Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
- Ман барои ҳуқуқи инсон тариқи воситаҳои мусолиматомез - бо қонунҳо, маълумоти ҳуқуқӣ, иттилоотонии аҳолӣ ва ҳамкорӣ бо мақомот мубориза мебарам.
Ҳадафи ман кўмак ба одамон, ба даст овардани адолат, барқарор намудани ҳуқуқҳои нақзшуда, каме ҳам беҳтар кардани зиндагии одамон аст.
Кор кардан ба ҳайси ҳимоятгари ҳуқуқ хеле душвор аст. Дар ин самт пеш аз ҳама, сарфи назар аз душвориҳо, инсон будан, гум накардани қобилияти ҳамдардӣ, иштирок ва бовар кардан, ки ҳаёт ба самти беҳтар тағйир меёбад, лозим аст.
Ман мебинам, ки ҳамкоронам - ҳимоятгарони ҳуқуқ бо чӣ мушкилот, душвориҳо ва фишор рў ба рў мешаванд. Ва ман сидқан шодмонӣ мекунам, ки сарфи назар аз ҳама чиз, мо муборизаи мусолиматомези худро идома медиҳем, аз ҳар як барор, аз ҳар пешравие, ки дар навбати худ ба вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварамон таъсири мусбат мегузорад, хушҳолӣ мекунам.
Ман ифтихор мекунам, ки дар ин тағйиротҳои мусбат ҳимоятгарони ҳуқуқ саҳм доранд.