметавонанд. Ҳарчанд пештар маро ҳам хеле мезаданд ва ман ҳатто як бор дастҳоямро буридам ва гуфтам, ки агар боз маро латукӯб кунанд, худамро мекушам.

Бисёре аз одамҳо аз рост гуфтан метарсанд. Лекин тарсидан лозим нест, ҳақиқатро бояд гуфт, ки шояд то гӯши ҷаноб (раиси ҷумҳурӣ) бирасад ва кор дигар хел шавад.

- Вале гуфта мешавад, ки барои ҷилавгирӣ аз эъмоли хушунат алайҳи зиндониён дар бисёре аз зиндонҳои Тоҷикистон дурбинҳои (камераҳои) вижа насб кардаанд. Оё дар зиндони Шумо ҳам чунин дурбинҳо буданд?

- Камераҳо дар назди дарҳои даромад ҳастанд. Вале дар он ҷое, ки зиндониёнро мезананд, дар он ҷо камера нест. Дар дохили "шизо" ин камераҳо нест ва агар бошад ҳам, рӯяшро маҳкам мекунанд (мепӯшонанд).

Зиндониёне, ки хушунат дидаанд, дар маврди сиёсати имрӯзии давлат чи ақида доранд?

- Хушунат ва шиканҷа дар зиндон дили бисёре аз маҳбусонро аз давлат сард кардааст. Мо фикр мекунем, ки дар боло, яъне ҷаноб (раиси ҷумҳур), дар ин бора иттилоъи дақиқ надорад. Вале фаразан ман худам ҳоло агар милисаро бо пӯшиши вижаашон бинам, ваҳшатзада мешавам.

Як рӯз яке аз хешовандонам, ки милиса (пулис) буду ба манзил бо либоси низомӣ омад, ман аз модарам хоҳиш кардам, ки либосашро иваз кунад ва баъд наздам дарояд.

Сипос барои сӯҳбат.

Манбаъ: http://www.bbc.co.uk/tajik