Мониторинги беморхонаи вилоятии руҳии ВМКБ: 70 камера назорати видеоӣ мебаранд

Мониторинги беморхонаи вилоятии руҳии ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ 16-18-уми марти соли 2019 бидуни огоҳсозии пешакӣ гузаронида шуд. Ин мониторинги такрорӣ буд, ки баъди ба истифода додани бинои нав сурат гирифт.

Ба ҳайати гуруҳи мониторингӣ ду нафар намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Нидоев Ҳ. ва Низомов А., инчунин ду намояндаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ - Мӯсоев Ш. ва Давлатмиров Р. ворид гардиданд.

Ба гуруҳи мониторингӣ дастрасии бемонеа ба муассиса таъмин карда шуд. Ҳангоми мониторинг гуруҳро директори муассиса ва муовини ӯ роҳбаладӣ намуданд, то ҳолати ҳамаи шуъбаҳоро нишон диҳанд.

Бино моҳи сентябри соли 2018 сохта ба истифода дода шудааст. Муассисаи мазкур соҳиби дегхона ва иншооти нави худ - ҳаммом, ҳоҷатхонаҳо, ошхона ва утоқи либосшӯӣ аст. Дар бинои маъмурӣ аз тарафи чап ду шуъбаи мардона, аз тарафи рост 2 шуъбаи занона ва 2 шуъбаи кӯдакона ҷой гирифтаанд. Дар умум, бино тоза ва ҳудуди ҳавлиҳои сайругашт нигоҳубиншуда буданд.

Муассиса барои 86 нафар пешбинӣ гардидааст. Ҳангоми мониторинг дар он 60 нафар - 43 мард ва 17 зан қарор доштанд. Дар муассиса шуъбаи кӯдакона ҳам мавҷуд аст, аммо онҷо мизоҷон набуданд. Ҳангоми мониторинг бо 10 мизоҷ, 8 корманд аз ҷумлаи кормандони хурд, 2 табиб, аз ҷумла директори муассисаи мазкур суҳбат гузаронида шуд.

Давомнокии ҳузури мизоҷон гуногун буд: аз як моҳ то 7 сол (бо дарназардошти он, ки баъзе мизоҷон дар бинои куҳнаи беморхонаи ноҳиявии руҳии Роштқалъа буданд). Ба ғайр аз ин, ҳангоми пурсиши мизоҷон баъзеи онҳо зикр намуданд, ки чанд муддат дар муассисаи мазкур қарор доштанашонро ёд надоранд. Ҳамаи мизоҷон бе розигии хаттиашон дар муассиса ҷойгир карда шудаанд. Роҳбарияти муассиса зикр намуданд, ки қарори суд вуҷуд дорад, аммо он ба гуруҳи мониторингӣ нишон дода нашуд.

Ҳангоми пурсиши мизоҷон ҳолатҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона ё пастзанандаи шаъну шараф зикр нагардид ва аз ҷониби маъмурияти муассиса низ ба қайд гирифта нашудааст.

Ба гуфтаи кормандони муассиса, баъзан вақт миёни мизоҷон ҷанҷол рух медиҳад, якдигарро дашном медиҳанду таҳқир мекунанд. Дар чунин ҳолат кормандони хурд ва дигар кормандони муассиса мизоҷонро ором мекунанд.

Тахтаҳои иттилоотӣ дар шакли омода буданд, вале ҳанӯз дар ҷойҳои мувофиқ насб нашуда буданд. Онҳо дар қисми хоҷагидории муассиса ҷойгиранд. Баъди ба истифода дода шудани иншоот, алҳол ба овехтани тахтаҳо вақт нашудааст ва барои бартараф кардани ин мушкилот корҳо идома доранд. Инчунин, гуруҳи мониторингӣ овезаҳои иттилоотиро оид ба ҳуқуқҳои мизоҷон тақдим намуд, ки дарҳол овехта шуданд.

- Ҳангоми таъини табобат аз мизоҷ ё намояндаи қонунии ӯ розигии шифоҳӣ гирифта мешавад. Мизоҷ оид ба дарди ҷисмонии имконпазир, хатар ва таъсирҳои табобати пешниҳодгардида огоҳ карда мешавад. Мизоҷ метавонад аз табобати пешниҳодшуда ва агар табобат аллакай сурат гирифта истода бошад ҳам, даст кашад,- тасдиқ намуданд табибони муассиса.

Инчунин, роҳбари муассиса ҳангоми пурсиш ба он ишора кард, ки нисбати мизоҷон ба ҷуз чораҳои медикаментозӣ дигар усулҳои оромсозӣ истифода намешавад. Ҳамзамон, дар утоқи физиотерапии мизоҷон офиятбахшӣ мегузаронанд ва бо гиёҳ табобат мекунанд.

Муассиса бо 70 камераи назорати видеоӣ муҷаҳҳаз карда шудааст, ки тамоми ҳудудҳои муассисаро фаро мегиранд. 8 камера дар долони бинои маъмурӣ (ҳам дар ошёнаи якум ва ҳам дар дуюм), 9 камера дар ошёнаи якуми шуъбаи мардона, 9 камера дар ошёнаи дуюми шуъбаи мардона, 8 камера дар ошёнаи якуми шуъбаи занона, 6 камера дар ошёнаи дуюми шуъбаи занона, 1 камера дар долони ошёнаи 1-уми шуъбаи кӯдакона, 5 камера дар ошёнаи дуюми шуъбаи кӯдакона, 1 камера дар даромадгоҳи ошхона, 1 камера дар даромадгоҳи ҳаммом насб карда шудааст.

Аз буҷети давлатӣ барои хӯрокаи як нафар мизоҷ дар як рӯз 6 сомонию 40 дирам ҷудо, аммо дар асл аз 10 то 12 сомонӣ сарф мешавад.

Ба иттилои директори муассиса, дар солҳои 2017 ва 2018 ҳолатҳои фавт бо сабаби беморӣ, худкушӣ, ҳолатҳои нохуш ва дар натиҷаи ҷиноят нисбати беморон ба қайд гирифта нашудааст.

NoTorture.Tj