Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Суди шаҳри Хуҷанд барои сабти аудиоии мурофиаи судии шоҳидони марги маҳбус Ҳамза Икромзода - Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев, ки дар СИЗО-и Хуҷанд идома дорад, иҷоза надода, ҳамчунин ба вуруди журналистон ба мурофиаи судӣ монеъ шудааст.
Дар ин бора Абубакр Қулматов, адвокати Суннатулло Ризоев ба TojNews иттилоъ дода, гуфт, мурофиа бо нақзи пурраи ҳуқуқи иштирокдорони мурофиа, аз ҷумла, шоҳидон ва наздикони судшавандаҳо сурат мегирад.
- Судя Мусалмон Шарипов дархости моро дар бораи иштироки журналистон напазируфта, гуфт, ки ба раиси Суди шаҳри Хуҷанд мактуби расмӣ бояд аз номи роҳбарияти расонаҳо пешниҳод кунем. Танҳо дар ин сурат журналистонро ба мурофиаи судӣ роҳ хоҳад дод. Ҳол он ки мурофиа пӯшида нест.
Судя ҳамчунин вақте мо талаб кардем, ки мурофиаи судӣ дар бинои суд баргузор шавад, баҳонаи хандахариш пеш овард, ки посбон надорем, ки то бинои суд шоҳидон ва судшавандаҳоро барем. Ба ҳар ҳол вай гуфт ин масъаларо то рӯзи душанбе ҳал хоҳад кард. Вақте мо гуфтем, ки дар СИЗО имкони сабти мурофиаи судӣ бо дастгоҳи аудиовизуалӣ иҷозат дода шавад, боз як иддаои хандахариш пеш овард, ки дар Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ гуфта шудааст, ки шумо метавонед сабти магнитофонӣ баред. Аммо барои сабти диктофонӣ иҷозат дода намешавад.
Ман гуфтам, ки ҳоло асри 21 аст, мо аз куҷо магнитофон меёбем, шуморо баъди ин кор масхара хоҳанд кард, аммо натиҷа нест. Ҳоло мо тафсири кодексро аз Парлумон дар даст дорем, ки гуфта шудааст, ки магнитофон ва диктофон ҳаммаъноянд. Рӯзи душанбе пешниҳод мекунем ба суд.
Ҳамчунин суд Диловар Арабов, раҳбари муассисаи ислоҳии №3-и Хуҷандро ҷабрдида эътироф карда, дар мурофиа ӯ ҳамчун ҷабрдида иштирок дорад. Гӯё судавандаҳо сабаби нмураттаб шудани фаъолияти муассисаи ислоҳӣ шудаанду, ҷабрдидаи ягона Арабов Дилова будааст. Диловар Арабов ба шиканҷаи Суннатулло Ризоев муттаҳам мешавад. Суннатулло Ризоев бо санг дар баданаш баъди шиканҷаи зиёд, номи ин одамро навишта буд. Аммо акнун вай ҷабрдида аст.
Ман гуфтам, ки ин кори судя ғайриқонунӣ ва шармовару хандаовар аст. Тамоми ин масхарабозӣ ба хотири он аст, ки ин қазия набояд ба расонаҳо роҳ ёбад. Шояд ба судя фишор меоранд? Ман намедонам, аммо аллакай ба суд расман изҳорот додем, ки дар ҳолати дар СИЗО идома ёфтани мурофиа, мо аз ин суд даст мекашем, - гуфт Абубакр Қулматов.
Ёдрас мекунем, дар Суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ду зиндонии маҳбаси рақами 1-и пойтахт, ки дар қазияи марги маҳбус Ҳамза Икромзода шоҳидӣ дода, баъдтар ба маҳбаси рақами 3-и Хуҷанд интиқол доданд, идома дорад.
Ҳамза Икромзода, маҳбуси 28-солаи маҳбаси шаҳри Душанбе, ки 21-уми сентябр ба наздиконаш ҷасади пур аз осори шиканҷааш супурда шуд, ҳудуди 50 нафар ба зиндони Хуҷанд интиқол ёфтанд.
Ин боиси гирдиҳамоии наздикони маҳбусон ва марҳум Ҳамза Икромзода назди бинои Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар пойтахт шуда буд, ки ба иддаои онҳо, мақомот барои ҷазо додани шоҳидони қазияи Ҳамза Икромзода маҳбусонро ғайриқонунӣ ба Шимоли кишвар интиқол доданд.
Мақомот сабаби марги Ҳамза Икромзодаро худкушӣ номиданд. Наздикони марҳум гуфта буданд, пеш аз марги Ҳамза Икромзода аз онҳо телефонӣ ду ҳазор доллар барои аз ҳуҷраи ҷаримавӣ берун кардани марҳум талаб карда буданд. Мақомот ин иддаоро рад карда, осори шиканҷаро дар бадани маҳбус пайи баклажкаҳои гарм унвон карданд, ки барои ба кор даровардани дил гӯё духтури муассисаи ислоҳӣ истифода кардааст.
Миёни гумонбарони қатли Ҳамза Икромзода, раҳбари муассисаи ислоҳии №1-и пойтахт номи Рустам Тоштемировро мегирифтанд, аммо Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ танҳо як нафар аз гумонбарони ин қазия - Маҳмуд Исмоиловро, ки шаби ҳалокати Ҳамза Икромзода навбатдор будааст, муҳлати 5,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.