Наҷиба Ширинбекова: Мо аз болои тафтишоти расмӣ аз рӯи парвандаҳо оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона назорати ҷамъиятӣ мебарем

Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ дар ҳайати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон чанд сол пеш ташкил ёфта, то имрӯз тавонистааст ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад. Суҳбате доштем бо роҳбари гуруҳи мазкур Наҷиба Ширинбекова.

- Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ чи гуна гуруҳ аст?

- Мо, аъзо ва шарикони Эътилоф, ба расонидани кӯмаки фардии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо аҳамияти бештар медиҳем. Хусусан аз нигоҳи ана ҳамин шарт, яке аз аввалин гуруҳҳои корӣ, ки дар назди Эътилоф ташкил ёфт, Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ (ГКҲ) буд. Ба он намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқшиносон ва адвокатҳое дохил мешаванд, ки таҷрибаи расонидани кӯмаки ҳуқуқиро доранд.

Вақте мо дар бораи ҳолати эҳтимолии истифодаи шиканҷа аз хешовандон, тариқи ВАО ё дигар манбаъҳо иттилоъ мегирем, маълумотро ҳатман ҳуҷҷатгузорӣ мекунем ва бо дарназардошти захираву имкониятҳое, ки ташкилотҳо пешниҳод месозанд, санҷиши аввалияро мегузаронем. Яъне, далелҳои мавҷуда гирдоварӣ ва шикоятҳои дар мавриди қонунвайронкунии эҳтимолӣ ба мақомоти давлатӣ пешниҳодгардидаву натиҷаҳои онҳо таҳлил карда мешаванд. Инчунин, барои гирдоварии далелҳои зарурӣ оид ба муроҷиат як қатор чораҳои дигар андешида мешаванд. Мо кӯшиш мекунем, ки барои ҳалли масъалаи имконпазир ва ҳадафрас будани кӯмаки ҳуқуқӣ тамоми маълумоти вуҷуддоштаро дастрас намоем. Ҳамаи ин корҳо дар муҳлатҳои муносиб амалӣ мегарданд ва баъдан оид ба ҷудо намудани воситаҳо барои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ дастаҷамъона қарор қабул карда мешавад. Дар баробари муроҷиат, қарор оид ба кӯмак ҳам дарҳол қабул мегардад.

Агар маълумот барои пайдо шудани эҳтимолият, ки шиканҷа ҷой доштааст, кофӣ бошад, мо худамон мустақилона ва ё бо даъват кардани адвокат кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонем. Ба аризадиҳанда қоидаву усулҳои кори мо, инчунин хатарҳое, ки дар рафти кор пеш омаданашон мумкин аст, фаҳмонида мешавад. Вай шартномаи сеҷониба миёни худ, ташкилот ва адвокатро оид ба кӯмаки ҳуқуқии ройгон имзо мекунад.

Бояд зикр намуд, ки кӯмаки ҳуқуқӣ танҳо дар мавриди далели шиканҷа ва муносибати бераҳмона расонида мешавад. Барои айби эълоншуда мо адвокат пешниҳод намекунем. Мо ҷиддан дар доираи қонунгузории амалкунанда, инчунин талаботҳои созишномаҳои байналмилалӣ, ки аз ҷониби кишвар эътироф гардидаанд, фаъолият менамоем. Фаъолияти мо як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла ҳуҷҷатгузории хабарҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона; расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ бо шумули машварати ҳуқуқӣ ва намояндагӣ аз манфиатҳо дар мақомоти давлатӣ ва суд; ҳамоҳангсозии фаъолияти вобаста ба расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ бо дигар ташкилотҳо, адвокатҳо, коршиносон, ВАО; ҳамкорӣ бо адвокатҳои амалкунанда дар масъалаи такмили донишҳояшон дар самти стандартҳои милливу байналмилалии мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона; истифодаи механизмҳои байналмилалии ҳимоя, аз ҷумла пешниҳода шикоятҳои фардӣ ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсонро дар бар мегирад.

- Шумо ба дилхоҳ муроҷиаткунандае, ки худ ё павандонашро қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмона меҳисобад, кӯмак мерасонед?

- Не, мо ба ҳамаи муроҷиаткунандагон кӯмаки ҳуқуқӣ намерасонем. Тавре ман аллакай зикр намудам, мо аввал санҷиши ҷиддии маълумотро мегузаронем. Албатта, ҳолатҳое мешавад, ки бо сабабҳои гуногун аз расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ даст кашидан лозим меояд: нокифоягӣ ё мавҷуд набудани далелҳои исботкунанда, гузаштани муҳлати зиёд, асоснок набудани маълумоти пешниҳодшуда ва ғайра. Аммо ҳатто дар ин ҳолатҳо низ ҳуқуқшиносони мо ба аризадиҳанда барои омода намудани шикоятҳо ба Прокуратураи генералии ҶТ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, Суди Олӣ ва дигар мақомоти ваколатдор то ҷои зарурӣ кӯмак мерасонанд.

Баъзе муроҷиаткунандагон аз шикоят оид ба далели шиканҷа ва муносибати бераҳмона даст мекашанд. Дар чунин ҳолатҳо мо оҳоро барои гузаштани офиятбахшии тиббиву равонӣ ба Гуруҳи офиятбахшии Эътилоф мефиристонем. Дар тӯли фаъолияти мо вуҷуд доштанд ҳолатҳое, ки бо сабаби вайрон шудани талаботи Шартнома оид ба расонидани кӯмаки ҳуқуқии ройгон аз ҷониби муроҷиаткунанда ё даст кашидани худи ӯ бо сабабҳои гуногун, расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ қатъ карда шуд. Нафаре, ки ба мо муроҷиат мекунад, бояд ариза оид ба расонидани кӯмаки ҳуқуқиро бо хоҳиши худ, бидуни таъсироти беруна имзо намояд.

- Химатрасонии ҳуқуқии адвокатҳоро кӣ маблағгузорӣ мекунад?

- Дар ихтиёри ГКҲ Фонди ҳаққи қалами Эътилоф қарор дорад, ки аз ҳисоби воситаҳои бурсиявии сарпарастон аз ташкилотҳои гуногун ташкил карда мешавад. Аввалан, ин воситаҳо вақте истифода бурда мешаванд, ки қурбонии эҳтимолии шиканҷа ё хешовандони ӯ барои пардохти маблағи хизматрасонии адвокат ва дигар хизматрасониҳо имконияти молӣ надоранд. Дувум, вақте, ки парванда хислати стратегӣ дорад. Қарор дар бораи ҷудо намудани маблағи хизматрасонии адвокат дар яҷоягӣ бо аъои Комиссия оид ба Фонди ҳаққи қалам қабул карда мешавад.

- Аз аввали имсол чанд нафар барои гирифтани кӯмак ба шумо муроҷиат карданд?

- Дар давраи аз 1-уми январ то 30-юми сентябри соли 2018 аз ҷониби ГКҲ ва ташкилотҳои узви Эътилоф 37 муроҷиат оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи эҳтимолӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд, ки аз ин шумора 2 нафарашон ноболиғон ва 4 нафар занҳои қурбонианд. Вобаста ба 27 муроҷиати нав ва 3 муроҷиате, ки солҳои гузашта ба қайд гирифта шуда буданд, кӯмаки ҳуқуқӣ расонида шуд.

- Аз замони таъсиси Эътилоф чанд парванда пайгирӣ шудааст?

- Муроҷиатҳои бештар пуровозаро номбар мекунам, ки аз ВАО ба хонандагон маълуманд. Масалан, парвандаи Умар Бобоҷонов (соли 2015), ки Прокуратураи шаҳри Ваҳдат бо асоси «муайян нагардидани нафаре, ки бояд ба сифати гунаҳгор ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шавад» се маротиба дар бораи боздоштани тафтишоти ҷиноятӣ оид ба далели марг қарор баровард. Айни замон адвокат аз манфиатҳои падари ҷабрдида эътирофшуда дар марҳилаи чоруми тафтишоти иловагӣ, ки аз ҷониби Прокуратураи генералӣ пеш бурда мешавад, намояндагӣ мекунад. Ё парвандаи Шамсиддин Зайдуллоев (соли 2015), ки бо асоси «набудани таркиби ҷиноят» қатъ карда шуд. Боз, парвандаи Саймурод Орзуев (соли 2014), ки дар натиҷаи истодагарии адвокат тафтишоти иловагии 11-умаш аз сар гирифта шудаву Прокуратураи генералӣ онро ба истеҳсолоти худ қабул кардааст. Инчунин, парвандаи марги Исмонбой Бобоев дар натиҷаи шиканҷа (соли 2010), ки баъди гирифтани мулоҳизоти Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон ахиран бояд беғаразона тафтиш карда шавад.

Дар соли 2018 мо муваффақ гардидем, ки аз ҷониби судҳои кишвар дар натиҷаи баррасии аризаву шикоятҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати кормандони шуъбаҳои милисаи шаҳрҳои Конибодому Панҷакент, ноҳияи Ёвон ва ду нафар корманди фаврии шаҳри Кӯлоб таъинотҳои фардӣ бароварда шаванд. Дар ин ҳуҷҷатҳо ба қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ дар фаъолияти кормандони милиса оид ба он парвандаҳое аҳамият дода мешавад, ки ҳангоми мурофиаҳои судӣ аз шиканҷа шикоят шуда буд.

Дар соли 2018 дар натиҷаи кори фаъолонаи адвокат муваффақ гардидем, то нисбати нафароне, ки аз шиканҷа истифода бурдаанд, ҳукми айбдоркунӣ бароварда шавад ва онҳо бо ҳукми Суди гарнизони шаҳри Хуҷанд ба муҳлати 13 ва 12 сол бо иҷрои ҷазо дар колонияи низомаш пурзӯр аз озодӣ маҳрум гарданд.

Ба фикрам, бисёриҳо аз ВАО медонанд, ки Прокуратураи ноҳияи Ёвон нисбати кормандони милисаи Ёвон бо моддаи «Шиканҷа» парванда оғоз кард ва айни замон тафтишоти муқаддамотӣ рафта истодааст.

Дар бораи дигар парвандаҳои пурсарусадо, ки мо аз манфиатҳои қурбониён ва хешовандонашон намояндагӣ кардем, метавонед аз торнамои Эътилоф - www.notorturetj.org хонед.

Албатта, мо на ҳама вақт ба муваффақият ноил мегардем. Парвандаҳои зиёде ҳастанд, ки онҳоро зиёда аз панҷ сол боз пайгирӣ мекунем, аммо ҳолатҳои номбурда дар фаъолиятамон ба мо боварӣ мебахшанд, ки корамон муҳим ва онро идома додан зарур аст.

Мо дарк мекунем, ки дар баробари ҳимояи ҳуқуқии қурбониёни шиканҷа, инчунин барои амалисоии механизми мавҷудаи вокуниш ва тафтиши шиканҷа, ки имрӯзҳо он қадар самаранок нест, кор кардан лозим аст.

- Барои чӣ нафарони ба нақзи ҳуқуқи инсон дучоршуда лозим медонанд, ки ба шумо муроҷиат кунанд, на ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ?

- Ман ба ин гуфта на он қадар розиам. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ наметавонанд мустақилона тафтишот гузаронанд ё нафарони дар истифодаи шиканҷа гунаҳгорро ҷазо диҳанд. Мо ҳам ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунем ва тартибу механизмҳои ҳуқуқии ҳимояи қурбониёни шиканҷаро истифода мебарем.

Бояд дар хотир дошта бошем, ки фаъолияти ҳимоятгарии ҳуқуқ - ин фаъолияти махсус дар доираи ваколатҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст. Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ - мутахассисоне, ки дар мавриди кор бо мушкилоти шиканҷа ва муносибати бераҳмона донишу таҷрибаҳои махсускунонидашуда доранд.

Чун дигар институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, вазифаи мо назорати ҷамъиятӣ аст, аз ҷумла аз ҷараёни тафтишоти расмӣ, ки дар доираи он барои гирдоварӣ ва баҳогузории далелҳо, барқарор намудани ҳолатҳое, ки барои натиҷаи тафтишот аҳамиятноканд, инчунин дар барқарор сохтани ҳуқуқҳои нақзшуда ба мақоми расмии тафтишотӣ мусоидат карда мешавад.

Бояд зикр намуд, ки махсусан давлат барои ҳимояи шаҳрвандон аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона масъул аст. Дар Тоҷикистон шиканҷа аз рӯи қонун пайгирӣ мешавад ва агар далелҳо бо истифода аз шиканҷа, муносибати бераҳмона, зӯроварӣ, таҳдид, фиреб ё ягон амали ғайриқонунии дигар ба даст омада бошанд, эътироф карда намешаванд. Қонунгузорӣ инчунин як қатор кафолатҳоеро пешбинӣ кардааст, ки бояд дар амал истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро то ҳадди ақал коҳиш диҳанд.

Ба назари мо, ҳаҷми муроҷиатҳо ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои дарёфти кӯмаки ҳуқуқӣ ба он вобаста аст, ки шаҳрвандон на ҳамеша аз натиҷаҳои муроҷиатҳояшон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қаноатманданд. Таҷрибаи мо нишон медиҳад, ки на ҳамаи шикоятҳо аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона то марҳилаи баррасии судӣ рафта мерасанд ва сабабҳо зиёданд: мавҷуд набудани далелҳои исботкунанда, набудани ташхисгарони судӣ-тиббии мустақил, даст кашидани қурбонӣ аз шикояти оянда бо сабаби нобоварӣ, стресс, фишор, камбуди воситаҳои моливу вақт, надоштани дониши ҳуқуқӣ, «дастгирӣ» миёни баъзе мақомоти ҳифи ҳуқуқи баъзе ноҳияҳо ва ғайра.

Мутаасифона, дар ҳамаи ин системаи душвори ҳамкории мақомоти давлатӣ ва институтҳои мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона шаҳрвандони оддӣ «гум мешаванд» ва ба кӯмаки ҳуқуқии баландсифат ниёзманд мегарданд.

NoTorture.Tj