Барои шиканҷа чӣ гуна ҷазо пешбинӣ шудааст?

Ҳуқуқдон бошед!

Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.

САВОЛ: Барои шиканҷа чӣ гуна ҷазо пешбинӣ шудааст?

ПОСУХ: Барои содир намудани ҷинояти «шиканҷа» мутобиқи қисми 1-и моддаи 143, эзоҳи 1 КҶ ҶТ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Аммо агар худи ҳамон кирдор: а) такроран; б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ; в) нисбат ба зане, ки ба гунаҳгор ҳомила буданаш маълум аст ё шахсе, ки ноболиғ буданаш маълум аст ё ба маъюб; г) расонидани зарари миёна ба саломатӣ содир шуда бошад,- бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ - даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Инчунин, бояд зикр намуд, ки кирдорҳои дар боло пешбинишуда, агар: а) бо расонидани зарари вазнин ба саломатӣ содир шуда бошанд; б) аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошанд,- бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то даҳ - понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

Дар сурати поймол шудани ҳуқуқҳоятон шумо метавонед ба мақомоти дахлдор шикоят кунед ё барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ баҳри дарёфти ёрии ҳуқуқӣ муроҷиат намоед.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равонию иҷтимоӣ) пешниҳод мекунад.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:

 +992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube:   https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Инстаграм: Notorturetj

NotortureTj