Чорабиниҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон бахшида ба ТДУ

Аз 15 то 27-уми сентябри соли 2017 дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қўрғонтеппа, Кўлоб ва ноҳияи Рашт барои намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ чорабиниҳои иттилоотӣ оид ба раванди Тафсири даврии универсалӣ (ТДУ) ташкил карда шуданд.

Дар рафти чорабиниҳои иттилоотӣ ба иштирокдорон оид ба раванди Тафсири даврии универсалӣ, Гузориши миллии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодакардашуда ва бознигарии он дар Шўрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва Гузориши алтернативии аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ омодакардашуда дар доираи давраи дуюми Тафсири даврии универсалӣ, ҳамчунин оид ба тавсияҳои аз давлатҳои узви Шўрои СММ гирифташуда маълумот пешниҳод шуд.

Иштирокдорони ин чорабиниҳо ҳамчунин мушаххасан бо Нақшаи миллии амал оид ба иҷроиши тавсияҳои давлатҳои узви Шўрои СММ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон мутобиқ ба раванди Тафсири даврии универсалӣ дар давраи солҳои 2017-2020-и аз ҷониби гуруҳи кории ҳукуматӣ бо машварати ҷомеаи шаҳрвандӣ омодашуда ва аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таърихи 7-уми июни соли 2017 ба имзо расида шинос гардиданд.

Зикр гардид, ки аз 203 пешниҳодот 155-тои онҳо аз ҷониби Тоҷикистон пазируфта шуда, мавриди амал қарор гирифтаанд.

Намояндаи Прокуратураи генералӣ Ш. Нурализода сари пешниҳодоти мушаххас қарор гирифт, махсусан оид ба таъмин ва риояи ҳуқуқҳои ашхосе, ки дар муассисаҳои ислоҳотӣ ҷазоро адо мекунанд, бо назардошти ислоҳоти системаи ҷазо ва озодӣ аз шиканҷа. Ў қайд кард, ки Тоҷикистон тавсияҳои ҷомеаи ҷаҳониро оид ба он, ки мунтазам аз маҳбасҳои намуди лагерҳо даст кашанд ва маҳбасҳои камеравиро ташкил кунанд, қабул намуд. Ояндаи наздик дар Тоҷикистон аввалин муассисаи ислоҳии навсохт ба истифода дода мешавад, ки ҷавобгўи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ аст.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ Ҷ. Юлдошев ва Ш. Мусоев бо ахборот оид ба фаъолияти гурўҳи мониторинг, ки дар назди Ваколатдор таъсис ёфтааст, барои боздид аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ баромад намуданд. Онҳо ба иштирокдорон дар мавриди теъдоди ташрифорандагон суҳбат карданд, натиҷаҳои мухтасари мониторинг ва пешниҳодотро дастрас гардониданд, ки гурўҳ анҷом медиҳад. Ҳамчунин, оид ба дастоварду мушкилот сухан гуфта шуд.

Дар вақти муҳокимаҳо иштирокчиён пурсишҳои гуногун пеш оварданд.

Махсусан, онҳо ба масъалаи авф дар робита бо гунаҳкорони шиканҷа ва масъулият ба он, маасъалаи издивоҷи бармаҳал ва фурўпошии он, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористӣ ва ғайра таваҷҷўҳ намуданд.

Бояд гуфт, ки чорабиниҳои иттилоотӣ аз ҷониби Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар ҳамкорӣ бо Идораи кафолатҳои ҳуқуқи башари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаҳои "Мусоидат дар таҳияи Нақшаи миллии татбиқи пешниҳодоти марҳилаи дуюми ТДУ", ки аз ҷониби бахши ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон» ва «Амалҳо дар самти озодии шиканҷа дар Тоҷикистон» аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо тавассути Хазинаи Хелсинки оид ба ҳуқуқи инсон маблағгузорӣ карда мешавад. Дастгирии молиявӣ барои чорабиниҳои иттилоотӣ аз ҷониби Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои Осиёи Марказӣ ва Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе пешниҳод карда шудааст.

NoTorture.Tj