Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Додситонии ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе тафтиши хабари “облава” шудани як сокини 19-солаи Ҳисорро ба поён расонд.
Хонаводаи Шаҳром Абдуллоев моҳи апрели имсол дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддао карда буданд, ки фарзанди бемори онҳо “облава” шудааст ва агар дар роҳ ба сӯи комиссариати ҳарбӣ аз ҳуш намерафт, ба артиш бурда мешуд. Ба қавли онҳо, Шаҳром мубталои бемории "саръ" ё эпилепсия (бемории асаб, ки дар он рагу мушакҳо мекашад) буда, ҳар замон дардаш хуруҷ мекунад.
Табибони шифохонаи шаҳри Ҳисор низ бемории Абдуллоевро тасдиқ карда буданд.
Тафсилотро дар инҷо бихонед:
Ба ҷои артиш – ба бемористон. Ҷавони бемор мегӯяд, "облава" шудааст
Аммо муфаттишони Додситонии ҳарбии гарнизони Душанбе дар хулосаи худ, ки 19-уми июн дастраси Радиои Озодӣ шуд, гуфтаанд, иддаои бемории Шаҳром Абдуллоев беасос аст ва, “бараъкс, ӯ аз хидмат дар артиш саркашӣ кардааст”. Додситонӣ ҳамчунин мегӯяд, "афроди масъул дар ин ҳодиса ба ягон қонуншиканӣ роҳ надодаанд".
Додситонии ҳарбии гарнизони Душанбе мегӯяд, бори дувум масъулони маҳаллии комиссарияти ҳарбӣ ба манзили Шаҳром Абдуллоев рафта, ба ӯ даъватнома пешниҳод кардаанд. Аммо, ба гуфтаи мақомоти додситонӣ, волидони ин ҷавони сокини Ҳисор нисбат ба онҳо суханони таҳқиромез гуфтаанд.
Ин аст, ки ба гуфтаи додситонӣ, сардори мизи ҳарбии ҷамоати шаҳраки Ҳисор барои нагирифтани даъватнома, санад (парванда) тартиб медиҳад. Аз ин ҳолати пешомада Шаҳром Абдуллоев худро бемор вонамуд карда, ба замин меандозад. Гузориши Додситонии ҳарбии гарнизони Душанбе мегӯяд, ки барои ёрии аввалия расонидан ба Шаҳром, бо хоҳиши модараш ӯро барои ба беморхона бурдан, ба мошин дохил менамоянд.
“Модари Шаҳром гумон менамояд, ки писарашро ба беморхона неву ба комиссариати ҳарбӣ мебаранд. Аз кумаки онҳо даст кашида, писарашро якҷо бо ҳамсояҳояш ба беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор бурдааст",-омадааст дар посухи Додситонии ҳарбии гарнизои Душанбе.
Дар Тоҷикистон дар як сол ду дафъа даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ сурат мегирад. Бо вуҷуди талоши мақомот, ҳанӯз ҳам дар бораи вуҷуди “облава” дар ин маъракаҳо шикоят мешавад.