Ҳимоятгарони ҳуқуқ дар якҷоягӣ бо идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон силсилаи чорабиниҳои маълумотноксозиро гузарониданд

Дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Фаъолият барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон», ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» дар якҷоягӣ бо идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои кишвар силсилаи чорабиниҳои маълумотноксозиро баргузор намуд. 

Чорабиниҳои маълумотноксозӣ бо иштироки намояндагони мақомоти гуногуни давлатӣ моҳҳои июл ва августи соли 2018 дар Файзобод, Лахш, Ашт, Дарвоз, Ховалинг, Балҷувон ва Хоруғ гузаронида шуданд.

Ба ҳайси гузоришгарон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, намояндаи Прокуратураи генералии ҶТ Шамс Нурализода, профессор Тақдиршо Шарипов, инчунин намояндагони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, аъзои гуруҳи мониторинги ҷомеаи шаҳрвандӣ баромад карданд. 

Дар баромадҳои худ гузоришгарон ба иштирокчиёни чорабиниҳо оид ба ҳуқуқҳои асосии нафароне, ки мувофиқи Кодеси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ адои ҷазо мекунанд, дар бораи зарурати тасдиқи Протоколи факултативии Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ ва таъсиси Механизми миллии пешгирикунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавриди фаъолияти гуруҳи мониторингӣ оид ба боздид аз муассисаҳои пўшида ва нимапўшидаи кишвар, инчунин дар бораи зарурати иҷро шудани тавсияҳои давлатҳои аъзои Шўрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи лоиҳаи Гузориши даврии универсалӣ аз ҷониби Тоҷикистон маълумот доданд.

Фаъолияти мазкур дар доираи лоиҳаи «Фаъолият барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон (Лаҳистон, Варшава) маблағгузорӣ мешавад, амалӣ мегардад. Лоиҳа аз ҷониби Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳамкорӣ бо ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» , ТҶ «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ», ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» ва ТҶ «Ташаббуси ҳуқуқӣ» амалӣ карда мешавад.

Барои дарёфти маълумоти бештар, метавонед ба Таҳмина Ҷўраева муроҷиат намоед. Тел.: (+992 37) 2244145 ё тавассути суроғаи электронӣ: bhr.taj@gmail.com.

NoTorture.Tj