Дилшод Ҷӯраев: «Барои чӣ ман ҳимоятгари ҳуқуқ шудам? Шояд ба таври дигар ҳам буда наметавонист. Ман боварӣ дорам, ки инсон лоиқи эҳтиром ба дунё омадааст ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши воло ба шумор мераванд.
Дар фаъолияти худ зиёд бо нақзи ҳуқуқи инсон, баъзан хеле даѓалона, дучор мешавам. Кӯшиш мекунам, ки таҷрибаву дониш ва меъёрҳои қонунгузориро истифода барам, то ҳуқуқҳои нақзшударо барқарор намоям. Ва ман мебинам, ки чӣ тавр дар кишварамон вазъият таѓйир меёбад. Чӣ тавр адвокатҳо таҷрибаи судиро иваз мекунанд, чӣ тавр қонунгузорӣ амалӣ мегардад, чӣ тавр муносибати давлат бо шаҳрвандонаш таѓйир меёбад. Ана ҳамин аст кори ҳимоятгари ҳуқуқ - хеле душвор, баъзан хатарнок, аммо кори самаранок».