Машваратҳои ҳуқуқии ройгон барои даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ

Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” иттилоъ медиҳад, ки машваратҳои ҳуқуқии ройгонро барои даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ пешкаш менамояд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар ташкилот коршиноси тиббӣ фаъолият мебарад, ки доир ба қобили хизмат будан ё набудани даъватшаванда ба хизмат маслиҳат медиҳад.

Ҳамзамон, “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” хотиррасон менамояд, ки барои даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ андроид - барнома барои телефонҳои мобилӣ таҳия шудааст.

- Барномаи "Даъватшаванда / Призывник" маҷмўаи китобҳост, ки аз 18 китоби алоҳида ва 24 санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ иборат буда, ба ҳуқуқҳои даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ бахшида шудааст. Барнома дар шакли барномаи таълимии универсалӣ коркард карда шудааст ва шахсони синну соли даъватӣ, волидайни онҳо, шахсоне, ки қайди ибтидоии ҳарбиро гузашта истодаанд, хизматчиёни ҳарбӣ ва адвокатҳо, муаллимони фанни “Омодагии дифои ҳарбӣ”, духтурони комиссияи даъватӣ ва дилхоҳ шахсоне, ки мехоҳанд дониши худро дар ин соҳа баланд бардоранд, метавонанд аз он истифода баранд. Барномаро тариқи суроғаи зерин метавон пайваст кард: https://play.google.com/store/apps/details?id=com.dosh.books  эълон медорад “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”.

Ташкилоти мазкур дар ин баробар рақамҳои телефонии +992 93 333 18 03 ва +992 93 333 17 03-ро барои тамос пешниҳод намудааст.

NoTorture.Tj