Мониторинги тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Спитамен: боздоштшудаҳо аз шиканҷа шикоят накарданд

Солҳои 2016 ва 2017 ҳолатҳои ҷароҳати ҷисмонӣ дар боздоштшудаҳои дар тавқифгоҳи муваққатии ноҳияи Спитамен қарордошта муайян карда нашудааст. Боздоштшудаҳои дар камера қарордошта зикр карданд, ки нисбати онҳо муносибати бераҳмона ва шиканҷа истифода бурда нашудааст.

Гуруҳи мониторингӣ рўзҳои 21-22-юми феврал аз тавқифгоҳи муваққатии мазкур дидан намуд. Ба гуруҳ баъд аз фаҳмонидани мақсади боздид дастрасӣ ба муассиса таъмин карда шуд.

Ҳангоми мониторинг дар тавқифгоҳи муваққатӣ ду боздоштшуда - як мард ва як нафар зан қарор доштанд.

Дар тавқифгоҳи муваққатӣ 3 видеокамера насб карда шудааст: дар назди даромадгоҳи изолятор, дар долон ва дар ҳавлӣ барои сайругашт. Дар ҳуҷраи тафтишотӣ видеокамера вуҷуд дорад, аммо он насб карда нашудааст.

Дар ҳуҷраи кормандони тавқифгоҳи муваққатӣ дар девор овеза оид ба ҳуқуқҳои боздоштшудаҳо, тартиби рўз, уҳдадориҳои сардори тавқифгоҳи муваққатӣ вуҷуд дорад. Дар камераҳо маълумот оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони боздоштшуда вуҷуд надорад.

Кўмаки тиббиро табиби «Ёрии таъҷилӣ» мерасонад. ШВКД бо беморхонаи ноҳиявӣ дар бораи расонидани кўмаки аввалияи тиббӣ дар ҳолатҳои зарурӣ шартнома дорад.

Дар тавқифгоҳи муваққатӣ картсер вуҷуд надорад.

Бинои ШВКД соли 1964 сохта шуда, таъмири асосии охирин тирамоҳи соли 2017 анҷом дода шудааст. Дар тавқифгоҳи муваққатӣ 3 камера барои боздоштшудаҳо вуҷуд дорад. Дар ҳар камера 2 ҷойи хоб дар шакли кати чўбин, ки болояшон матрас густурда мешавад, мавҷуд аст. Як камера барои ноболиѓон пешбинӣ шудааст. Барои озодона хондану навиштан рўшноӣ дар камера кофӣ аст. Ҷойхобҳо дар ҳолати қаноатбахш қарор доранд.

Ҳангоми мониторинг дар камераҳо ҳарорати ҳаво +21 ва намӣ - 59% буд.

Ҳаммом дар ҳавлии ШВКД ҷойгир шуда, 4 ҳуҷра барои шустушўй бо оби хунуку гарм дорад. Ду асбоби обгармкунӣ (термекс) насб карда шудааст. Боздоштшудаҳо тибқи хоҳиши худ дар дилхоҳ вақт метавонанд дар ҳаммом шустушўй кунанд. Ҳаммом нав аст ва дар ҳолати аъло қарор дорад.

Ҳоҷатхона дар ҳавлии барои сайругашт ҷойгир буда, дари баландиаш 1,5 метр дорад. Ҳолати ҳоҷатхона қаноатбахш аст.

Ҳавлӣ барои сайругашт дар охири долон ҷойгир аст ва ба кўча мебарояд. Шифт бо арматура панҷарабандӣ карда шуда, паноҳгоҳ аз боду борон вуҷуд дорад.

Дар ШВКД ошхона мавҷуд нест. Чун қоида, боздоштшудаҳо дар тавқифгоҳи муваққатӣ на зиёда аз 3 рўз нигоҳ дошта мешаванд. Дар давоми ин муддат барои боздоштшудаҳо хещовандонашон хўрок дастрас мекунанд. Агар боздоштшуда хешованд надошта бошад, навбатдори тавқифгоҳи муваққатӣ расонидани хўрокро аз ошхонаи наздиктарин ташкил мекунад.

Гуруҳи мониторингӣ дар натиҷаи боздид тавсия дод, ки дар ҳуҷраи тафтишотӣ камераи наззораи видеоӣ насб карда шавад.

NoTorture.Tj