Наздикони Иззатов: Эҳтимол ӯ шиканҷа шудааст

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ хабар медиҳад, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбати Иззатов Умиджон дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 104, қисми 2, банди “е” ва 32, қисми 3-104, қисми 2, банди “а” Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ гардидааст.

Бино ба шарҳи ин хабар, Иззатов У. Э. барои он айбдор дониста шудааст, ки 22-юми феврали соли 2017 тахминан соати 19-у 30 дақиқа дар заминаи хусумати шахсии қаблии бо Усмонов Абдулҳомид Абдулҳафизович доштааш, ки номбурда нисбаташ доимо беэҳтиромї кардаву ӯро таҳқир намуда, дашном медодааст, бо мақсади куштори охирон аз ошхонаи манзили истиқоматиаш корди хоҷагиро гирифта, ба манзили истиқоматии Усмонов А. А., воқеъ дар деҳаи Янгибоғи шаҳри Турсунзода рафта, бо ӯ вохӯрдааст...

Зимни сӯҳбат дар ошёнаи дуюми бинои истиқоматии сохтмонаш нотамоми Усмонов А. А., ӯ бо истифодаи корди бо худ доштааш бо сангдилии махсус 14 зарба ба узвҳои ҳаётан муҳими охирон задааст, ки номбурда ҳангоми ба беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода дастрас намудан аз ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат расидааст.

- Худи ҳамон рӯз тахминан соати 20-у 30 дақиқа ҳангоми аз тарафи ӯ содир намудани куштори Усмонов А. А. падари номбурда Усмонов Абдулҳафиз Холматович садои ба ёрӣ даъват намудани писарашро шунида, ба наздашон омадааст. Иззатов У. Э. бо мақсади ба қатл расонидани Усмонов А. Х. бо корди дар дасташ буда ду зарба ба қисми гардани номбурда задааст, аммо бо сабаби муқобилияти сахт нишон додани ҷабрдида қасди ҷинояткоронаи худро ба охир расонида натавонистааст,- хабар медиҳад сомонаи расмии прокуратураи генералӣ.

Дар ҳамин ҳол, тибқи муроҷиати наздикони Иззатов Умиджон ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, Иззатов Умиджон дар ҳуҷраи кории сардори ШВКД-и шаҳри Турсунзода эҳтимол мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.

Ба иттилои адвокати Иззатов У., дар рафти мурофиаи судӣ Иззатов Умиджон арз намудааст, ки аз ҷониби вакили шаҳри Турсунзода Усмонов Расулҷон дар ҳуҷраи кории сардори ШВКД-и шаҳри Турсунзода санаи 23-юми феврали соли 2017 мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Ба гуфтаи вакилон, тасдиқи зарари ҷисмонӣ гирифтани Иззатов У. санади муоинаи суддӣ-тиббӣ мебошад, ки расонида шудани зарари ҷисмонии сабук ба саломатии Иззатов сабт гардидааст.

Ҳамчунин, аз ҷониби ҳимоятгарон Абдураҳмон Шарипов ва Неъматулло Холмирзоев дархост оид ба таъини санҷиши прокурорӣ ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст: “Бо таъиноти коллегияи судӣ аз 29-уми июни соли 2017 дархостиҳимоятгарон қонеъ гардонида шуд ва гузаронидани санҷиши прокурории ҳолати шиканҷа ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардида буд. Бо қарори Прокуртураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми июли соли 2017 аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бинобар тасдиқ нашуданиҳолати таҳти шиканҷа қарор гирифтани Иззатов У. рад карда шуд. Аз ҷониби мо нисбати ин қарор ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бекор кардани он ва аз нав санҷиш шудани шиканҷа шикоят оварда мешавад”.

Бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми июли соли 2017 Иззатов У. Э. бо моддаҳои дар боло қайдгардида гунаҳгор дониста шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 23 сол маҳкум карда шуд.

Мудофеони Иззатов У. Э. изҳор медоранд, ки бо ҳукм дар масъалаи нопурра санҷиш шудани ҳолати таҳти шиканҷа қарор гирифтани Умиджон ва маҳдуд шудан бо қарори Прокуратураи генералӣ оид ба рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ норозигӣ изҳор намудаанд. Онҳо зикр карданд, ки Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1 “Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа” аз 25-уми июни соли 2012 иҷро нагардидааст ва бинобар ин, шикояти кассатсионӣ ба Судӣ Олӣ пешниҳод намудаанд.

Аз Эътилоф: Дар ин бора маълумоти муфассал рӯзҳои наздик ба нашр мерасад.

NoTorture.Tj