Шиканҷадиҳандагони Шаҳбоз беҷазо мемонанд?

Собиқ корманди ВКД ҶТ Раҳматулло Аҳмадов, сокини кӯчаи С. Шерозии шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон нисбати ду нафар ваколатдори оперативии ШКҶ ШВКД ноҳияи Ёвон бо номҳои Муҳаммад ва Сайёд ва як нафар истиқоматкунандаи деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Ёвон - таҷрибаомӯзи Академияи ВКД ҶТ Неъматулло Садриддинов, ки ба гуфтааш, ноадолатию қонуншиканӣ намуда, писари бегуноҳи ӯро аз хона бурдаву бераҳмона шиканҷа додаанд, шикоят карда, талаб дорад ки ин нафарон дар доираи қонун ҷазо гиранд. Вай чандин маротиба ба Прокуратураи вилояти Хатлон ва Прокуратураи генералӣ хаттиву шифоҳӣ муроҷиат кардааст, вале пас аз оғоз шудани парванда нисбати нафарони гумонбар баррасии он қатъ гардидааст.

Ҷабрдида Шаҳбоз Аҳмадов мегӯяд, ки “ман тақрибан соатҳои 23-и шаби 16-уми июни соли 2018 дар хона хоб будам. Ногоҳ телефонам садо баровард. Ба ман корманди фаврии кофтукови ҷиноятии ШВКД-и ноҳияи Ёвон Сайёд занг зада, гуфт, ки “ба ҳеҷ куҷо нарав, ман ҳозир ба наздат меоям, ба ту кор дорам”. Дар ҷавоби ман, ки “ба куҷо биёям?”, он кас гуфт, ки “ман худам ба наздат меоям” ва тақрибан соатҳои 1-2-и шаб чанд нафар ба хонаи мо омаданд”.

Дар ҳамин ҳол, падари Шаҳбоз - Раҳматулло Аҳмадов мегӯяд: “Ман муддати 31 сол дар ШКД-и ноҳияи Ёвон кор карда, бо сари баланд ба нафақа баромадам, ки он вақтҳо Иттиҳоди Шӯравӣ арзи ҳастӣ мекард. Имрӯз ман аз тарафи ду нафар корманди милиса ноадолатию қонуншиканиро дида, ҳайрон шудам. Ваколатдорони оперативии ШКҶ ШВКД-и ноҳияи Ёвон Муҳаммад, Сайёд ва таҷрибаомӯзи Академияи ВКД ҶТ Неъматулло Садриддинов ҷавони бегуноҳеро бе ягон асос озору шиканҷа дода, латукӯб намуда, ба тани ӯ сӯзан халонида, ба олоти мардиаш бо пояшон зер намуда, маҷбуран ҷиноятеро, ки писарам содир накардааст, ба гардани ӯ бор намуда, мехостанд равонаи маҳбас кунанд. Аммо ҳақ ба ҳақдор расиду ин се нафар ба мақсади нопокашон нарасиданд”.

- Дар назди хонаи ман чароѓҳои мошинашонро ба сӯи ҷои хоби келинам Зебо гардонида, вориди хона шуданд. Сайёд вориди хонаи ман шуда, тирезаи хонаи хоби писарамро, ки бо клиёнка маҳкам буд, даронда, шишаи тирезаро шикаст ва Шаҳбозро ба берун даъват намуд. Мо аз тарс ба назди онҳо баромадем. Ҳарчанд пурсидем, худашонро муаррифӣ накарданд. Дар ҷавоб гуфтанд, ки “баъд мефаҳмед мо кистем”. Хуллас, баъд мо фаҳмидем, ки онҳо кормандони ШКҶ ШВКД-и ноҳияи Ёвон будаанд. Сайёд писарам Шаҳбозро дар назди акааш Неъмат дашномҳои кабеҳ дода, онҳоро ба ШКҶ ШВКД-и ноҳияи Ёвон бурданд. Акаашро нагузоштанд ҳамроҳаш дарояд. Неъмат то саҳари рӯз дар онҷо интизори баромадани додараш Шаҳбоз меистад. Муҳаммад, Сайёд ва Неъматулло Садриддинов Шаҳбозро ба утоқи кориашон медароранд. Муҳаммад ба Сайёд мегӯяд, ки “либосҳоятро иваз намо, корро сар кардем”,- меафзояд Раҳматулло Аҳмадов.

Ба гуфтаи худи Шаҳбоз Аҳмадов, “вақте маро Сайёд ва Муҳаммад ба утоқи кориашон дароварданд, ба Сайёд гуфтам, ки “ака, барои чӣ маро ба ин ҷо овардед?”. Дар ҷавоб Муҳаммад ва Сайёд маро аз мӯи сарам кашида, 2-3 мушт зада, сарамро ба девор заданду гуфтанд: “Лаънатӣ, одамро бо корд задаву рафта дар хонаатон баҳузур хоб мекунӣ!”. Нисбати марҳум модарам дашномҳои ѓайриинсонӣ карданд. Дар ҷавоб гуфтам, ки “ман модар надорам, модарам вафот кардааст”. Онҳо дашном ба гӯри модарам карданд. Баъд гуфтанд, ки “ту имшаб дар назди «Кохи фарҳанг»-и ноҳияи Ёвон як нафарро бо корд задию аз ҷои ҳодиса гурехтӣ. Он шахс ҳозир дар Беморхонаи марказӣ бистарӣ ва беёд аст. Гуфтам, ки «ман ягон касро бо корд назадаам ва ѓайрати кордзанӣ ҳам надорам». Дар ҷавоб Муҳаммад ва Сайёд маро латукӯб карданд. Аз утоқи ҳамкорашон скотч оварданд ва дарро аз дарун маҳкам карда, маро ба шикам хобонида, якеаш дастонамро ба қафо тофтаву завлона зад, дигараш бошад, ба пойҳоям зад. Баъд ба қафоям сӯзан халониданд, то ҷинояти содир накардаро ба зимма гирам. Розӣ нашудам. Онҳо дигар усулро ба кор бурданд: ба сарам як пора матои бӯйгини полшӯиро гузошта, сару рӯямро бо скотч маҳкам карданд, то ҳангоми азобу шиканҷа овозам дар дохили бинои ШВКД паҳн нагардаду ҳамкорҳояшон огоҳ нашаванд. Сипас Сайёд бо ҳамроҳии Муҳаммад ба шаш ангушти дастонам ноқилро бо скотч пайваст намуда, ба Неъматулло амр намуданд: «Болои сарашро аз ду тараф бо пойҳоят маҳкам қап, то сараш наҷунбад». Таҷрибаомӯз супориши онҳоро иҷро кард. Баъд аз зарфи пластикии 0,5-литра ба ангуштонам об рехта, барқро сар доданд. Ман бо ишораи сар «не-не» мегӯям. Пас аз сеюм лаҳзаи шиканҷа ба воситаи барқ Муҳаммад ва Сайёд очаамро дашном доданд. «Ин ҳаромӣ спортсмен будааст» гуфта, амр намуданд, ки «қувваи барқро зиёд кун!». Баъди ин азобу шиканҷаи дурудароз ман аз ҷонам сер шуда, ҷиноятеро, ки содир накардаам ва ҳатто дар наздикии ин ҷиноят набудам, бо ишораи сар розигӣ додам. Сипас онҳо ин амали зишташонро бас карданд. Ҳангоми аз ҷоям хестан Муҳаммад бо пойи росташ ба миёнам, аз тарафи чап, ба гурдаам лагад зад, ки ба шикам афтодам».

Дар шарҳи бештари қазия падари Шаҳбоз - Раҳматулло Аҳмадов мегӯяд: “Намедонам ва гуфта ҳам наметавонам, ки Муҳаммад ва Сайёд нисбати оилаи Гулов - директори «Хонаи пиронсолон»-и ноҳияи Ёвон чӣ хусумат ва бадбинӣ дошта бошанд. Писари маро маҷбур месозанд гӯяд, ки гӯё кордро аз писари Гулов гирифтааст. Муҳаммад ва Сайёд шабона ба писари ман ҳамаашро мефаҳмонанд, ки «мо ҷои ҳодисаро ба ту нишон медиҳем». Ӯ дар ҷавоб гуфтааст, ки «дар шаб маро куҷо мебаред? Биёед ҷои ҳодиса рӯзона равем, бигзор халқ маро бинанд». Онҳо дар ҷавоб мегӯянд, ки «ту ҷои ҳодисаро аниқашро намедонӣ, пагоҳ дар назди сардоронамон моро шарманда мекунӣ». Аз ин лиҳоз, худи ҳамон шаб тахминан соатҳои 02:40 писарамро шиканҷа дода, ба ҷои ҳодиса мебаранд. Аввал аз даруни автомашин ҷои ҳодисаро ба писарам нишон медиҳанд. Баъдан аз дохили автомашина берун карда, «бо гапи мо кор мекунӣ, чизе мо мегӯем» гуфта, бо чароѓак (фонарик) ҷои хун рехтаро нишон медиҳанду мегӯянд, ки «пагоҳ саҳар ҳамроҳамон сардори ШКҶ ШВКД-и ноҳияи Ёвон низ меояд. Ту мегӯӣ, ки дар ҳамин ҷо бо корд задаму кордро ба дигар тараф партофтам». Худи ҳамон шаб аз ҷои ҳодиса писари маро соатҳои тахминан 2:50 ё 3:00-и шаб ба хонаи Гулов мебаранд. Неъматулло Садриддинов ҳамроҳи яке аз онҳо дар дохили автомашина писарамро зада, мегӯянд, ки «гӯй ҳамин аст» (яъне писари Гулов). Писари Гулов дар ҷавоб мегӯяд: «Не, ман ба ту корд надодаам». Онҳо писари Гуловро ҳамроҳи бародараш Бахтовар ба ШКҶ ШВКД-и ноҳияи Ёвон оварда, чӣ маслиҳате кардаву онҳоро пагоҳ бегоҳаш тахминан соатҳои 16:40 ё 17:20 ҷавоб додаанд. Дар он ҷо сардори ШКҶ ШВКД-и ноҳияи Ёвон низ иштирок доштааст. Баъд аз ҷои ҳодиса онҳо писарамро ба ШВКД-и ноҳияи Ёвон мебаранд”.

Ҷабрдида Шаҳбоз Аҳмадов дар ин маврид чунин иброз дошт: “Дар наздикии бинои ШВКД-и ноҳияи Ёвон ба онҳо гуфтам, ки “маро ба беморхона назди ҷабрдида баред, ё ин ки расмамро ба ҷабрдида бурда нишон диҳед. Агар набаред, аз азобу шиканҷаатон, ки ду рӯз боз ба ман обу хӯрок намедиҳед, худамро мекушам”. Онҳо аз тарс маро рост ба Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон бурданд. Ҳангоми дохили беморхона шудан, ман гуфтам духтареро, ки ҳамон шаб ҳамроҳи ҷабрдида будааст (инро аз суханони Муҳаммад ва Сайёд шунидам, ки онҳо ӯро мешиносанд), назди ман биёреду рӯ ба рӯ намоед. Сипас яке аз онҳо назди духтар рафта, ӯро ба назди автомашинаашон овард. Сардори ШКҶ ШВКД-и ноҳияи Ёвон ҳамроҳи Сайёд ба духтар гуфтанд, ки «мо кордзанро ёфтем» ва маро аз тирезаи автомашинаашон ба он духтар нишон доданд. Дар ҷавоб духтар гуфт, ки «ин нафари кордзада нест, ман инро намешиносам». Ман ба ӯ гуфтам, ки «апа, агар ман бошам, натарс, гап зан. Биё ҳамроҳи мо ба ШКҶ ШВКД-и ноҳияи Ёвон равем, баёнот деҳ, то маро ҷавоб диҳанд». Дар ШКҶ ШВКД-и ноҳияи Ёвон духтарро маҷбур намуданд, то гӯяд, ки ман он нафари кордзан ҳастам, аммо дар ҷавоб се маротиба «не-не-не» гуфт. Дар ин лаҳза аз шарми он, ки бегуноҳеро аз 16 то 20.07.2018 бе ягон асос ҳабс намуданд, сардори ШКҶ ШВКД-и ноҳияи Ёвон аз утоқи Сайёд баромаду гуфт, ки «худатон корро бинед». «Дидед, ман бегуноҳам. Ба ин ҳам бовар надошта бошед, як расмамро гирифта бурда ба ҷабрдида нишон диҳед»,- гуфтам ман. Онҳо ҳамин хел ҳам карданд. Ҷабрдида расмамро дида, гуфтааст, ки ин кас несту ӯро ҷавоб диҳед… Аммо, нисбати ман бо моддаи 110 қисми 1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз карданду Муҳаммад ва Сайёд ба ман мегӯянд, ки «мо кори туро сабук кардем, бо ҷаримаи 500-1000 сомонӣ аз зали суд озод мешавӣ».

Бародари Шаҳбози ҷабрдида - Ҳикматулло Аҳмадов бо нигаронӣ аз қазияи рухдода мегӯяд, ки «ҳаракатҳои онҳоро бо моддаҳои 143 эзоҳи 1, 116, 117 ва 316 метавон банду баст кард. Барои чунин кирдорҳои ѓайриинсонӣ ҷазо пешбинӣ шудааст. Ваколатдорони оперативии ШКҶ ШВКД-и ноҳияи Ёвон Муҳаммад ва Сайёд ба додарам мегӯянд, ки «худи ҳозир ба хонаатон меравем ва аз он ҷо дилҳоҳ корди хонаатонро гиру гӯй, ки бо ҳамин ман он шахсро задам». Додари ман розӣ намешавад. Онҳо дарро аз дарун қулф намуда, ба болои додарам бо навбат савор мешаванд. Мисли хар онҳоро дар пушташ гирифта, дар утоқи кориашон ин тарафу он тараф мегардад. Дигараш бошад, бо шатта ба қафои додарам мезанад, ки «розӣ шав». Додарам не мегӯяд, чунки падарам бемории фишорбаландӣ дорад. Дар натиҷа онҳо замоки шимашонро поён намуда, олоти мардиашонро бароварда, ба додарам мегӯянд, ки «розӣ мешавӣ, агар розӣ нашавӣ, мо туро худи ҳозир петух мекунем (ба ибораи худашон). Додарам ба хотири дифоъ аз шаъни мардиаш розӣ мешавад. Додарамро ба хона меоранд. Шаҳбоз кордеро аз хонаи хоби янгааш Шаҳноза мегираду ба онҳо медиҳад. Онҳо ин кордро бе дастпӯшак аз даст ба даст гирифта, ҳамроҳашон ба ШКҶ ШВКД-и ноҳияи Ёвон бурданд. Ҷинояткори асосиро рӯзи 20.07.2018 дастгир намуданд ва шаб соатҳои 1:20 додарамро раҳо карданд. Додарам ҳақиқатан бегуноҳ буд ва ба ӯ ҳамон шаб ваколатдори оперативии ШКҶ ШВКД-и ноҳияи Ёвон Сайёд мегӯяд, ки «братишка, ту бегуноҳ будаию мо туро беҳуда чор шабонарӯз азобу шиканҷа додем. Кормандони прокуратура меоянду аз ту пурсанд, ки «азобу шиканҷа доданд?», гӯй, ки не». Додарам розӣ нашуда, ҳамааашро ба кормандони прокуратура дар утоқи муфаттиш Ҳасан ба пуррагӣ нақл карда додаасту онҳо суханони ӯро дар чор варақ навишта гирифтаанд. Муҳаммад бошад, зориву тавалло мекунад, ки «назди кормандони прокуратура рав ва гӯй, ки даъво надорӣ, зеро ҳар сеямонро метавонанд суд ё аз кор пеш кунанд». Онҳо ба додарам гуфтаанд: «Мо дар ҳаминҷоем, дилхоҳ хизмат шавад, биё. Агар дар ягон ҷо шикоят мекунӣ, мо туро бо маводи мухаддир “подстава” мекунем».

Зимнан, падари Шаҳбоз - Раҳматулло Аҳмадов бо умедворӣ мегӯяд: “Аз Президенти кишвар ва Прокурори генералӣ хоҳиш менамоям, ки нисбати ин се нафар чораҳои қонунӣ андешанд. Инҳо метавонанд дилхоҳ шахси бегуноҳро чун писари ман гунаҳгор намуда, равонаи маҳкама созанд. Зеро аз шаҳр ҳимоятгар омада, санҷид ва хулоса баровард, ки «нисбати писаратон ягон парвандаи ҷиноятӣ боз нашудааст, ҳатто дар ягон ҷой дар қайд нест». Яъне, 110 соат беасос дар КПЗ маҳкам карда, «ҷазо» додаанд. Чунин нафарон дар мақомоти ВКД хавфноканд. Умед дорам ҳақ ба ҳақдор мерасад”.

- Рафти тафтишот яктарафа ва танҳо ба фоидаи гумонбарон буд. Протоколи рӯбарӯкунии ҷинояткорон дар як рӯз махсус бо ҳардуяшон рӯ ба рӯ накард, то инаш ба дигараш маълумоти якхела диҳад. Адвокат дархост кард, ба назар нагирифтанд. Ҳатто собиқ сардори ШВКД Эркабоев Ҷума таҳдид карда, ба писарам Неъмат мегӯяд, ки «аз дастатон ҳеҷ кор намеояд». Онҳо аз забони мо се забонхат тайёр карда оварданд, ки имзо гузорему аз даъво даст кашем. Аз чӣ бошад, Мирзода Фаридун инҳоро ба инобат нагирифта истодааст. Шояд аз хотири он, ки таѓои якеаш дар кадом як ноҳия дар прокуратура кор мекардааст. Сабти аудиоии гумонбар, ки гунаҳгор буданашро исбот мекунад, ба ҳайси далел ба муффатиш пешниҳод шудааст. Вақте намояндагони мо баромад карданӣ мешаванд, фақат як гап дорад: «Шумо ҷим шинед!». Ин ҳама гуфтаҳо исботи он ҳастанд, ки парванда яктарафа, ба фоидаи гумонбарон баррасӣ шуда, ба мо фишор овардан ҳама вақт дар рафти тафтишот аз ҷониби муфаттиш эҳсос мешуд. Шоҳид Нарзигул ҳам гуфтааст, ки писари маро намешиносад,- афзуд ӯ.

Ба хотири дарёфти шарҳи бештар ба адвокати Шаҳбоз Аҳмадов - Умедҷон Ниёзов муроҷиат кардем. Номбурда гуфт: “Дар сархати дуюми саҳифаи якуми қарори бекоркардашудаи Суди шаҳри Бохтар оид ба парвандаи гумонбаршудагон Муҳаммад Толибов ва Сайёд Қодиров дарҷ  гардидааст, ки гӯё дар ҷои ҳодиса ба Қодиров С. С. шаҳрванд Расулов Сафарбек Ҷунайдуллоевич хабар дода бошад, ки 2 шаби охир, яъне шабе, ки шаҳрванд Нозимов Ҳабиб Файзхоновичро бо корд зада буданд, Аҳмадов Шаҳбоз Раҳматуллоевичро дар ҷои ҳодиса дидааст. Қодиров Саёд Сарфарозович низ нишондод додааст, ки гӯё асоси Аҳмадов Шаҳбозро дастгир намудан - ин нишондоди шаҳрванд Расулов Сафарбек Ҷунайдуллоевич будааст. Гумонбаршуда Толибов Муҳаммад низ чунин нишондод додааст. Зарур мешуморам зикр намоям, ки ин ҳолат аз ҷониби муфаттиш нодуруст муайян карда шудааст. Зеро дар мактуби расмии сардори ШВКД дар ноҳияи Ёвон, полковники милитсия Шарифзода Ҷ. К., ки ба дархости намояндаи ҷабрдида ҷавоб гардонидааст, чунин навишта шудааст: “Дар асоси аризаи шаҳрванд Нозимов Файзихон, ки падари ҷабрдида Нозимов Ҳ. ба ҳисоб меравад, шаҳрванд Аҳмадов Шаҳбоз Раҳматуллоевич дастгир карда шуда, ҳамчун шахси гумонбар ба ШВКД ҳозир карда шудааст”. Инчунин, аз қарор “Дар бораи озод кардани дастгиршуда” Аҳмадов Шаҳбоз аз 18-уми июли соли 2018, ки аз ҷониби муфаттиш Раҷабов Ҳ. қабул карда  шудааст, бармеояд, ки Аҳмадов Шаҳбоз дар асоси аризаи Нозимов Файзихон Ҳабибович аз 17.07.2018 дастгир карда шудааст”.

Бояд гуфт, ки дар китоби қайди ШВКД-и ноҳияи Ёвон соату рӯзи оварда шудани дастгиршуда навишта шудааст, аммо соати ҷавоб доданаш навишта шудаасту рӯзаш не.

Зимнан, ба гуфтаи муфаттиш Мирзода Фаридун, “тахминан моҳи январи соли 2018 Шаҳбоз Аҳмадов бо ҷурми истифодаи бангдона боздошт шуда, нисбаташ аз тарафи кормандони ШКҶ ШВКД-и ноҳияи Ёвон парвандаи маъмурӣ боз карда мешавад. Ваколатдори ШКҶ ШВКД-и ноҳияи Ёвон Сайёд барои ҳамин Шаҳбозро медонист ва чун ӯ дар қайди онҳо буд, ба вай шабона занг задааст. Вақте шабона вайро дар хонаашон медоранд, мегӯяд, ки “медонам шумо маро куҷо бурда истодаед”. Ӯро ба ташхиси тиббӣ мебаранд ва ҳолати ҳушёр ё маст буданашро муайян мекунанд, ки ҳолати сабук нишон медиҳад. Баъди чанд моҳи аз милисахона баромадан Шаҳбоз дар масъалаи ҷароҳатҳои пешонӣ ва дигар ҷои баданаш шикоят мекунад. Рӯзи аввал, вақте барои гирифтани корд Шаҳбозро ба хонаашон мебаранд, ҳамон вақт шоҳидон, шахсони холис ҷамъ шуда будаанд ва нафарони хонаашон пешонии даридаи ӯро он рӯз бояд медиданд-ку. Агар чунин мебуд, он вақт мегуфтанд. Чанд нафар ӯро диданд, ҳеҷ гап набуд он вақт. Дар аризаҳои шикоятии аввалаш ҳам нест масъалаи ҷароҳатҳои пешонӣ ва дигар ҷои баданаш”.

Ба ШВКД-и ноҳияи Ёвон ташриф оварда, аз Қодиров Сайёд ва Толибов Муҳаммад пурсон шудем. Дар ин ҷо ба мо гуфтанд, ки онҳо чанд моҳ боз аз кор озод шудаанд ва суроѓаашонро намедонанд. Ҳатто рақамҳои телефонҳояшонро ҳам барои мо дастрас кардан муяссар нашуд.

Инчунин, кӯшиши ба шуъбаи кадрҳои РВКД-и вилояти Хатлон тамос гирифтану дарёфт намудани суроѓа ва ё телефонҳои ин нафаронро кардем, аммо ин кӯшишҳо низ бебарор анҷомид. Ҳамзамон, оид ба Ҳалимов Ҳ. пурсон шудем. Ӯ низ чанд моҳ боз дар ноҳияи Ёвон кор намекардааст ва дастрас намудани суроѓа ё рақами телефонаш муяссар нашуд.

Хостем ба муфаттиш Фаридун Мирзода бо чанд суоли дигар муроҷиат намоем. Аз ҷумла, пурсидем: “Сабти аудиоие ба шумо пешниҳод кардаанд, ки собиқ сардори ШВКД Ҷумабой Эркаев “аз дасти шумо коре намеояд” гуфтааст ба наздикони ҷабрдида. Воқеан дар сабт ҳамин сухан ҳаст?” Фаридун посух дод, ки “вай дар сабт ҳамин хел гуфтагӣ аст, мо баррасӣ кардем”. “Дар масъалаи сабти нафарони дигар низ, ки гуфтаанд инҳо гуноҳ кардаанд, ин сабтҳо низ ҳастанд? Агар ҳастанд, барои чӣ шумо ин сабтҳоро ба ҳайси далел истифода накардед ва агар кардед, чӣ баҳо додед?”,- мепурсем аз ӯ. Посух медиҳад, ки “ин сабтҳои аудиоӣ низ ҳастанд ва чунин гуфтаанд. Ман ин сабтҳоро низ баррасӣ кардам. ИИн нафаронро даъват карда пурсидам, тафтиш карда, ба парванда дӯхтам. Ин нафаронро худашон ба хонаашон даъват мекунанд, на ин ки ин нафарон худашон мераванд”.

Тасмим доштем, ки дар Прокуратураи ноҳияи Ёвон бо Ҳусайнзода Исломиддин оид ба парвандаи мазкур суҳбате дошта бошем, аммо он кас суҳбат кардан нахостанд.

Дар ҳамин ҳол, коршиноси ташхиси тиббии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Наҷмиддинов мегӯяд, ки “дар вақти ташхиси тиббии гузаронидаи банда дар бадани Шаҳбоз Аҳмадов пайи ҷароҳати безарар ба саломатӣ буд. Вале ман дар куҷои баданаш будани онро фаромӯш кардаам, чунки як сол гузашт. Барои ин бойгониро тагу рӯ кардан лозим мешавад ва барои ин иҷозатнома ва ё мактуби кормандони милиса лозим аст”.

Зимнан, адвокат Умед Ниёзов мегӯяд, ки “мо як маротиба аз болои қарори Прокуратураи вилояти Хатлон, ки қарори ҳукми парвандаро қатъ кард, шикоят овардем ба Прокуратураи генералӣ. Прокуратураи генералӣ бетаѓйир мононд қарорро ва гуфт, ки он асоснок аст. Баъдан мо аз болои қарор ба Суди шаҳри Бохтар шикоят овардем. Суди шаҳри Бохтар низ баррасӣ карда, рӯзи 19-уми май қарор қабул карда, гуфт, ки “шикояти шумо асос надорад”. Яъне бекор накард қарорашро. Ҳамчунин, аз болои қарори Суди шаҳри Бохтар мо ба Суди вилояти Хатлон шикояти хусусӣ пешниҳод кардем. Суди вилоят шикоятамонро баррасӣ карду қарори Суди шаҳри Бохтарро бетаѓйир мононд. Нисбати хулосаи Суди вилояти Хатлон мактуб омода карда, ба марҳилаи дигари зинаи болоӣ тариқи назоратӣ ирсол намуданием”.

- Ман 5-уми сентябри соли 2018 аз ПГ ҶТ барои пешниҳод кардани сабтҳои видеоӣ аз дурбинҳои назоратии бинои ШВКД-и ноҳияи Ёвон дархост карда будам. 16-уми сентябр аз шуъбаи дохилии бехатарии вилояти Хатлон ба ман ҷавоб омад, ки “бо сабаби гузаштани вақти зиёд ва тариқи автоматӣ тоза шудан аз хотираи дурбинҳо ба шумо сабтҳои видеоиро пешниҳод кардан имкон надорад”,- афзуд адвокат.

 

NoTorture.Tj