Иштироки адвокатҳои Суғд дар тренинг оид ба ҳимояи қурбониёни шиканҷа

Адвокатҳои вилояти Суғд дар тренинг оид ба стратегия ва усулҳои ҳимояи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона, пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо иштирок карданд.

Бояд зикр намуд, ки Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон давраи тренингҳои омўзиширо оид ба стратегия ва усулҳои ҳимояи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона, пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо оғоз карда буданд.

Тренинги нахустин аз 26 то 28-уми соли 2017 барои адвокатҳои амалкунандаи вилояти Суғд - шаҳрҳои Хуҷанд, Истиқлол, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Б. Ғафуров ва Ашт гузаронида мешавад.

Дар тренинг инчунин намояндагони Раёсат ва Маркази такмили ихтисоси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Бо сухани муқаддимавӣ Саидов Садриддин - раиси Иттифоқи адвокатҳо дар вилояти Суғд баромад карда, оид ба муҳиму рўзмарра будани чунин тренингҳо дар кори адвокатҳо изҳори андеша намуд.

Аз ҷониби ташкилкунандагони тренинг қайд карда шуд, ки «амалигардии доимии қонунгузории ҶТ оид ба кафолатҳои асосии ҳуқуқи инсон дар системаи мурофиаи ҷиноятӣ ва дарсҳои омўзишии фаъолияти амалии Эътилоф бо адвокатҳо дар мавриди парвандаҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона амалисозии ҳамешагии усулҳои кор бо чунин парвандаҳоро тақозо мекунад. Имрўз чунин тренингҳо на танҳо аз нуқтаи назари боло бурдани дониш ва дастовардҳои амалӣ, балки барои табодули таҷриба намудан, таҳлили мушкилот ва ҷустани роҳҳои ҳалли онҳо низ муҳиманд».

Бояд гуфт, барномаи тренингҳо масъалаҳоеро аз қабили стандартҳои асосии байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ оид ба озодӣ аз шиканҷа, стандартҳои Протоколи Истамбулӣ, инчунин кафолатҳои асосии ҳуқуқи боздоштшудаҳо ва маҳбусон дар бар мегирад. Иштирокчиёни тренингҳо бо асосҳои фаъолияти адвокатҳо дар мавриди вокуниш ба аризаҳо оид ба истифодаи шиканҷа дар марҳилаҳои гуногуни мурофиаи ҷиноятӣ шинос шуда, ҳамзамон, стратегияҳои амалиро оид ба ҳимояи қурбониёни шиканҷа коркард менамоянд.

Тренингҳо дар доираи лоиҳаҳои «Мубориза муқобили шиканҷа дар Тоҷикистон - дастгирии фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва «Фаъолият барои ҳимояи озодӣ аз шиканҷа дар Қазоқистон ва Тоҷикистон» бо дастгирии OSI ва Фонди Хелсинки оид ба ҳуқуқи инсон гузаронида мешаванд.

NoTorture.Tj