Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Қазияи марде, ки дар пайи гирифтани шаҳодатномаи таваллуди наберааш аз ҷониби нозири милиса шатта хӯрдааст, бо чӣ меанҷомад?
Шанбе Салимшоев, ҷабрдида аз деҳаи Вери ноҳияи Шуғнон, пас аз латукӯби нозири минтақавӣ Орзу Суриев, аз беморхонаи ҷамоат ҳам ронда шуда, дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе бистарӣ гардид. Бо ҷабрдида мо дар беморхонаи Қарияи Боло вохӯрдем.
Шанбе Салимшоев, дар сӯҳбат ба «Фараж» латукӯбашро аз ҷониби нозири минтақавии деҳаи Вери ноҳияи Шуғнон чунин шарҳ дод: «22-юми октябр барои анҷом додани корҳои шахсиам ба шаҳри Хоруғ рафта будам ва баъди бозгашт ба назди раиси ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнон Носир Суриев даромадам. Аммо раиси ҷамоат дар ҷойи кораш набуд. Дар утоқи кории Носир Суриев, нозири минтақавӣ Орзу Суриев нишаста буд, ки ман мақсади омаданамро ба ӯ фаҳмонидам. Ман беш аз 5 моҳ мешавад, ки барои набераам шаҳодатнома гирифта наметавонам. Ва ҳар дафъае, ки барои ҳалли ин мушкил ба раиси ҷамоат муроҷиат мекардам, сухани рад мешунидам. Орзу Суриев низ ба ман гуфт: «Чаро барои як варақаи шаҳодатнома 10 бор меоед? Шаҳодатнома проблема аст, аз Душанбе ба мо равон намекунанд, мо чӣ кор кунем? Равед, аз Душанбе барои набераатон шаҳодатнома гиред». Ман ин сухани ӯро тоқат накарда, гуфтам: «Ман чунин маблағ надорам, ки барои як шаҳодатнома ба Душанбе равам. Баъдан, агар шумо ин корро накунед, пас идораи ҷамоат барои чӣ аст!?». Орзу Суриев гуфт, ки «ба ман бисёр гап назан, ман нозири минтақавӣ ҳастам, хоҳам мешиканам ҳозир туро». Ва бо қаҳр маро ба утоқи кориаш дароварда, дарро қулф карду аввал як мушт ба сарам фаровард, ки афтидам. Баъд бо қаҳр гуфт: «Садоятро набарор, ки мекушамат!». ӯ фармон дод, ки дубора дар курсӣ шинам ва баъд чанд лагади дигар зад, ки аз ҳуш рафтам. Дигар чизеро дар ёд надорам. Назди раиси ҷамот тақрибан соатҳои 11 даромадам, вале ронандаи раиси ҷамоат маро тақрибан соатҳои 3 ба назди хона оварда партофта, гурехта рафт. Сарам чарх мезад, худро идора карда наметавонистам. Чун ҳама ҷоям аз зарбаҳои бераҳмонаи Орзу Суриев ба дард омада, маро мисли девона карда буд. Тайи ду рӯз мисли девонаҳо будам ва танҳо мехостам, ки худкушӣ кунам. Лаҳзае, ки ба болои бом баромадаму худро овехтанӣ шудам, хешовандонам огоҳ шуда, маро аз марг наҷот доданд. Чун ба худ омадам, воқеаи рӯйдодаро ба аҳли хонаводаам нақл кардам».
Шанбе Салимшоев тӯли 43 сол ба ҳайси роҳтозакун (грейдерист) дар муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди Вазорати нақлиёт кор карда, айни замон нафақахӯр аст.
- Нафаскашӣ бароям бисёр мушкил буд. Назиконам маро ба беморхонаи Дебаста назди духтур Давлат Фарҳодов бурданд. ӯ пас аз анҷоми саросемаи ташхис гуфт, ки «амакӣ, ягон ҷоятон нашикастааст, шумо пневмания доред». Ва супориш дод, ки аз беморхона маро берун кунанд. Вақте пурсидам, ки чаро шумо ташхисро саросемавор анҷом додед, ба шумо кӣ занг зад, гуфт, ки «шумо табобататонро дар хона мекунед, дар беморхона бароятон ҷо нест». Ман пас аз ду рӯз ба шаҳри Хоруғ омадам. Он ҷо духтур Давлатмамад гуфт, ки «ягон ҷоятон нашикастааст». Ҳарчанд гуфтам, ки охир нафас кашида наметавонам, гуфт, «ҳеҷ кӯмаке бароят карда наметавонам». Хулоса, маҷбур шудам ба Душанбе биёям. Ин ҷо дар корпуси 4 аз ташхис гузаштам ва духтур гуфт: «Шумо ба табобати оҷилӣ ниёз доред, зеро қабурғаи сари синаатон шикастааст». Ман гуфтам, ки «чӣ хел сандуқи синаам шикастааст, охир дар ташхиси Бадахшон гуфтанд, ки шумо пневмания доред?». Баъдан, сабаби ин ҳама хунукназариро дарк кардам, ки бо фармони худи Суриев ва хешу табораш ҳамаи ин корҳо сурат гирифтааст,- афзуд ҷабрдида.
Нигаронии Салимшоев аз он аст, ки Орзу Суриев натанҳо ӯ, ҳатто қаблан низ чандин касро латукӯб карда будааст, аммо касе аз тарс аз болои ӯ шикоят набурдааст. Сокинони деҳа аз ӯ ҳамчун нафари корманди мақомоти ҳимоятгари халқ метарсанд.
Ба нақли Салимшоев, ӯро ҳамчун кадри ҳирфаии милиса касе дар деҳа намешинохт. ӯ маҳз ба шарофати раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ба ин мартаба расида, ба ҳар амале, ки даст мезанад, мегуфтааст, ки яке аз наздикони раиси вилоят мебошад.
- Ҳоло саломатиам чандон хуб нест. Чун дар шаҳр хешу табори камтар дорам ва сари вақт наметавонанд аз ман хабар гиранд, ба беморхонаи Ёвон барои табобат меравам. Вале ман як суол дорам ба вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода. Чаро исми онҳоеро, ки ба шаъни милиса корҳои нозебанда мекунанд, аз сафи мақомот пок намекунанд? Агар вазир ба вазъи саломатиам бовар накунанд, марҳамат, биёянд ва бубинанд аҳволамро, ки аз «меҳрубонӣ»-и кормандашон ба чӣ аҳвол гирифтор шудаам,- мегӯяд ҷабрдида.
Ин ҳам дар ҳолест, ки вазъи молии мӯйсафеди 73-сола чандон хуб нест. Гарчанде ӯ 43 сол ба ҳайси грейдерист дар идораи роҳсозии вилояти Бадахшон кор карда бошад ҳам, масъулини Вазорати нақлиёт барои кӯмак ва аҳволпурсияш боре ҳам наомадаанд.
Пайвандони Салимшоев ба вазири тандурустӣ ва вазири корҳои дохилӣ оид ба бадрафторӣ ва муносибати хунукназаронаи зертобеонашон муроҷиат карда, хостори ҳалли масъала ҳастанд.
Раҳмоншо Шоҳназриев, масъули шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Шуғнон, ки ҳоло парвандаи Салимшоевро дар даст дорад, дар сӯҳбат бо «Фараж» гуфт:
- Мо қазияро хуб медонем. Ҳоло нисбати Орзу Суриев парвандаи ҷиноятӣ боз кардаем. Аммо як чиро бояд гуфт, ки Салимшоев ширакайф будааст. Чун гуфт, ки ман забони тоҷикиро хуб намедонам, маҷбур шудам, ба ҷойи ӯ баёнот нависам ва баёнотро ба ӯ дар ҳузури келинаш хондам. Ман ду бор ба ӯ муроҷиат кардам, ки варақаи ташхиси тиббиатро пешниҳод кун, вале ӯ ягон ҳуҷҷатро наовард ва баъдтар огоҳ шудам, ки ба Душанбе рафтааст барои ташхиси тиббӣ. Орзу Суриев новобаста аз он, ки хешу табори раиси вилоят Шодихон Ҷамшедов аст, агар даъвои ҷабрдида ҳаматарафа тасдиқи худро пайдо кунад, дар назди қонун ҷавоб мегӯяд,- гуфт Шоҳназриев.
Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, раиси ҷамоат Носир Суриев, писарамаки нозири минтақавии милиса Орзу Суриев буда, эшон тамоми ноҳияи Шуғнонро таҳти назорати хеш қарор додаанд ва густохиашон то ҳадде боло будааст, ки «касе пишаки онҳоро пишт гуфта наметавонистааст».