Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар мурофиаи навбатии судӣ дар Суди вилояти Хатлон вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ нисбати лейтенанти калони ШВКД дар ноҳияи Дўстӣ Маҳмадулло Идиев, ки 12-уми феврал баргузор гардид, навбатдори ШВКД Олимҷон Назаров пурсида шуд.
Номбурда дар нишондодаш изҳор дошт, ки рўзи 24-уми июли соли 2017 дар ШВКД навбатдор буд: “Тақрибан соатҳои 20:40 дақиқа лейтенанти калон Маҳмадулло Идиев ва лейтенати калон Икромиддин Қаюмзода бо ду нафар вориди ШВКД шуданд. Мо ин ду нафарро ба қайд гирифтем. Онҳо ба утоқи кории Маҳмадулло Идиев рафтанд ва соати 22:45 дақиқа аз ШВКД баромада рафтанд. Ҳангоми баромаданашон ҷабрдидаҳоро М. Идиев ва И. Қаюмзода гусел карданд. Дар дасти ҷабрдидаҳо дастбанд набуд”.
Дар ҳамин ҳол, ҷабрдида Ҳалимҷон Сайдуллоев ин нишондоди навбатдори ШВКД дар ноҳияи Дўстиро тасдиқ накард ва илова намуд, ки “вақте моро рўзи 24-уми июли соли 2017 ба ШВКД-и ноҳияи Дўстӣ оварданд, дар қисми навбатдорӣ касе моро ба қайд нагирифтааст. Вақте вориди бинои ШВКД шудем, навбатдор аз М. Идиев пурсид, ки инҳоро ба қайд мегирем? Идиев дар ҷавоб гуфт, ки баъд ба қайд мегиремашон. Дуюм ин ки, мо ду нафар набудем, балки чор нафар будем. Яъне ман, Н. Мирзоев, Сайумрон ва Ҷўра, бо кормандони ШВКД мо шаш нафар будем. Мо ҳамроҳи М. Идиев ва И. Қаюмов баромада дар ошхона хўрок хўрдем ва баъди ним соат боз гашта ба утоқи кории М. Идиев омадему то саҳар дар утоқи кории М. Идиев ва И. Қаюмов мондем”.
Аммо навбатдори ШВКД-и ноҳияи Дўстӣ Олимҷон Назаров мегўяд: “Мо ду нафарашонро ба қайд гирифтем ва ду нафари дигарашро иҷозаи вориди ШВКД шудан надодему бозпас гардондем”.
Ба суоли адвокатҳо ва айбдоркунандаи давлатӣ, ки “агар онҳоро соати 22:45 дақиқа ҷавоб дода бошед, чӣ гуна шабро дар утоқи кории М. Идиев ва И. Қаюмов рўз карданд?” навбатдор мегўяд: “Ман воридшавии онҳоро надидаам”.
Аммо сабти видеоӣ, ки дар қабати парванда буд, бо дархости намояндаи қонунии ҷабрдидаҳо Ҳалимҷон Сайдуллоев ва Низомиддин Мирзоев, дар толори суд ба намоиш гузошта шуд. Дар навор дида мешавад, ки соати 20:29, рўзи 24-уми июли соли 2017 шаш нафар вориди ШВКД мешаванд. Инҳо ду нафарашон кормандони ШВКД М. Идиев, И. Қаюмов ва ҳамонвақт гумонбарон Ҳалимҷон Сайдуллоев, Н. Мирзоев, Сайумрон ва Ҷўра мебошанд. Онҳоро ҷабрдида Ҳ. Сайдуллоев дар навор шинохт. Аммо навбатдор бо исрор мегуфт, ки “воқеан чор нафарро оварда буданд, вале мо ду нафарашро иҷозат надодем, ки вориди бино шаванд”.
Инчунин, дар мурофиаи судӣ ба ҳайси шоҳид чор нафар духтурони шуъбаи эҳёгарии Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён, ки рўзи 25-уми июл Толибҷон Дўстовро қабул карда буданд, низ пурсида шуданд. Аз ҷумла, Зулфиқор Турдиев, ки ҳамон давра ба ҳайси мудири шуъба фаъолият дошт, дар нишондодаш гуфт: “Рўзи 25-уми июли соли 2017 ман дар маҷлис будам. Баъди маҷлис вақте ба шуъба омадам, ба ман гуфтанд, ки ҷасадеро овардаанду духтурон ба ў кўмаки аввалия расонида истодаанд. Ман низ наздашон даромадам. Онҷо Зиёдалиев ба Дўстов нафаси сунъӣ медод, духтур Азиз Маҳмадраҷабов маҳси қафаси сина мекард. Ман дарҳол кори дил ва набзашро санҷидам, дил кор намекард, набзаш ҳам набуд. Яъне, дар ў аллакай нишонаҳои ҳаёт вуҷуд надоштанд”.
Ба суоли он, ки “вақте Толибҷон Дўстов ба шуъбаи эҳёгарӣ ворид шуд, зинда буд ё на?” Зулқайнар Турдиев ҷавоб дод, ки вақте Дўстовро ба шуъбаашон меоранд, ў набудааст ва баъди шояд 20 дақиқаи ворид шуданаш ўро дидааст.
Азиз Маҳмадраҷабов, духтури эҳёгари шуъбаи эҳёгарӣ низ дар нишондодаш қайд кард, ки рўзи 25-уми июли соли 2017 ў дар кўча будааст, ки Дўстовро ба шуъбаи онҳо овардаанд. Толибҷонро Зиёдалиев қабул кардааст ва ўро барои ёрӣ даъват кардаанд: “Вақте ман омадам, Зиёдалиев аллакай Дўстовро қабул кардаву ба ў дастгоҳи нафаси сунъиро пайваст мекард. Мо дарҳол набз ва кори дилашро санҷидем. Дар ў аломатҳои ҳаёт набуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Дўстов то ба дасти онҳо расидан вафот кардааст. Зиёдалиев ба Дўстов нафаси сунъӣ медоду ман маҳси болои дилашро мекардам. Бояд гўям, ки дар шуъбаи эҳёгарӣ дастурамалест, ки нафареро дар ҳолати беҳушӣ ё ба қавли дигар, мурда меоранд, бояд ёрии аввалияи эҳёгариро мо гузаронем. Зеро ду намуди марг мешавад: марги клиникӣ ва марги биологӣ. Агар бемор дар ҳолати марги клиникӣ бошад, имкони ба ҳаёт баргардонданаш ҳаст. Аз ин хотир, ин дастурамал дода шудааст. Вақте Толибҷон Дўстовро ба шуъбаи мо оварданд, дар ў нишонаҳои ҳаёт набуд, вале мо тамоми амалиёти эҳёгариро мувофиқи дастурамал анҷом додем. Танҳо баъди ин амалиётҳо мо мефаҳмем, ки марги биологист ва ё марги клиникӣ. Дар ҳолати Толибҷон, аниқ буд, ки ў дар ҳолати марги биологӣ ба шуъбаи мо ворид шуда буд”.
Ин гуфтаҳои Зулқайнар Турдиев ва Азиз Маҳмадраҷабовро ҳамкасбони дигарашон - духтури эҳёгари ҳамин шуъба Ғаффор Эрмуминов ва бародари навбатдори шуъба Бахтиёр Холматов низ тасдиқ карданд.
Ногуфта намонад, ҳамаи чор нафар духтурони шуъбаи эҳёгарӣ дар баёнотҳояшон гуфтанд, ки дар даҳон ва роҳҳои нафаси Толибҷон Дўстов нишонаҳои қайкунӣ набуд, роҳҳои нафасаш тоза буданд. ”Чунки нафаси сунъие, ки дода мешуд, ба шушҳои ў ба хубӣ мерафт”,- гуфтанд табибон.
Аммо коршиноси судӣ - тиббӣ Қосим Эсанов, ки баъди бе натиҷа анҷом ёфтани амалиётҳои эҳёгарӣ дар сардхонаи Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён ҷасадро кушодаю ташхис кардааст, гуфт: “Толибҷон Дўстов дар беморхона вафот кардааст”. Ин коршиноси судӣ - тиббӣ гуфт: “Ба ёдам нест, аз ШВКД ё Прокуратураи ноҳияи Қубодиён занг зада, хабар доданд, ки нафаре вафот кардаасту ўро бояд кушода аз ташхис гузаронам. Зеро коршиноси судӣ - тиббии минтақавӣ набудааст. Омадам ва ҷасадро кушода ташхис кардам. Ҷасадро дар ҳузури кормандони прокуратура ва ШВКД-и ноҳияи Қубодиён кушодам. Сабаби марги Толибҷон Дўстов - ин басташавии роҳҳои нафас аз ҳисоби боқимондаҳои хўрок ва сактаи дил мебошад. Ман ин хулосаро дар натиҷаи таҳлилҳои гузарондаам додаам. Ба андешаи ман, сўзандоруҳое, ки табибон ба ў гузаронда будаанд, дар вақти зинда буданаш гузарондаанд”. Ва боз илова кард, ки “дар бари гўши чапи ҷасад доғ ё хуносома ва дар рухсорааш доғҳои пўстхарош мушоҳида мешуд”.
Аммо ин коршинос ба суолҳои ҳимоятгарону айбдоркунандаи давлатӣ ҷавоби дақиқе дода наметавонист. Чуноне яке аз ҳимоятгарон хулосаи коршиносро, ки дар қабати парванда мебошад, қироат кард, дар он омадааст, ки гўё Толибҷон Дўстов ду рўз пеш вафот кардааст. Ин эроди ҳимоятчиёнро Эсанов хатои техникӣ арзёбӣ намуд.
Аммо табибони эҳёгар ҳангоми пурсиши такрорӣ дар андешаи қаблии худ монданд ва гуфтанд, ки онҳо худ шоҳиданд, ки вақте Толибҷон вориди шуъбаи онҳо шуда буд, дар ў нишонаҳои ҳаёт вуҷуд надошт.
Бо ҳамин, баррасии навбати парвандаи ҷиноятӣ нисбати Маҳмадулло Идиев ба рўзи 13-уми феврал соати 10 гузошта шуд.