Додхоҳии падари як маҳбус аз Раҳмон барои наҷоти фарзанд

Додхоҳии падари як маҳбус аз Раҳмон барои наҷоти фарзанд

Падари як маҳбуси зиндонӣ мегӯяд, ки писари вай дар зиндони шумораи 3/2 дар наздикии ноҳияи Ваҳдат шадидан шиканҷа шуда ва дар вазъи вахиме қарор дорад.

Маҳмадшариф Зоҳидов, сокини ноҳияи Ҳисор, ки барои додхоҳӣ аз Президент Раҳмон дар назди бинои раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, мегӯяд, ки танҳо умеди вай барои наҷоти ҷони писараш ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон будааст.

Зеро масъулони ниҳодҳои дигари зидахли давлатӣ ба шикояти вай дар мавриди шиканҷа шудан ва дар вазъи ногувор карор доштани писари ӯ гӯш надода ва аз баррасии номаи шикоятии ин хонавода худдорӣ карданд.

Оқои Зоҳидов афзуд, ки дархости аслии ӯ аз Прездент Раҳмон расидагии масъулони ниҳодҳои зидахл ба вазъи фарзанди захмиааш дар зиндон будааст.

Оқои Зоҳидов афзуд: “Мо рӯзи шанбе ба Додстонии кул ва назди Иззатулло Шарифов (раиси Идораи зиндонҳои Тоҷикистон) рафтем, аммо ҳар ду ниҳод аз қабул кардани мо худдорӣ карданд. Танҳо умедамон ба Ҷаноби олӣ (Раҳмон) аст ва агар ин ҷо ҳам ба шикояти мо нарасанд, мо маҷбурем, ки ба назди зиндон равем ва худамонро оташ занем.”

Оқои Зоҳидов муддаъист, ки Муҳаммадиқбол, писари зиндонии ӯро, Баҳриддин Авазов, яке аз кормандони зиндони мавсум ба “Кирпичний” дар наздикии ноҳияи Ваҳдат мавриди лату кӯби шадид қарор додааст.

Муҳаммадиқбол Зоҳидов фарзанди ин марди солмандро дар соли 2006 додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душане ба муддати 15 сол равонаи зиндон карда буд.

Волидони Муҳаммадиқбол, ки рӯзи душанбеи 28 октябр, бо номаи шикоятии худ дар назди қасри раёсати ҷумҳурӣ барои додхоҳӣ истода буданд, мегӯянд, ки масъулони ин ниҳод низ онҳоро ба баҳонаи "дар сафари корӣ қарор доштани Президент Раҳмон" напазируфтаанд.

Оқои Зоҳидов мегӯяд, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта аз ҳоли писараш дар зиндони “Кирпичний” хабар гирифта ва ӯро дар вазъияти вахим пайдо кардааст.

Вай афзуд: “Писарамро наздам дар каталака (кат-ароба) оварданд ва тамоми рӯй ва бадани ӯ захмӣ буд. Ман дидам, ки вазъи фарзандам хеле бад аст. Агар дар ин рӯзҳо ӯро назди духтур набаранд, бо писарам ягон воқеъи нохуш рух хоҳад дод.”

Хонуми Саидова гуфт, ки баъд аз шунидани хабар дар мавриди лату кӯб шудани фарзандаш вай бемор шудаасДар ҳамин ҳол, як масъули идораи умури зиндонҳои Вазорати додгустарии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 28 октябр дар суҳбати телефунӣ бо Би-би-сӣ гуфт, ки кормандони вижаи ин идора аз зиндони “Кирпичний” дидан карданд ва мавориди лату кӯб шудани зиндониён дар ин муассисаро кашф накардаанд.

Ин манбаъ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ҳамчунин таҳти шиканҷа қарор гирифтани зиндониён дар ин маҳбасхонаро такзиб кард.

Аммо Сафармоҳ Саидова, модари Муҳаммадиқбол мегӯяд, ки вай хабари лату кӯб шудани фарзандашро аз шавҳараш шунидааст ва ба тақозоҳои ӯ барои дидани фарзандаш масъулони зиндон посухи рад додаанд.

Хонуми Саидова, ки зоҳиран бемор ба назар мерасид, мегӯяд, баъд аз шунидани хабари шиканҷа шудани писараш, вазъи саломаташ бад шудааст.

"Ба Раҳмон наздик шудан намемонанд!"

Маҳмадшариф Зоҳидов мегӯяд, ки ҳудуди даҳ соли қабл кормандони интизомӣ ду фарзанди вайро боздошт карда ва додгоҳи ноҳияи Сино писаронашро тибқи моддаи 249 қисми 4- Қонуни ҷазои Тоҷикистон, яъне сирқат бо истифода аз аслиҳа, муҷрим дониста ва барои муддати тӯлонӣ равонаи зиндон кардаанд.

Аммо волидон Муҳаммадиқбол, фарзанди кучаки худро бегуноҳ медонанд ва мегӯянд, замоне ки фарзанди онҳо боздошт шуда буд, бозрасон аз онҳо ба изои озод кардани вай як ҳазор дулор талаб карда буданд. Вале он замон онҳо ин қадар пулро пайдо карда натавонистанд.

Оқои Зоҳидов мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар як сол чанд бор ба ноҳияи Ҳисор меравад ва ӯ ҳар замон мехост, ки ба назди Президент Раҳмон равад ва аз мушкили худ сӯҳбат кунад.

Аммо вай афзуд: “Ҳамеша замоне, ки ман ба макони мулоқоти Ҷаноби Олӣ (Раҳмон) надик мешудам, моро посбонҳо намегузоштанд, ки назди ӯ равем ва дарди диламонро ба раҳбари кишвар бигӯем. Ҳар касе, ки дар мулоқот бо раиси ҷумҳурӣ ширкат мекард, даъватнома дошт ва алоқамандони мисли маро барои ширкат дар ин мулоқот намемонданд.”

Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Зоҳидов, вай умед дошт, ки намояндагони оқои Раҳмон дар замони корзори интихоботӣ ба рустои онҳо меоянд ва ӯ аз душвориҳои ба сари ин хонавода омада ва ба бавижа бегуноҳ ба зиндон фиристода шудани фарзандаш ба онҳо шикоят мекунад. Аммо ӯ афзуд, ки то ҳол ба рустои ӯ касе аз намояндагон ва ё номзадҳои интихобот наомадаанд.

Ин нахустин бор нест, ки дар Тоҷикистон масъалаи эъмоли шиканҷа алайҳи зиндониён матраҳ мешавадИн нахустин бор нест, ки дар Тоҷикистон пайвандони бисёре аз зиндониён аз эъмоли шиканҷа алайҳи хешовандони зиндониашон дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон шикоят мекунанд.

Гузоришҳои расонаҳо дар тобистони соли 2012 ҳокӣ аз даст задани се зиндонӣ ба худкушӣ дар маҳбасхонаи мавсум ба “Кирпичний”, дар наздикии ноҳияи Ваҳдат будаанд.

Ба дунболи ин хабарҳо Ботурхон Исмоъилов, раиси ин зиндон ва муъовини ӯ аз фаъолият барканор шуда буданд, аммо масъулони вазорати додгустарӣ он замон мавҷудияти мавориди худкушӣ дар ин зиндонро такзиб карда ва гуфта буданд, ки сабукдӯш шудани раиси ин зиндон ва муъовини вай ба ин ҳодиса рабте надоштаанд.

Аз сӯйи дигар, додгоҳи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе дар баҳори соли ҷорӣ Маҳмуд Исмоъилов, яке аз кормандони зиндони шумораи яки ин шаҳрро дар лату кӯби як маҳбус муқассир дониста ва ӯро бар асоси қисми 3 моддаи 316-и қонуни ҷазои Тоҷикистон, яъне "хориҷ шудан аз ҳадди салоҳият" барои панҷ солу панҷ моҳ равонаи зиндон кард.

Бар асоси ҳукмномаи ин парванда, Ҳамза Икромзода бар асари лату кӯби оқои Исмоъилов худро ба дор кашидааст. Аммо волидони Ҳамза мегӯянд, ки Ҳамза худкушӣ накарда ва дар асари лату кӯби зиндонбонҳо фавтидааст.

Ҳамчунин яке дигар аз додгоҳҳои шаҳрӣ Вазорати додгустарии Тоҷикистонро водор ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ғаромат ба ҳамсари Исмоъил Бачаҷонов кард, ки дар яке аз зиндонҳои ин кишвар дар асари шиканҷа даргузашта буд.

Ҳарчанд Иззатулло Шарифов, раиси Идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба расонаҳо, аз ҷумла Би-би-сӣ, ҷой доштани зӯроварӣ алайҳи зиндониён дар муассисоти бастаи ниҳоди худро такзиб карда буд.

Би-би-сӣ