Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ дар семоҳаи аввали соли 2019: 11 муроҷиат оид ба шиканҷа ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд

 

Дар давраи аз 1-уми январ то 31-уми марти соли 2019 аз ҷониби котиботи Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ (ГКҲ) ва ташкилотҳои узви Эътилоф 11 муроҷиат дар масоили истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ки як ҳолаташ нисбати зан сурат гирифтааст, ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд. Аз рӯи 7 парвандаи солҳои қаблӣ кор идома ёфт.

Муроҷиаткардагон ба чунин усулҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона ишора намуданд: зӯроварии ҷисмонӣ, вақте ки бо мақсади водор намудан ба имзои нишондодҳои худиқрорӣ ба ангуштони дасту пойҳо ноқил пайваст кардаву барқ сар медиҳанд; зӯроварии равонӣ, вақте таҳдид мекунанд, ки модар ё ҳамсари боздоштшударо меоранду бо ӯ алоқаи ҷинсӣ ва боздоштшударо бо калтаки резинӣ таҷовуз мекунанд (барои тасдиқи таҳдидҳои худ, шими боздоштшударо бароварда, ба қафояш калтаки резинӣ мерасонанд); фишори равонӣ, ки дар натиҷаи он қурбонӣ бо қошуқ\панҷшоха ба худ зарари ҷисмонӣ расонида, раги гарданашро мехарошад.

Шиканҷаҳо бо мақсади ба даст овардани нишондодҳои худиқрорӣ, ҷазо барои анҷом додани амалҳои муайян ё ба сифати чораҳои маҳдудкунӣ истифода шудаанд.

Синну соли гуруҳи қурбониён: аз 35 то 45-сола - 6 нафар, аз 46 то 60-сола - 3 нафар, аз 22 то 34-сола - 1 нафар ва 1 нафар ноболиғ.

Аризаҳо оид ба истифодаи шиканҷа асосан нисбати мақомоти корҳои дохилӣ (10 муроҷиат) ва дар як ҳолат нисбати прокуратура ворид гардидаанд.

Дар ГКҲ се телефони боварӣ фаъол аст: дар вилояти Суғд (987873333), дар вилояти Хатлон (987876666), дар шаҳри Душанбе ва НТМ (987087676). Телефонҳо инчунин дар рӯзҳои ғайрикорӣ, аз ҷумла рӯзҳои истироҳат ва ид ҳам дастрасанд.

Дар умум, дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 20 машварат дода шуда, 15 вохӯрӣ бо адвокатҳо гузаронида шуда ва 5 мактуби фармоишӣ ба ПГ ва ДИП ирсол карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби коршинос оид ба стандартҳои Протоколи Истамбулӣ тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар масоили ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона кӯмаки коршиносӣ расонида шуд. Дар вақти гузаронидани таҳлили ҳуҷҷатгузориҳои тиббӣ, коркарди ариза барои таъини санҷиши фарогир, коркарди стратегияи ҷамъоварии далелҳои тиббӣ дар марҳилаи пеш аз санҷиш ва баъди оғоз кардани парвандаҳои ҷиноятӣ, ки ба истифодаи шиканҷа ва дигар намуди муносибатҳои бераҳмона рабт доранд, кӯмаки машваратӣ расонида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ду маротиба мониторинги мурофиаҳои судӣ гузаронида шуд. Дастрасии мутахассис оид ба ҳуҷҷатгузорӣ ва рӯзноманигор ба мурофиа бемонеа буд. Адвокатҳо барои сабти ҷараёни мурофиа аз диктофон истифода бурданд. Таъхири беасоси оғози мурофиа мушоҳида нашуд.

Аз ҷониби ташкилотҳои узви ГКҲ инчунин дар масоили шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо машварат дода шуд: ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»: хизматрасонии адвокат аз рӯи 3 парванда оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона таъмин карда шуд, ба 9 нафар аз рӯи парвандаҳо, бо шумули хешовандону шоҳидон машварат дода шуд, 11 ҳуҷҷат таҳия гардид.

Фонди ҳаққи қалам барои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба қурбониёни эҳтимолии шиканҷа ва /ё хешовандони онҳо дар мувофиқа бо аъзои комиссия оид ба тақсими Фонди ҳаққи қалам (4 нафар) ва Ҳамоҳангсози Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ харҷ карда мешавад. Дар семоҳаи аввали соли 2019 ба Фонди ҳаққи қалами Эътилоф 3 дархост оид ба таъмин намудани адвокат барои муроҷиатҳои нав ирсол карда шудааст.

Фаъолияти ГКҲ ба пешбурди таъсиси системаи вокуниши самаранок ба аризаҳо оид ба шиканҷаву муносибати бераҳмона ва механизми мустақили тафтиши шиканҷа дар Тоҷикистон, инчунин ба ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо барои расонидани кӯмаки амалии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо равона гардидааст.

NoTorture.Tj