ГКҲ дар соли 2019 зиёда аз 50 муроҷиати вобаста ба шиканҷаи эҳтимолиро ҳуҷҷатгузорӣ кард

Дар соли 2019 ГКҲ фаъолияташро дар самти расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа, пешбурди мурофиаҳои судии стратегӣ, ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои истифодаи шиканҷа, омодасозии маводҳо барои гузоришҳои алтернативӣ ба мақомоти СММ, инчунин дар доираи муколамаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳуқуқи инсон идома дод.

Бо мақсади муайян намудани ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва таҳким бахшидани ҳамкориҳои оянда дар соли 2019 аз рӯи парвандаҳое, ки ГКҲ кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад, бо адвокатҳову ҳуқуқшиносон зиёда аз 58 вохӯрии машваратӣ, бо 97 адвокати шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Бӯстон, Гулистон, Панҷакент ва ноҳияҳои Ҷ. Расулов, Б. Ғафуров, Ашт ва Спитамен 10 вохӯрии иттилоотӣ гузаронида шуд.

Барои муайян намудани миқёси истифодаи шиканҷа ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона гузаронида мешавад. Ҳуҷҷатгузорӣ тавассути муроҷиати қурбониёни эҳтимолии шиканҷа ва ё хешовандони онҳо ба Эътилоф ё дарёфти иттилои аввалия аз дигар шахсони манфиатдор, ВАО, ТҒД, адвокатҳо, табибон ва ғайра амалӣ мегардад.

Дар соли 2019 ба ГКҲ 70 нафар барои дарёфти кӯмак муроҷиат карда, 52 муроҷиат вобаста ба шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи эҳтимолӣ ҳуҷҷатгузорӣ гардидааст, ки аз онҳо ду нафар ноболиғон ва ҳафт нафар занонанд. Муроҷиатҳои боқимонда марбут ба масоили зӯроварии оилавӣ, кӯчонидан, гирифтани нафақа, хориҷсозӣ аз муассисаҳои олии таълимӣ ва мактабҳо, бардоштани доғи судӣ, озод кардан аз кор ва ғайра буданд. Дар бештари ҳолатҳо муроҷиаткунандагон ба гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ дахл доштанд ва барои ҳамин ба онҳо кӯмаки ҳуқуқӣ дар шакли машварат ва таҳиясозии ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ расонида шуд.

Ба ҳайси усулҳои истифодаи шиканҷа инҳо зикр гардиданд: зарба задан ба аъзои гуногуни бадан, пайваст кардани ҷараёни барқ ба ангуштони дастҳо, зӯроварии равонӣ дар шакли таҳқир ва таҳдиди таҷовуз, таҷовуз, тоб додани дастҳо ба пушт ва бастани пою дастҳо бо скотч, тазриқ (дар се ҳолат), ки ба гуфтаи қурбониён, қобилияти ҳаракату фикр кардан ва дарки рухдодро маҳдуд намудаанд.

Шиканҷаҳо бо мақсади ба даст овардани худиқрорӣ, ҷазо барои содир кардани амалҳои муайян, ба сифати чораҳои оромсозӣ ё дар асоси табъиз истифода шудаанд.

Гуруҳҳои синнусолии қурбониён: а) то 18-сола - 2 нафар; б) 19-21-сола - 3 нафар; в) 22-33-сола - 19 нафар; г) 34-44-сола - 16 нафар; д) 45-59-сола - 10 нафар; 60-сола ва аз он боло - 2 нафар.

Аризаҳо оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба муассисаҳои мақомоти давлатии зерин ворид шудаанд: шуъбаҳои ВКД - 40; муассисаҳои СРИҶҶ ВА ҶТ - 7; муассисаи Вазорати тандурустӣ - 1; муассисаҳои Вазорати маориф ва илм - 2; шуъбаи КДАМ ҶТ - 1.

Дар ГКҲ се телефони боварӣ амал мекунад: дар вилояти Суғд (987873333), дар вилояти Хатлон (987876666), дар шаҳри Душанбе ва НТМ (987087676). Телефонҳо рӯзҳои ғайрикорӣ, аз ҷумла рӯзҳои истироҳат ва идҳо низ дастрасанд.

Дар шаҳри Душанбе, НТМ ва вилояти Хатлон 49 машварати шифоҳӣ, аз ҷумла 30 машварат тариқи телефони боварӣ расонида ва 14 ҳуҷҷати хаттӣ ба мақомоти давлативу судӣ омода карда шудааст. Дар вилояти Суғд 14 машварати шифоҳӣ расонида ва 17 шикояту аризаҳо омода карда шудаанд.

Бо маълумоти муфассалтар оид ба фаъолияти ГКҲ метавон дар торнамои Эътилоф - www.notorturetj.org шинос шуд.

NoTorture.Tj