Гуруҳ оид ба офиятбахшӣ: 46 нафар қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо офиятбахшӣ гузаштанд

Дар соли 2017 аз ҷониби Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо буклети иттилоотӣ таҳия карда шуд, ки маълумот оид ба фаъолият, ҳадаф ва вазифаҳои гуруҳ, инчунин, нишониҳо барои тамосро дар бар мегирад. Буклет бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дастрас аст.

Давоми ду соли охири фаъолият аз ҷониби гуруҳ оид ба офиятбахшӣ бо марказҳои гуногуни тиббӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда ва шартномаҳо баста шуданд. Ҳамзамон, бо кормандони ҷамъиятӣ дар минтақаҳо ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, механизми таваҷҷуҳ ба расонидани кӯмак ба қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо дар назар гирифта шудааст. Инчунин, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ бо ТҶ «Ҷамъияти руҳшиносон-мушовирон ва руҳшиносон дар Тоҷикистон» ба имзо расидааст.

Ҳамзамон, зарурат ба омодасозии касбии мутахассисон, аз ҷумла кормандони ҷамъиятӣ ва равоншиносон вуҷуд дорад. Хизмати ҷамъиятӣ, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амал мекунад, айни замон 4 ҳазор корманди иҷтимоӣ дорад, аммо онҳо ба кор бо қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо ҷалб карда намешаванд.

Инчунин, норасоии равоншиносони касбӣ махсусан дар минтақаҳои кишвар ба мушоҳида мерасад. Мутаассифона, муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон равоншиносони клиникиро омода намесозанд ва барои кори онҳо методҳои кофии коркардшударо надоранд.

Дар давраи ҳисоботӣ 46 нафар барои офиятбахшӣ ворид шудаанд, ки аз онҳо 24 нафар мардҳо ва 22 нафарашон занҳоянд. Аз шумораи умумии қурбониён 21 нафар бевосита қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона буда, 25 нафари боқимонда хешовандони қурбониёни шаканҷа ва ё муносибати бераҳмона мебошанд. Нуҳ нафари онҳо ноболиғонанд. Як нафар аз кӯмак даст кашидааст. Як нафари дигар натавонист кӯмак бигирад, чун ӯ аз толори суд ба ҳабс гирифта шуд.

Аз 21 нафар қурбонии бевоситаи шиканҷа нисбати 19 нафарашон шиканҷаи ҷисмонӣ истифода шудааст: латукӯб бо бастани дасту пойҳо, гузаронидани қувваи барқ тавассути нохунҳои даст, зарбаҳо ба сар, обрезӣ, зарбаҳо ба гурдаҳо, ба шикам ва ба рӯй, латукӯб бо гузоштани китоб ба шикам ва сар (макушка). Қурбонии ҷинси зан ба зарбаҳо ба қисмҳои гуногуни бадан дучор шудааст. Инчунин ӯро аз мӯйҳояш гирифтаву болои фарш кашидаанд, ки дар натиҷа сактаи мағзӣ гирифтааст. Ду қурбонӣ (ҷинси мард) ба фишори руҳӣ, ба мисли таҳдид, пастзании лафзӣ ва таҳқиру бадгуфторӣ дучор гардидаанд.

Кӯмаки тиббӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ расонида шудааст. 42 нафар а) ташхиси тиббӣ (айни замон кӯмаки тиббӣ  - 20 табобати амбулаторӣ ва 16 статсионарӣ мегиранд); б) кӯмаки равонӣ; в) дастгирии иҷтимоӣ гузаштаанд.

Айни замон гуруҳ дар ҳамкорӣ бо намояндагони Гуруҳи кории назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба тадбиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ имкониятҳои ба нақшаи корӣ ворид намудани таъсиси системаи давлатии офиятбахшии қурбониёни шиканҷаро баррасӣ карда истодаанд. Масъалаи дар соли 2018 коркард намудни Консепсия оид ба офиятбахшии қурброниёни шиканҷа ва мониторинг дар сатҳи давлатӣ бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ (коркарди намунаи давлатӣ) пешниҳод гардидааст.

NoTorture.Tj