Дар маркази таваҷҷуҳи рӯзноманигорон - мубориза бо шиканҷа

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» барои рӯзноманигорон дар минтақаҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Нақшаи миллии амал оид ба амалисозии тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа барои солҳои 2019-2022» як қатор чорабиниҳои иттилоотонӣ баргузор намуд.

Миёнаҳои моҳи феврал ва ниммоҳаи аввали март Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» барои рӯзноманигорон ва намояндагони ВАО дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар дар мавзуи «Нақшаи миллии амал оид ба амалисозии тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа барои солҳои 2019-2022» як қатор чорабиниҳои иттилоотонӣ гузаронид. Барои рӯзноманигорони пойтахт чорабинӣ 17-уми феврал дар Маркази таълимӣ-тафреҳии “Parking”, барои рӯзноманигорони вилояти Хатлон 11-уми март дар меҳмонхонаи «Бохтариён» ва барои рӯзноманигорони вилояти Суғд 13-уми март дар меҳмонхонаи «Khujand Star Hotel»-и шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд.

Ёдовар мешавем, ки 7-уми феврал дар шаҳри Душанбе нахустин чорабинии иттилоотонӣ бо иштироки кормандони марказҳои матбуотӣ, марказҳои робита бо ҷомеа ва мутахассисони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ, Вазорати адлияи Тоҷикистон, Суди Олии ҶТ, Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, Вазорати мудофиа ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон доир гардида буд. Он вақт чорабинии иттилоотониро тренери байналмилалӣ Нигина Баҳриева гузаронида буд.

Чорабинӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба риояи ҳуқуқҳои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона» бо дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти кушода» - Фонди ҷамъияти кушода ташкил карда шуда буд.

Дар чорабиниҳои иттилоотонӣ, ки дар ҳар як минтақа доир гардиданд, давоми як рӯз иштирокдорон махсусиятҳои инъикоси масоили мубориза бо шиканҷаро фаъолона баррасӣ намуданд. Коршиносон ба иштирокдорон дар бораи махсусиятҳои чопи матолиб гуфтанд.

Аз ҳама сериштирокчӣ чорабинии иттилоотонии дар шаҳри Душанбе доиргардида буд, ки дар он сӣ нафар рӯзноманигорон иштирок доштанд. Дар чорабиниҳои шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд 15-нафарӣ рӯзноманигорон аз нашрияҳои гуногун иштирок карданд.

Ба гуфтаи ташкилкунандагон, мақсад аз баргузор намудани чорабиниҳо иттилоотнок сохтани рӯзноманигорони нашрияҳои мухталиф, ВАО-и чопӣ, радио ва телевизион дар мавриди махсусиятҳои инъикоси масоили мубориза бо шиканҷа, танзими ҳуқуқии манъ ва пешгирии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон, инчунин оид ба мубориза бо шиканҷа буд.

Ба ҳайси тренерҳои чорабинӣ директори Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» Шоира Давлатова ва ҳуқуқшиноси ин ташкилот Абдураҳмон Шарипов баромад намуданд.

Чорабинии иттилоотонӣ аз ду қисм иборат буд. Қисми аввал ба дарки мафҳуми «шиканҷа» бахшида шуда буд. Шоира Давлатова дар ин мавзуъ баромад карда, оид ба шиканҷа ва махсусиятҳои инъикоси ин масъала дар ВАО сухан гуфт. «Дар моддаи 2-и «Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо» оварда шудааст, ки ҳар як давлати иштирокчӣ барои пешгирии амалҳои шиканҷа дар қаламрави ҳуқуқии худ бояд чораҳои самараноки қонунӣ, маъмурӣ, судӣ ва дигар чораҳоро андешад»,- зикр намуд мутахассис.

Ӯ дар бораи чаҳорчӯбаи ҳуқуқии амалисозии уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ва фаъолияти Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон сухан гуфт.

Ба ҳайси сухангӯи қисми «Тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа дар соли 2018 ва Нақшаи миллии амал оид ба амалисозии тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа» ҳуқуқшиноси ММҲҲИ Абдураҳмон Шарипов баромад намуд. Ӯ тавсияҳо ва нақшаи миллии амалро ба таври мухтасар шарҳ дод.

Дар баромади худ Абдураҳмон Шарипов ҳамзамон ба масоиле чун нақши мақомоти давлатӣ, раванди ҳисоботдиҳӣ, инчунин нақши ҷомеа ва СМИ дар паҳнсозии иттилоот дахл намуд.

Дар қисмати ниҳоии омӯзиш иштирокдорони чорабиниҳо дар се минтақаи ҷумҳурӣ дар гуруҳҳо кор бурда, кӯшиш карданд вазифаҳои шартиро мустақилона ҳал намоянд.

Дар анҷом коршиносон ба саволҳои бешумори иштирокдорон посух гуфтанд.

 

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»

Ichrptj.org