Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
26-уми апрели соли 2017 аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Прокуратураи шаҳри Душанбе аризаи сокини шаҳри Душанбе бо далели латукӯб шуданаш аз тарафи кормандони милитсияи ноҳияи Шоҳмансур такроран ирсол гардида буд.
Дар ариза дархости асосӣ бекор кардани қарори Прокуратураи шаҳри Душанбе аз 13.01.2017 «дар робита ба тафтиши нопурра ва яктарафаи далели амалҳои ғайриқонунии кормандони милитсияи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе» буд.
Ёдовар мешавем, ки 3-юми октябри соли 2016 ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон корманди 34-солаи созмони байналмилалӣ бо шикоят нисбати амалҳои ғайриқонунии кормандони милитсияи ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат карда буд. Воқеа ҳангоми рейд дар доираи амалиёти «Нелегал» рух дода буд, вақте ки ҳангоми тафтиши шиносномаҳо якчанд корманди милитсия, аз ҷумла нозири минтақавӣ, хостанд бидуни хоҳиши соҳибхоназан, бо тасдиқи ин ки онҷо шаҳрвандони хориҷӣ қарор доранду бояд шиносномаҳояшонро тафтиш кунанд, ба ҳуҷраи ӯ ворид шаванд. Ба гуфтаи ӯ, сарфи назар аз пешниҳод кардани ҳамаи ҳуҷҷатҳо, онҳо ба ҳуҷра даромада, нисбати соҳибхона аз зӯрӣ истифода бурданд. Ҷабрдида кӯшиш мекунад, ки амалҳои кормандони милитсияро дар телефони мобилияш сабт кунад, аммо ба муносибати бераҳмона дучор мешавад ва баъдан ӯву меҳмонҳояшро ба ШВКД ноҳияи Шоҳмансур мебаранду баъди 4 соат маҷбур мекунанд, ки дар мавриди ягон шикоят надоштанашон нисбати кормандони милитсия ариза нависанд.
Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз рӯи далелҳои ариза оид ба ҷиноят санҷиш гузаронд ва 20-уми октябри соли 2016 дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бо сабаби набудани таркиби ҷиноят дар амалҳои кормандони милитсия қарор баровард.
28-уми ноябри соли 2016 аз ҷониби адвокат ба Прокуратураи шаҳри Душанбе оид ба бекор кардани қарори дар боло нишондодашуда шикоят бурда ва нусхаи он ба Прокуратураи генералии ҶТ ва Вазорати корҳои дохилии ҶТ супорида шуд. 11-уми январи соли 2017 Прокуратураи генералӣ маводҳои тафтишотро бо дархости санҷиши далелҳои шикояти аризадиҳанда ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол намуд.
Бо гузаронидани санҷиш аз рӯи шикоят, 13-уми январи соли 2017 Прокуратураи шаҳри Душанбе такроран қарор дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бо сабаби набудани таркиби ҷиноят дар амалҳои кормандони милитсия баровард.
21-уми апрели соли 2017 аз болои ин қарор аз ҷониби аризадиҳанда ба Прокуратураи генералии ҶТ бо дархости бекор кардани он ва гузаронидани санҷиши холисонаву ҳаматарафа шикоят карда шуд. 26-уми апрели соли 2017 Прокуратураи генералии ҶТ маводҳои тафтишотро бо дастури гузаронидани санҷиш тибқи ариза ва хабардор намудан аз натиҷаҳо ба Прокуратураи шаҳри Душанбе фиристод.
22-юми майи соли 2017 Прокуратураи шаҳри Душанбе оид ба бекор кардани қарорҳои қаблан дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ баровардашуда қарор баровард ва маводҳои тафтишотро бо чунин тасвия ба Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур фиристод: “Бо сабаби тафтиши нопурра ва ғайри холисонаи далели амалҳои ғайриқонунии кормандони милитсияи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ”.
Чунин муносибат аллакай одамро маҷбур мекард, ки бар ивази оромӣ аз дилхоҳ шикоят даст кашад. Шояд ин омил ба ҳисоб гирифта шуда ва ҳуқуқвайронкунадаҳо боварӣ доранд, ки на ҳар як ҷабрдида қудрати барои адолат то охир мубориза бурдан дорад. Дар ҳолати мо, муайн кардану ҷазо додани гунаҳкорон ду маротиба рад карда шуд, сарфи назар аз он, ки амали кормандони милитсия дар навори видеоӣ сабт ва ҳангоми санҷиши ариза ҳамчун далели исботкунанда пешниҳод гардида буд.
Умед дорем, ки дастгирии Прокуратураи генералии ҶТ таъсири мусбат мерасонад ва прокуратураи шаҳрӣ гунаҳгоронро муайян намуда, кормандони милитсияро, ки нисбати занҳо аз зӯрӣ истифода кардаанд, ҷазо медиҳад.