Суд барои санҷиши далелҳои шиканҷа таъинот баровард

Бо таъиноти судяи Суди Олӣ парвандаи се нафар шаҳрванди Тоҷикистон боздошта ва барои санҷиш дар самти шиканҷа ба Прокуратураи генералӣ ирсол карда шудааст.

Дар ин бора адвокат Ориф Султонов, ки аз чониби ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шаканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад, ҷалб гардидааст - иттилоъ дода, афзуд, ки «санаи 13-уми январи соли 2018 Прокуратураи ноҳияи Рашт нисбати Абдураҳмонов Саидмурод Сайраҳмонович, Ятимов Мададшо Искандарович ва Қаҳҳоров Иброҳим Гадоевич бо моддаҳои 104 қисми 2 ва 186 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст. Нисбати гумонбаршудагон - нозирони минтақавӣ, кормандони кофтукови ҷиноятии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт латукўбро раво дидаанд. Шиканҷа дар намуди латукўб дар қисмати поёнии бадан ва дар қисмати болои сар сурат гирифта, аз он ҷумла, дар натиҷа Абдураҳмонов Саидмурод ношунаво шудааст. Муовини сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт дар қисмати сар латукўби бераҳмона карда, забони ўро аз даҳонаш кашида бароварда, розӣ кунониданӣ шудааст, ки гуноҳро ба гардан гирифта, имзо гузорад. Гўё кушторро дар санаи 19-уми сентябри соли 1998, ки мудири фермаи деҳаи Ялдамичи ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт Маҳмадов Акбар (соли таваллудаш 1942)-ро шахсони номаълум ба қатл расонидаанд, инҳо содир карда бошанд. Ин нафарон ба сифати гумонбаршуда дар курсии ҷиноятӣ нишаста ҷавоб дода истодаанд. Шиканҷа нисбати онҳо аз ҷониби кормандони милиса раво дида шуда, дар натиҷаи латукўб безор шуда ва ҳамаро ба гардан гирифта, гуфтаанд, ки «чизе мехоҳед, имзо мекунем, то дигар шиканҷаро нисбати мо истифода набаред»».

Ба иттилои ў, айни ҳол парвандаи ҷиноятӣ дар марҳилаи судӣ дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.

- Бо ташаббуси мо - адвокатҳо, ки ҳуқуқу манфиатҳои зерҳимояҳоямонро дар марҳилаи чи тафтишоти пешакӣ дар Прокуратураи ноҳияи Рашт ва чи дар марҳилаи судӣ дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя менамоем, аризаҳо дар ҳама марҳилаҳо пешниход гардиданд, ҳам ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ҳам ба Вазорати корҳои дохилӣ низ. Ва ахиран бо таъиноти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисикунанда Ваҳобзода Шаҳло аз 29-уми майи соли 2018 дар хусуси санҷиши ҳолатҳои шиканҷа парвандаи ҷиноятӣ ба Прокуратураи генералӣ фиристода шуд,- афзуд О. Султонов.

Адвокати дуюм - Дилбар Урунова низ чунин ҳолати корро тасдиқ карда, аз ҷумла гуфт: «Чӣ далелҳое, ки вобаста ба шиканҷа доштем, пешниҳод кардем. Дархостҳоямонро суд қонеъ кард. Ҳоло парванда боздошта шуда ва барои санҷиши далелҳои шиканҷа ба прокуратура фиристода шудааст».

Аксҳои қурбониёни эҳтимолии шиканҷа:

NoTorture.Tj