Офиятбахшӣ ва мутобиқшавии иҷтимоии ноболиғон дар давраи ҷазо ва баъди озод шудан аз ҷойҳои маҳдудият ва маҳрумият аз озодӣ

Рӯзи 8-уми июл дар меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе курси дурӯзаи омӯзишӣ барои кормандони иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин котибони масъули шуъбаҳои ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Офиятбахшӣ ва мутобиқшавии иҷтимоии ноболиғон дар давраи ҷазо ва баъди озод шудан аз ҷойҳои маҳдудият ва маҳрумият аз озодӣ » оғоз шуд.

Чорабинии мазкур бо ибтикори Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» бо дастгирии молиявии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар доираи лоиҳаи «Офиятбахшӣ ва мутобиқшавии иҷтимоии ноболиғон» баргузор гардид.

Дар рӯзи аввал тренери миллӣ Қутбиддин Каримиён, равоншинос, муаллими калони кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷамъияти равоншиносон-машваратчиён ва психотерапевтҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавзуҳои зерин баромад мекунал: принсипҳои ахлоқии расонидани ёрии равонӣ ва иҷтимоӣ, стресс ва зарбаи равонӣ, паст намудани шиддати эҳсосоти эмотсионалӣ, инчунин рушди таҷрибаҳои муошират.

Ҳадафи тренинг баланд бардоштани иқтидори кормандони иҷтимоӣ ва таҳияи системаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар доираи барномаи таълимӣ барои дастгирии шахсони дар шароити душвори ҳаётӣ қарордошта, аз ҷумла маҳбусон ва шахсони аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ озодшуда мебошад.

https://www.facebook.com/tashabbusi.huquqi/posts/pfbid0BBDegfccSZYjPCSdJxqFC2kjgWxsBemKA8LW8ayicXK7xbcwh9WomibqzFeUe3HKl?locale=ru_RU

 

ФҶ «Ташаббуси ҳуқуқӣ»