Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ҳамаи дӯстон, шарикон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ВАО-ро ба чорабиниҳои бахшида ба 26-уми июн - Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа даъват мекунад. Чорабинихои номбурда таҳти куратории арт менеҷер Лолисанам Улуғова, баргузор мегардад.
Дар шахри Душанбе, 26-уми июн, аз сотаи 10:00 то 12:00, маҷмааи МД «Душанбе-Плаза». Намоишгоҳи корҳои бадеии (графикӣ) рассоми фаъол Фаррух Неъматзода, ки дар он мавзуи зӯроварӣ дар шакли бадеӣ, бо ҷузъҳои иҷроиши омехтаи санъати визуалӣ, мусиқӣ ва нутқ кушода дода мешавад. Иҷроиши омехта (перфоманс), ки вақтҳои охир дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ба таври васеъ паҳн гардидааст, муқобили дилхоҳ намуди зӯроварӣ, аз ҷумла шиканҷа равона хоҳад шуд.
Вуруд ба чорабиниҳо озод аст.
Бо ҳузури худ метавонед бетафовут набуданатонро нисбати озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона тасдиқ намоед.
Бо эҳтиром,
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ
*Пардохти роҳкиро, рузмара ва меҳмонхона барои иштирокчиҳо пешбинӣ намешаванд!