Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Адвокат: зерҳимояи ман шиканҷаро рад, аммо аз муносибати бераҳмона шикоят кард
Адвокати ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» Абдураҳмон Шарипов рӯзи панҷшанбе, 2-юми апрел бо зерҳимояаш Рустам Бобоев, ки бо сабаби мавҷуд набудани дастрасӣ ба ӯ хешовандонаш гумон доштанд, ки нисбаташ шиканҷа ва муносибати бераҳмона истифода бурда мешавад, мулоқот кард.
Оид ба қазияи мазкур инҷо хондан мумкин аст.
«2-юми апрел, баъди нашри матлаб дар ВАО, муфаттиш барои дастрасии бемонеа ва бидуни маҳдудияти вақт ба зерҳимояам, ки ман баҳри он зиёда аз се ҳафта талош доштам, иҷозати хаттӣ дод ва худи ҳамон рӯз бо Бобоев вохӯрдам. Дар мулоқот зерҳимоя хабар дод, ки нисбаташ зӯроварии ҷисмонӣ истифода нашудааст, вале далели муносибати бераҳмона шояд вуҷуд дошт»,- гуфт адвокат. Ба гуфтаи ӯ, сухан сари дастрасии маҳдуд ба кӯмаки тиббии касбӣ меравад, зеро Рустам Бобоев аз диабети вобаста ба инсулин ва вараҷа ранҷ мебарад ва ба истифодаи саривақтии воситаҳои тиббӣ ниёз дорад. «Зерҳимояи ман гуфт, ки на ба мутахассисон, на ба доруҳо дастрасӣ надошт ва аз ҳамин рӯ, ба ҳолати стрессу руҳафтодагӣ гирифтор шуд, ки метавонист ба саломатии ӯ таъсири хеле манфӣ расонад»,- зикр намуд Абдураҳмон Шарипов.