Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот» амалӣ мешавад

Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот» амалӣ мешавад

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» аз моҳи июли соли ҷорӣ бо дастгирии молиявии Бунёди миллии дастгирии мардумсолорӣ (NED) амалисозии лоиҳаи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот»-ро оғоз кард.

Мусоидат ба намояндагони созмонҳои аъзои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ва кормандони ВАО барои ба даст овардани иттилооти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва маълумот дар бораи фаъолияти мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ мақсади асосии лоиҳаи мазкур мебошад.

Дар доираи лоиҳа нишонии электронии access.info.tj@gmail.com роҳандозӣ шудааст, ки рӯзноманигорон метавонанд барои гирифтани ёрии ҳуқуқии хаттӣ вобаста ба масъалаҳои дастрасӣ ба иттилоот муроҷиат кунанд. Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе қабулгоҳи ҳуқуқии ройгон фаъолият карда, ба аъзои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ва кормандони ВАО, ки масоили шиканҷаро инъикос мекунанд, ёрии ҳуқуқӣ мерасонад.

Бино ба гуфтаи сарвари Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон Сергей Романов, ба ташкилот дархостҳо ва пешниҳодҳои зиёде оид ба эҷод шудани монеа дар дастрасии маълумот, пешниҳод кардани намунаи дархост ба мақомотҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин шикоят бурдан нисбат ба амал ё беамалии шахсони мансабдор ворид мешуданд.

«Мо мехоҳем, дар робита ба масъалаҳои зикршуда машваратҳо ва ёрии ҳуқуқӣ диҳем. Ба ҷуз ин, барои ташкилотҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва намояндагони ВАО дар бораи дастрасӣ ба иттилоот давраи омӯзишӣ гузаронем».

Илова бар ин, дар ҳолатҳои нақзи ҳуқуқ ва озодии дастрасӣ ба иттилоот, барои аъзои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ва кормандони ВАО ҳимоятгарон таъмин карда мешаванд.

Маълумот: Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» созмони ҳомии ҳуқуқ буда, аз гурӯҳи адвокатҳои дорои иҷозатнома ва ҳуқуқшиносон иборат мебошад. Он дорои иқтидори таҳлилӣ буда, фаъолияташ ба ҳимояи манфиатҳои аҳли ҷомеа равона шудааст. Ба ин лоиҳа ҳуқуқшиносон ва адвокатоне ҷалб мешаванд, ки дар давраҳои омӯзишӣ оид ба ҳуқуқ ва ВАО иштирок кардаанд ва таҷрибаи корӣ дар масоили дастрасӣ ба иттилоот ва фаъолияти ВАО доранд.

Тамос: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, ошёнаи 5, утоқи 520. 

Тел.: +992 446 25 76 11. E-mail: ichrp.tj@gmail.com 

Шахси масъул: Шоира Давлатова. 

Тел.: +992 907 83 11 32. E-mail: shoiratj@gmail.com

NoTorture.Tj