Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзи июнӣ аз субҳ гарм буд. Дилором бо духтари хурди худ барвақт ба бозор рафт, барои пешвоз гирифтани меҳмонон тамоми чизҳои лозимаро харидорӣ кард. Он рӯз ба хонаи онҳо бояд хешовандонашон меомаданд. Барои ҳамин, ӯ кӯшиш мекард, ки аз анвои дар рӯйхат қайдкардаашон чизеро фаромӯш накунад. Зеро, тавре дар Шарқ анъана аст, дастурхон бояд пур бошад. Дар роҳ ба хона, ба дорухона даромад ва доруҳои заруриро барои писари миёнааш, ки бо сабаби вазъи саломатӣ аз хизмат ба муҳлати 10 рӯз рухсатӣ фиристода буданд, харидорӣ намуд.
- Писари калониам Фирдавс чи хеле ки имрӯз занг назад,- фикр кард ӯ.
Фирдавс Раҳматови 22-сола, донишҷӯи курси 4-уми шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, аллакай «баъди панҷ дақиқа» мутахассис оид ба телекоммуникатсия, 7-уми майи соли 2015 ба чанги «облава» афтод. Волидонаш аз комиссари ҳарбӣ хоҳиши ба таъхир гузоштани даъватро карданд, чун он замон писари дуюмашон дар сафи артиш хизмат дошт. Вале бефоида. Гуфтан дар мавриди он, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ «облава» кардаву ваколатҳои худро бештар намуданд ва волидон тарсиданд - боз аз ин бадтар нашавад… Зарур омад, ки ӯро ба хизмат гусел намоянд. Писари онҳо забони русиро хуб медонист, бо таҷҳизоти компютерӣ озодона кор мекард. Ба ҳамин хотир, аллакай баъди ёд кардани қасамӣ ҳарбӣ ӯро дар қисми низомии 04080-и неруҳои замингарди Вазорати мудофиа дар Конибодом котиб гирифтанд. Вале ана ҳамон ҷо ҳама чиз оғоз шуд - сарбозони зиёда аз як сол хизматкарда ба ин навдаъватшуда ҳасад бурданд, чун нав ба хизмат пайваставу ба назари онҳо, аллакай дар мавқеи хоса қарор дошт.
Барои куҳнасарбозон лаҳзаи мувофиқ фаро расид - оғози моҳи июн хизматчиёни ҳарбиро барои як ҳафта ба майдони таълимӣ ба Исфара бурданд. Рӯзи якшанбе буд. Навбатдори қисм ва дигар афсароне, ки барои интизом ва назорати тартибот дар майдон уҳдадор буданд, бо вайрон намудани оинномаҳои амалкунанда, сарбозонро гирд оварда, қарор доданд «маросим»-и «Саф кашед!» гузаронанд. Баъди нисфирӯзӣ 23 нафар навдаъватшударо ҷамъ оварда, 100 метр дуртар аз видеокамераҳои назоратӣ, назди теппаҳо бурданд. Як «бобо» гирду атрофро зери мушоҳида гирифт ва ду нафари дигар ҷавононро қатор карда, бо навбат ба латукӯби онҳо оғоз намуданд - ба шикам, ба гулӯ бо пой ва қундоқи автомат. Миёни навомадаҳо ҷавони ҷуссааш бақувват ҳам буд, паҳлавони ҳақиқӣ, аммо ӯ ҳам аз «чашидани» як зарба ба беҳушӣ афтод. Вале «бобоҳо» натарсиданд, ба рӯяш об пошиданд, ба рухсораҳояш торсакӣ заданд ва чун ба ҳуш омад, ӯро боз ба «қатор» дароварданд.
Баъд онҳо қарор доданд чор нафар наваскарро, ки «зери таваҷҷуҳ» буданд, ҷудо намоянд ва онҳоро бо усулҳои махсус ҷазо диҳанд. Миёни онҳо Фирдавс ҳам буд. Пас аз зарбаи навбатӣ ӯ афтод, бо садои хирросӣ шиква кард, ки нафасгирӣ барояш мушкил аст ва ҳоло мемирад, аммо дар ҷавоб посухи кӯтоҳе шунид: «Воҳима накун, кӯдак». Латукӯби ӯро идома доданд ва Фирдавс аз ҳуш рафт. Кадоме аз навдаъватшудагон фарёд зад, ки кӯмаки фелдшер лозим аст, аммо нагузоштанд табибро даъват кунад. Бист дақиқа мунтазир истоданд, аммо ҷавон ба ҳуш наомад. Баъд қарор доданд, ки аз пайи ёрии тиббӣ шаванд. Духтур марги сарбозро иқрор кард. «Бобоҳо» ба навдаъватшудаҳо ҷиддану қатъиян таъкид намуданд, ки дар бораи ҳолати воқеии рухдода нақл накунанд. Фавран афсона «бофтанд» - гӯё Фирдавс афтодаву ба ҳалокат расид.
Сардорҳо қарор доданд ҷасади сарбозро ба хонаашон шабона бубаранд, то ғазаби одамонро наоранд.
… Вақте ки Дилором бо шавҳараш барои гусели меҳмонон ба ҳавлии «чорошёнаҳо» баромаданд, ҳаво аллакай нимторик буд. Хурсандона бо меҳмонон хайрухуш карданд, бо ҳамсояҳое, ки назди ҳавлӣ нишаста буданд, саломуалейк намуданд, аммо онҳо ба Дилором бо авзои аҷиб менигаристанд… Дар дилаш ташвиш афтод ва ӯ дигарбора фикр кард: «Охир, Фирдавс имрӯз то ҳол занг назад». Вале ӯ ҳама фикрҳои нохубро аз сараш дур кард. Ба хона даромаданд, якҷоя ҳама ашёи болои мизро ғундошта, ба хоб кардан тайёрӣ диданд. Ногаҳон, тақ-тақи ғайриинтизори дар, гӯё он нафароне, ки аз пушти дар истодаанд, бо пайки на он қадар хуш омадаанд. «Писаратон Фирдавс мурд. Ана ин ҷасадаш»,- ин суханҳоро Дилором гӯё дар хоб мешунид. «Чӣ хел?? Барои чӣ??»,- пичиррос зад ӯ ва беҳуш шуд.
Аз он рӯз як соли расо гузашт, аммо қалби захмини модарии ӯ дигар оромӣ надорад ва дар рӯйи замоне малеҳаш акнун нишонаи ғам нақш бастааст. «Он шаб писари маро бо сарулибоси нав оварданд, зеро либоси худаш ғарқи хун буд. Намояндагони ҳукумат, комиссариати ҳарбӣ, ҳамсояҳо, милитсия ва ёрии таъҷилӣ ҳузур доштанд. Ҳамсояҳо аллакай рӯзона аз ҳодиса огоҳ шуда будаанд, аммо ба қароре омада натавонистаанд, ки ба ман гӯянд. Ҳама аз чизи дидаашон дар ҳаяҷон буданд. Сари писарам бо халтаи селофании сиёҳ баста ва аз болояш кӯлоҳ пӯшонида шуда буд. Тамоми баданаш дӯхта шуда буд. Яъне, онҳо ташхисро бе иҷозати мо гузаронида буданд. Куртаашро бароварда, аз даҳшат шах шудем - тамоми бадан пур аз доғҳои хунин, дар як ҷой ҳатто изи мӯза монда буд»,- нақл мекунад Дилором, ашкашро нигоҳ дошта натавониста.
Модар то ба ҳо боварӣ надорад, ки Фирдавс алакай нест
Рӯзи дигар сардорҳои қисми ҳарбӣ ба ҷаноза омаданд. Модар бо пурсишҳои зиёд ба онҳо дарафтод, ки чи тавр миёни хизматчиён ба ин кор роҳ додаанд? Аммо онҳо танҳо гуфтанд, ки гӯё он рӯз хеле гарм буд ва писарашон офтоб хӯрдаву афтода, мурдааст.
«Дар хулосаи духтур низ ҳамин чиз навишта шуда буд. Мо қарор додем, ки ин корро ҳамин хел гузоштан лозим нест ва баъди гӯронидани писарам шавҳарам барои навиштани ариза ба Прокуратураи ҳарбӣ рафт. Тафтишот оғоз шуд. Баъди ҳар ду рӯз мо мерафтему ба рафти тафтишот таваҷҷуҳ мекардем. Аммо, аз рафти тафтиш норозӣ шуда, ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат кардем. Онҳо намояндаи худро фиристоданд. Тафтишот як моҳ давом кард».
Бисту ду наваскар ҳамчун ҷабрдида гузаштанд. Нисбати се ҳамхизмати сарбоз - ду сержант ва як сарбози қаторӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Барои муносибати хунукназарона ба вазифаҳои хизматӣ се афсари қисми низомӣ низ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, аммо баъдтар онҳоро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карданд. Духтури қисми низомӣ ҳам, ки оид ба сабабҳои марг хулосаи бардурӯғ дода буд, ба ҷавобгарӣ ҷалб карда нашуд.
Назди қабри писар...
Дар ниҳоят, 1-уми октябри соли 2015 суд сержантҳо Раббонӣ Сулаймонов ва Комрона Раҳимовро ба 18 ва 17,5 сол, сарбози қаторӣ Айём Назаровро ба муҳлати 17 сол бо иҷрои ҷазо дар колонияи низомаш пурзӯр аз озодӣ маҳрум кард.
5-уми августи соли 2016 бошад, дар бинои Суди ҳарбии гарнизони Душанбе барои баррасии аризаи волидони хизматчии ҳарбӣ Фирдавс Раҳматов мурофиа баргузор шуд. Суд аризаи Раҳматовҳоро қисман қонеъ карда, барои пардохти 5 ҳазор сомонӣ, ҳудуди 700 доллари ИМА ҷубронпулии зарари маънавӣ ба волидони сарбози фавтида аз ҷониби Вазорати мудофиаи Тоҷикистон қарор баровард. Адвокатҳо вобаста ба Қарори Суд шикояти кассатсионӣ овардаанд.