Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кормандони мақомоти прокуратураи ҷумҳуриро бо иди касбиашон - Рӯзи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рўзи 14-уми март ҷашн гирифта мешавад, самимона табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар фаъолияти касбиашон барору комёбиҳоро таманно дорад. Бахусус лоиқи таъкид аст, ки мақомоти прокуратура дар самти ошкоркунии ҷиноятҳо, иҷроиши қонун, мубориза бо шиканҷа ва дигар намуди муносибатҳои пастзанандаи шаъну шарафи инсон саҳми арзанда доранд.
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон таъкид медорад, ки бо мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ барои решакан кардани шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона ҳамкорӣ намуда, ҳамкории худро дар ин самт беш аз пеш тақвият мебахшанд.
Иди касбиатон муборак!