- Ман бо волидони кӯдакони маъюб муошират карда, ба хулосае омадам, ки марказе таъсис додан зарур аст, то падару модари кӯдакони бо имкониятҳои маҳдуд тавонанд дар масоили иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ маслиҳат гиранд ва дастгирии равонӣ дарёфт намоянд. Махсусан огоҳӣ надоштани волидон аз маҷмуи меъёрӣ-ҳуқуқи ҳимоякунандаи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони маъюб дар Тоҷикистон ба он оварда мерасонад, ки чунин кӯдакон ба фазои иҷтимоиву таълимӣ фаро гирифта нашудаанд ва тарзи истеъмолии зиндагиро пеш мебаранд. Барои тағйир додани ин вазъият ташкилоти мо дар якҷоягӣ бо эътилофи миллии ташкилотҳои ҷамъиятии волидони кӯдакони бо имкониятҳои маҳдуд бюллетенҳои иттилоотӣ ва брошюраҳоро тақсим мекунад, ки дар онҳо маҷмуи қонунгузорӣ дар самти маъюбӣ инъикос ёфта, чорабиниҳои адвокатӣ (ток-шоу, телемарафонҳо, «Дарсҳои некӣ» дар мактабҳо ва ғайра) гузаронида мешаванд ва тавассути онҳо аҳли ҷомеа бо зиндагии кӯдакони бо имкониятҳои маҳдуд, бо ҳуқуқҳои онҳо дар ҳама самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ шинос шуда, муносибати худро нисбати ин гуна кӯдакон ба таври мусбат тағйир медиҳанд. Худи кӯдакон ва волидони онҳо бошанд, ба худ боварӣ пайо карда, сатҳи худбаҳодиҳияшонро боло мебаранд.