Дар Тоҷикистон мушовирони миллӣ оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ омода карда мешаванд

Узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, ташкилоти ҷамъиятии “Маркази ҳуқуқи инсон” бо дастгирии OSI Eurasia Program ва Фонди Зигмунд Раузинг Траст амалисозии лоиҳаеро оғоз мекунад, ки ба омода намудани мушовирони миллӣ оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ равона гардидааст.

Дар доираи фаъолияти лоиҳавӣ як қатор чорабиниҳо пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла, гузаронидани тренинг барои кормандони тиббӣ, ҳуқуқшиносону равоншиносон оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ. Интизор меравад, ки дар оянда мутахассисони омодашуда метавонанд оид ба парвандаҳои Эътилоф мустақилона ташхис ва шаҳодаткунонии тиббӣ гузаронанд.

Ба ғайр аз ин, ташкили коромӯзӣ барои донишҷӯёни факултаҳои ҳуқуқшиносӣ ва ҳуқуқшиносон тибқи Протоколи Истамбулӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои довталабони интихобшуда дар давоми ним сол як қатор мастер-классҳо тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ гузаронида хоҳад шуд. Баъди супоридани санҷиши муваффақона коромӯзон-ҳуқуқшиносон ба лоиҳаҳои Эътилоф ва ТҶ “Маркази ҳуқуқи инсон” ҷалб карда мешаванд.

Инчунин, гузаронидани вохӯриҳои корӣ барои аъзо ва шарикони Эътилоф дар шаҳри Душанбе, НТМ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ба назар гирифта шудааст. Якҷоя бо гуруҳи омодашуда тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ монеаҳо ва ё дастовардҳо дар рафти ҳуҷҷатгузории тиббӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи стандартҳои ПИ баррасӣ гардида, нақшаи корӣ барои 2 сол оид ба амалисозии стандартҳои ПИ бо иштироки мушовирони нав коркард мешавад.

Ҳамзамон, дастгирии иттилоотӣ - коркарди инфографикаҳо ва замимаҳо дар портали Play market оид ба масоили ҳуҷҷатгузории тиббӣ тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар назар аст, то дарки ин ҳуҷҷати воқеан мушкили мутахассисон барои ҳуқуқшиносон, табибон, кормандони иҷтимоӣ ва равоншиносон осон шавад.

NoTorture.Tj