Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳангоми пурсиши мизоҷони беморхонаи руҳӣ дар Исфара ҳолатҳои шиканҷа ё дигар намудҳои муносибати бераҳмона ва ё пастзанандаи шаъну шараф муайян карда нашуд. Чунин аст натиҷаҳои гуруҳи мониторингӣ аз ҳисоби кормандони дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, ки 19-20-уми феврал мониторинги муассисаи руҳии вилоятиро гузарониданд.
Дар рафти мониторинг гуруҳро сардухтур, муовини ў, роҳбари шуъбаи мардона, инчунин муовини сардухтур оид ба қисми хоҷагидорӣ ҳамроҳӣ намуданд. Бинои муассиса соли 1961 сохта ва охирин бор соли 2017 таъмир шудааст.
Муассисаи руҳӣ барои 180 нафар ба назар гирифта шудааст, ки дар вақти мониторинг ҳамин қадар мизоҷон ҳузур доштан. Аз ин шумора 102 нафар мард ва 78 нафарашон занонанд. Давомнокии ҳузури мизоҷон дар МР аз як моҳ то якуним сол аст. Барои як мизоҷ дар як рўз 8 сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ҳамон қадар сарф мешавад.
МР 6 камераи наззораи видеоӣ дорад: дар қабулгоҳ, дар даромадгоҳи шуъбаҳои занона ва мардона, дар кўча. Дар ҳуҷраҳои шуъбаҳои занона ва мардона, инчун дар кўчаҳои барои гардишгарии МР камераҳои наззораи видеоӣ вуҷуд надоранд.
Дар муассиса ҳамагӣ 10 ҳуҷра вуҷуд дорад, ки 5-тояш дар шуъбаи занона ва 5-тои дигараш дар шуъбаи мардона ҷойгиранд. Дар се ҳуҷраи барои мизоҷони беэътино тирезаҳо панҷарабандӣ шудаанд. Ҳуҷраҳо ба қадри кофӣ гарманд, гармидиҳандаҳо, инчунин вентилятсияҳои сунъӣ мавҷуданд. Намии ҳаво ҳангоми гузаронидани мониторинг аз 45 то 55 %-ро ташкил медод.
Гуруҳи мониторингӣ иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамаи ҳуҷраҳо катҳои чўбин бо матрасҳо вуҷуд дошта, ҷиҳози хоб тозаанд. Ѓалладонҳо, курсиву мизҳо, шкафу оинаҳо дар шуъбаҳо вуҷуд надоранд. Ҳар ду шуъба ҳоҷатхонаи берунӣ доранд, ки барои сенафарӣ ба назар гирифта шудаанд. Ҳар ду ҳоҷатхона ба таъмири косметикӣ ниёз доранд.
Дар шуъбаҳои мардона ва занона ҳаммомҳо бо ҷойҳои шустушўй (душ) мавҷуданд. Инчунин, ҳуҷраҳо барои шустушўй вуҷуд доранд, ки дар долони шуъбаҳо, рў ба рўи ҳуҷраҳои беморон ҷойгиранд. Оби гарму хунук мавҷуд аст.
Дар МР ҳавлиҳои гардишгарӣ вуҷуд доранд. Мизоҷон мувофиқи тартиби муқарраргардида сайругашт мекунанд.
Ба гуфтаи сардухтур, ҳангоми зарурат ба мизоҷон барои занг задан ба хешовандонашон телефонҳои мобилӣ ва статсионарӣ таъмин карда мешавад. Мизоҷон метавонанд дар дилхоҳ вақт бо хешовандонашон мулоқот намоянд.
Мувофиқи пурсиш, нисбати як нафар мизоҷи ҷинси мард ҷойгиркунии ҳатмӣ аз ҷониби милитсия бо хоҳиши хешовандони ў ҷой доштааст. Дар он ҳангом мизоҷро падараш ҳамроҳӣ кардааст. Дар ҳамаи дигар ҳолатҳо мизоҷон дар МР бо хоҳиши худашон ҷойгир карда шудаанд.
Ба гуфтаи сардухтур, соли 2017 дар МР аз бемориҳои рагу дил ду нафар мизоҷи ҷинси мард фавтидаанд, ки синнашон аз 65-сола боло будааст. Ҳар ду ҳам хешу табор надошта, зиёда аз 20 сол дар МР қарор доштаанд. Онҳоро дар гўристони назди беморхона аз ҳисоби МР гўронидаанд.
Дар натиҷаи боздид, гуруҳи мониторингӣ тавсия медиҳад, ки ҳоҷатхонаҳои берунӣ таъмир карда шаванд, мизоҷон бо ѓалладонҳои алоҳида барои ҳифзи ашёи шахсӣ таъмин гарданд, дар ҳавлиҳои гардишгарӣ камераҳои наззораи видеоӣ насб ва дар МР барои мизоҷон китобхонаи на он қадар калон ташкил карда шавад.