Садриддин Тошев видеои шиканҷаро рад кард

Садриддин Тошев видеои шиканҷаро рад кард

Бо даъвати Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон чанде аз журналистон ба маҳбаси шумораи 1 даъват ва бо маҳбус Садриддин Тошев ҳамсӯҳбат шуданд ва нақли ӯро шуниданд.

Маҳбуси зиндони рақами аввали шаҳри Душанбе Садриддин Тошев шиканҷа шудани худашро «спектакле» унвон кард, ки аз ҷониби гурӯҳҳои «ғаразкор» таҳия шуда буд. Ин маҳбус, ки дар дохили маҳбасхона бо рӯзноманигрон сӯҳбат мекард, гуфт, «дар ин спектакл аз содагии ӯ истифода бурда, барои нақшофарӣ ҳамчун маҳбуси шиканҷашуда рол бозӣ кардааст».

Субҳи имрӯз, 6-уми август, маъмурияти Раёсати ислоҳии маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон сӯҳбати Садриддин Тошев, ҷангандаи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифон, маъруф бо тахалуси «Қорӣ»-ро, ки соли 2001 барои 25 сол ҳукми зиндонӣ гирифта буд, бо рӯзноманигорон фароҳам овард. Ҳангоми сӯҳбат Тошев гуфт, «хеле миннатдор аст, ки дархости ӯ дар мавриди сӯҳбати ӯ бо рӯзноманигоронро маъмурияти зиндон пазируфта, барояш чунин шароит фароҳам овардаанд».

Ӯ гуфт, то худкушии Ҳамза Икромзода дар соли 2012 шароити зисташ дар зиндон хуб буд, вале пас аз он «марги Ҳамзаро бардурӯғ худкушӣ муаррифӣ карда, ӯро шоҳиди ин қазия донистанд.»

Дар асл, ба гуфтаи ӯ, Ҳамза бинобар мушкилоти оилавӣ худро ба дор овехта буд, аммо «гурӯҳҳои ғаразкор ин ҳодисаро ба манфиати сиёсӣ истифода бурда, шиканҷа унвон карданд.»

Пас аз марги Ҳамза Икромзода, Садриддин Тошев бо гурӯҳе аз зиндониён аз Душанбе ба маҳбасхонаи Хуҷанд интиқол ёфтанд ва пас аз ду ҳафта дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пахш шуд, ки шиканҷа шудани онҳоро намоиш медод. Аз ҷумла, худи Тошев бадани сиёҳшудаашро намоиш дода мегуфт, ӯро маъмурони зиндон ба хотири шоҳиди додан дар парвандаи Икромзода шиканҷа кардаанд. Аммо ҳоло, ӯ мегӯяд, он ҳарфҳояш дурӯғ буд ва бо раҳбаладии Маҳмурод Одинаев, падари маҳбуси дигар, Суннатулло Ризоев розӣ шуданд, то дар чунин саҳна нақши маҳбуси шиканҷашударо биофаранд.

-Шиканҷа умуман набуд ва ин навори шиканҷа иқрор мешавам, ки сохта буд. Мо қурбонии дасисаҳои Маҳмурод Одинаев шудем. Ӯ тариқи фарзандаш намедонистам, ки чӣ мехостанд, моро ба ин роҳ тела доданд,-гуфт, Тошев.

Аммо Маҳмурод Одинаев, падари Суннатулло Ризоев, ки бо иттиҳоми авбошӣ ба 16 сол маҳкум шуда, дар як маҳбас бо Садриддин Тошев ба сар мебарад, гуфт, Тошев зери фишор ва ваъдаҳои озод шудан аз зиндон ба гуфтани чунин ҳарфҳо розӣ шудааст. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Одинаев, ҳар навори шиканҷае, ки пахш мешуд, воқеӣ буд.

Роҷеъ ба он ки чаро Садриддин Тошев ҳоло дар назди хабарнигорон он наворро рад мекунад, вай гуфт: «Маро касе маҷбур накардааст. 14 сол аст, дар зиндонам. Безор шудам. Фарзандони ноболиғ дорам, падари бемор. Аз рӯи ҳамин шайтонагариҳо маро ҳукми қатл доданд, вале боз раҳм карда, онро кам карданд. Маъмурият маро чизе нагуфтааст. Ман дар маркази таваҷҷӯҳи ВАО ҳастам. Иқрор мешавам, ки ҷиноят карда будам, ҷинояти махсусан муҳим. Аз ҳамаи онҳое, ки аз ман зарар диданд, узр мепурсам. Чанд бор хато кардам. Ҳоло мехоҳам, ҳақиқатро бигӯям, аз бозиҳо хаста шудам. Мехоҳам равам ва як ҷо кор кунам, девор рост кунам ва дар озодӣ бошам».

Ӯ гуфт, ин ҳарфҳояшро дар ҳама вақту ҳолат, ҳатто пас аз озодӣ низ хоҳад гуфт ва касе ӯро барои гуфтани ин ҳарфҳо маҷбур накардааст: «Ҳоло фаҳмидам, ки моро ҳам дар озодӣ ва ҳам дар зиндон истифода бурданд. Мо мардуми кӯҳистон содафеълем ва зуд ба иғво дода мешавам. Дар муддати 14 сол касе зану кӯдакони маро кӯмак накарданд. Ҳама ба манфиати худ кор карда, барои ғаразҳои худ. Мешунавем, ки Нурӣ миллионер шуд, дигараш соҳиби заводи пахтаву мошин шуданд. Аз ҷанги Тоҷикистон 4-5 кас фоида дид. Дигар ҳама хонахароб шуд. Агар инҳо ғамхор мешуданд, ҳангоми дар зиндон будани манн ду тубра орд ёрдам мекарданд. Лекин бо гап гӯё аз ман ҳимоя мекунанд. Дар асл ҳадафҳои худашонро доранд. Ҳоло мехоҳам, спектаклро нуқта гузорам ва чеҳраи асосии худамро нишон диҳам».

Тошев ҳамчунин гуфт, дар бораи чеҳраи аслии сарони мухолифин дар ҳоли таҳияи китоб аст ва пас аз баромадан ба озодӣ онро ба дасти чоп хоҳад дод.

Ҳарчанд Садриддин Тошев мегӯяд, ӯ ҳаргиз дар маҳбас ҳадафи шиканҷа қарор нагирифтааст, қаблан падари ӯ Баҳриддин Тошев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфта буд, аз он ки писарашро ба зиндони шаҳри Хуҷанд интиқол дода дар он ҷо шадидан лату кӯб кардаанд, дар ташвиш аст. Вай гуфта буд писараш “шадидан лату кӯб шуда, сару рӯву баданаш сиёҳ ва чашмонаш варам кардаанд”. Моҳи декабри соли 2011 Садриддин Тошев бо эътироз аз ҷараёни татбиқи қонуни афв гуруснашинӣ эълон карда буд.

Садриддин Тошев, фармондеҳи мухолифини пешин бо ҷурми терроризм, бандитизм ва одамрабоӣ дар солҳои ҷанги дохилӣ аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд. Бино бар қонуни авф, мӯҳлати ҷазои ӯ коҳиш ёфта, қабл аз ҳукми додгоҳи Хуҷанд танҳо 3,5 соли ӯ боқӣ монда буд. Аммо пас аз ҳукми додгоҳи Хуҷанд, мӯҳлати ҳабси ӯ 9 сол афзуд. Акнун ӯ дар ростои афв ва раҳоӣ аз маҳбас аст.

Ozodi