Мизи мудаввар оид ба натиҷаҳои мониторинги истифодаи амалии «Протоколи шаҳодатгардонии тиббии дастгиршудагон» ва таҳқиқи «Таҳлили вазъи воқеии соҳаи экспертизаи тиббӣ-суди Ҷумҳурии Тоҷикистон»

26-уми феврали соли 2019, дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо - «Фаъолият барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон» бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд ВТ ва ҲИА ҶТ) дар ҳамшарикӣ бо ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» бахшида ба натиҷаҳои мониторинги муассисаҳои тиббӣ дар самти истифодаи амалии «Протоколи шаҳодаткунонии тиббии боздоштшудагон», ки бо Фармони ВТ ҲИА ҶТ тибқи стандартҳои Протоколӣ Истамбулӣ тасдиқ гардидааст, инчунин натиҷаҳои таҳқиқи «Таҳлили вазъи воқеии соҳаи экспертизаи тиббӣ-суди Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид.

Мақсади мизи мудаввар иборат буд аз - рӯнамоии натиҷаҳои таҳқиқи истифодаи Протоколи шаҳодаткунонии тиббии дастгиршудагон, натиҷаҳои таҳлили вазъи воқеии соҳаи экспертизаи тиббӣ-суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коркарди механизмҳои бартараф намудани монеаҳои мавҷуда дар самти ҳуҷҷатгузории самараноки тиббӣ ва истеҳсолоти тиббӣ-судӣ дар ҳолатҳои истифода шудани зӯроварӣ.

Пешгуфтори татбиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар Тоҷикистон.

Дастурамал оид ба таҳқиқи самаранок ва ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф (Протоколи Истамбулӣ) аз ҷониби коршиносон дар самти ҳуқуқ, тандурустӣ ва ҳуқуқи инсон таҳия карда шудааст. Он бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ 55/89 (2000 с.) ва Комиссияи СММ оид ба ҳуқуқи инсон (сессияи 56-уми соли 2000-ум) қабул гардидааст.

Бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз 2-юми декабри соли 2013 таҳти №719 Гуруҳи корӣ баҳри боздид ва такмил додани ҳуҷҷатҳои дохилӣ, дастурамалҳо ва шаклҳо барои гузаронидани экспертизаҳои тиббӣ- судӣ /руҳӣ ва шаҳодатгардонии тиббӣ тибқи талаботи Протоколи Истамбулӣ таъсис дода шуд. Ба ҳайати Гуруҳи корӣ намояндагон аз ВТ ва ҲИА ҶТ, коршиносони судӣ-тиббӣ ва ҳуқуқшиноси ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» ворид карда шуданд. Фаъолияти вобаста ба пешбурди стандартҳои Протоколи Истамбулӣ бо дастгирии коршиносии «Табибон барои ҳуқуқи инсон» амалӣ гардида, қисме аз стратегияи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Фаъолият барои татбиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ воридсозии марҳила ба марҳилаи стандартҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ (ҳуҷҷатҳои дохилии хадамоти тиббӣ ва қонунҳо) ба барномаҳои омӯзишии муассисаҳои олии таълимӣ ва марказҳои омӯзишии мақомоти прокуратура ва суд (ҳуқуқӣ ва тиббӣ), омодасозии мутахассисон (коршиносони судӣ-тиббӣ, руҳшиносон, табибони самти умумӣ, кормандони системаи пенитенсиарӣ, мақомоти прокуратура, судяҳо ва адвокатҳо)-ро фаро мегирад.

Дар бораи натиҷаҳои фаъолиятҳо тариқи бюллетенҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ бо суроғаҳои зерин аз торнамои Эътилоф маълумоти муфассалтар ба даст овардан мумкин аст: (бо забони англисӣ: http://notorturetj.org/en/activities/istanbul-protocol-theory-practice  http://notorturetj.org/en/activities/istanbul-protocol-theory-practice-2), (бо забони тоҷикӣ:http://notorturetj.org/tj/activities/protokoli-istambuli-az-nazariya-amaliya-no2   http://notorturetj.org/tj/activities/protokoli-istambuli-az-nazariya-amaliya).

Барои дастрас намудани иттилооти иловагӣ, хохиш менамоем мурочиат намоед ба: Парвина Наврӯзова, узви Гуруҳи кории назди ВТ ҲИА ҶТ ва ҳамоҳангсози лоиҳа «Маркази ҳуқуқи инсон», тел: +992 93 555 86 56, e-mail:p.navruzova@gmail.com

NoTorture.Tj