Тафтишоти марги Исмонбой Бобоев 7-ум маротиба боздошта шуд

Парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи далели марги сокини ноҳияи Исфара Исмонбой Бобоев, ки соли 2010 ҳангоми боздошт дар РМЗҶМ-и вилояти Суғд дар натиҷаи шиканҷа даргузашт, маротибаи 7-ум боздошта шуд.

«Бояд зикр намуд, ки тафтишоти марги Исмонбой Бобоев баъди гирифтани мулоҳизоти Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон аз моҳи августи соли 2017-ум 7 маротиба аз сар гирифта шуд. Кумита муроҷиатро баррасӣ намуда, нақзи ҳуқуқро аз ҷониби давлат ба манфиати Ҷӯрабой Бобоев - падари Исмонбой тибқи ячанд моддаи Созишномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ эътироф кард»,- зикр намуд Директори ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» Шоира Давлатова.

Абдураҳмон Шарипов, ки аз рӯи парвандаи мазкур ҳамчун адвокати ҷониби ҷабрдида баромад мекунаду хизматрасониаш аз тарафи ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон таъмин карда мешавад, 16-уми отябри соли 2018 бо имзои сардори шуъбаи Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ Қаландаров А. Д. мактуб гирифтааст. Дар мактуб гуфта мешавад, ки парванда тибқи моддаи 230-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии кишвар (Асос, тартиб ва муҳлати боздоштани тафтишоти пешакӣ) боздошта шудааст.

«Аммо дар мактуби ҷавобӣ гуфта нашудааст, ки тафтишот аз рӯи кадом қисм ва тибқи кадом асоси пешбининамудаи моддаи 230-и КМҶ ҶТ боздошта шудааст. Дар ҳоле, ки қаблан тафтишоти парванда дар асоси моддаи 230, 1, эзоҳи 3-и КМҶ ҶТ (дар сурати бемории руҳӣ ё ягон бемории вазнини дигар доштани айбдоршаванда, ки аз ҷониби табиби муассисаи давлатии тиббӣ тасдиқ гардидааст) боздошта шуда буд. Қарор дар бораи боздоштани парванда бо далели бемории айбдоршавандаҳо дар соли 2012 бо қарори Суди шаҳри Хуҷанд бекор гардида, дар ҳама марҳилаҳои судҳои болоӣ бетағйир мононда шуд»,- шарҳ дод адвокат Шарипов Абдураҳмон.

Марҳилаи на он қадар дури дурудароз...

Ҳимоятгарони ҳуқуқ иттилоъ доданд, ки муроҷиат ва шикоят аз амали шахсони масъуле, ки тафтишоти ғайри самаранок гузаронидаанд, 8 сол боз идома дорад.

Моҳи январи имсол дар бораи аз сар гирифтани тафтишот ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб кардани гунаҳгорон ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат шуда буд.

6-уми феврал ба адвокат А. Шарипов бо имзои муовини Прокурори генералӣ Ваҳобов В. М. ҷавоби расмӣ омад. Дар он гуфта мешавад, ки бо қарори Прокуратураи генералии ҶТ аз 02.02.2018 оид ба парвандаи далели марги Бобоев И. қарори қаблӣ дар мавриди боздоштани тафтишот бекор гардида, парванда ба Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ барои тафтишоти иловагӣ фиристода шудааст.

Дар мавриди ҷавоби мазкур аз ҷониби адвокат А. Шарипов шикоят шуд ва дархост гардид, ки парвандаи ҷиноятӣ ба Раёсати тафтиши ҷиноятҳои махсусан вазнини Прокуратураи генералии ҶТ супорида шавад.

Ба ин шикоят санаи 6-уми апрел ба А. Шарипов ҷавоби хаттӣ бо имзои муовини Прокурори генералии ҶТ Ваҳобов В. М. омад. Дар он хабар дода мешавад, ки барои талаб карда гирифтани парвандаи ҷиноятӣ аз РТ ВКД ҶТ ва барои тафтишоти иловагӣ ба РТ Прокуратураи генералии ҶТ супоридани он асос мавҷуд нест.

Гузашта аз ин, тафтиши парванда оид ба марги Бобоев шаш маротиба қатъ карда шудаву аз нав бознигарӣ гардид. Ҳамин тавр, аз болои қарор дар бораи қатъ кардани парванда аз ҷониби Ҷ. Бобоев ва адвокати ӯ А. Шарипов ба Суди шаҳри Хуҷанд шикоят карда шуд, ки қатъ намудани тафтишот бинобар сабаби ғайриқонунӣ буданаш бо қарор бекор карда шуд. Таҳлили қарори додгоҳ аз ҷониби сохторҳои прокуратура давоми як сол идома ёфт ва ҳама вокунишҳои прокурорӣ аз ҷониби зинаҳои судӣ рад карда шуданд. Дар натиҷа, санади судӣ ба қувваи қонунӣ даромад. Аммо пас аз як моҳ тафтишот боз бо ҳамон асос («беморӣ»: шамолхӯрӣ ва простатит) қатъ карда шуд. Илова бар ин, парвандаи ҷиноятӣ аз Прокуратураи вилояти Суғд ба Раёсати тафтишотии ВКД супорида шуд.

Дар бораи парвандаи мазкур муфассалтар инҷо мутолиа намоед:

http://notorturetj.org/tj/analytics/advokati-parvandai-margi-boboev-nisbati-prokuraturai-generali-ba-sud-shikoyat-burd

 

NoTorture.Tj