Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳамоҳангсозии лоиҳа оид ба пешбурди Протоколи Истамбулии Эътилофро ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» бар уҳда дорад.
30-юми октябри соли 2017 бо фармони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба хотири амалисозии Нақшаи миллии фаъолият барои иҷро намудани тавсияҳои давлатҳои узви Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқи Гузориши даврии универсалӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020 дар самти пешбурди стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар фаъолияти муассисаҳои тиббӣ Гуруҳи кории нав таъсис дода шуд. Намояндаи Эътилофи зидди шиканҷа, ҳуқуқшиноси ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» ба ҳайати гуруҳи корӣ дохил шуд.
Дар соли 2017 ин фаъолият тавассути лоиҳаҳои «Боло бурдани иттилоънокӣ ва иқтидори кормандони системаи пенитенсиарӣ, табибон ва аъзои гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои тадбиқи стандартҳои ПИ» бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Финляндия ва БРСММ, «Фаъолият барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон» бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва «Дастгирии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа» бо дастгирии Фонди Зигрид Раузинг Траст амалӣ карда шуд.
Соли 2017 таҳлили Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ мутобиқи стандартҳои Конвенсияи зидди шиканҷа ва Протоколи Истамбулӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи таҳлил барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба КИҶҶ ҶТ тавсияҳо омода гардиданд. Инчунин, ҳангоми омода сохтани дигар ҳуҷҷатҳои стратегӣ оид ба тадбиқи стандартҳои ПИ дар ҳуҷҷатҳои дохилии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» дар масъалаҳои ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ як қатор тренингҳо гузаронида шуданд.
Моҳи декабри соли 2017 Эътилоф дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии «Табибон барои ҳуқуқи инсон» барои аъзо ва шарикони Эътилоф, табибони руҳшинос, табибони клиникаҳои хусусӣ, адвокатҳо, ташхисгарони судӣ-тиббии Вазорати мудофиа, равоншиносон ва кормадони ҷамъиятӣ тренинги чоррӯза баргузор намуд.