Дар семоҳаи аввали соли 2020 Гуруҳи офиятбахшӣ ба 16 нафари аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарардида кӯмак намуд

Гуруҳи офиятбахшии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар моҳҳои январ-марти соли 2020-ум 16 нафари аз шиканҷа зарардида ва оилаҳои онҳоро бо офиятбахшӣ таъмин намуд. Аз онҳо 4 мард ва 8 нафар зан, 2 писари ноболиғ ва 2 духтари ноболиғ мебошанд. Аз шумораи умумии қурбониён 9 нафар бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дида, 7 нафари боқимонда хешовандони қурбониёни шиканҷа ё муносибати бераҳмонаанд.

Ҳашт нафар аз шумораи 9 нафари бевосита аз шиканҷа зарардида гуфтанд, ки нисбаташон шиканҷаи ҷисмонӣ истифода шудааст: латукӯб бо бастани дасту пойҳо, пайваст кардани ҷараёни барқ тариқи нохунҳо ба дастон ва қисми поёнии бадан, зарба ба сар ва шикам, об рехтан ва кашола кардан аз мӯйи сар. Нисбати як нафар фишори равонӣ дар шакли таҳқир истифода гардидааст.

14 нафар кӯмаки тиббиву равонӣ гирифтанд. Ҳамаи онҳо аз муоинаву ташхиси тиббӣ гузаштанд. Аз ин теъдод 9 табобати амбулаторӣ ва 5 табобати статсионарӣ аст. Ҳоло 12 нафар кӯмаки равонӣ гирифта истода, ду нафар дархост кардаанд, ки дертар ба онҳо кӯмак расонида шавад.

Дар ин давра се нафар кӯмаки такрории тиббӣ гирифтанд: як мард, як нафар зан ва як духтари ноболиғ. Ҳамаи онҳо аз муоинаву ташхис гузашта, табобати амбулаторӣ гирифтанд. Кӯмак дар асоси қарори машваратӣ ва тавсияҳои табиб расонида шудааст.

Гуруҳи офиятбахшӣ дар ин давра коркарди Дастурамал оид ба офиятбахшии иҷтимоии шахсони аз шиканҷа ё муносибати бераҳмона зарардида ва аъзои оилаҳои онҳоро дар доираи лоиҳаи ИА «Пешбурди равиши ҳуқуқҳимоякунӣ ҳангоми ислоҳоти системаи пенитенсиарии Тоҷикистон» идома дод. Дастурамал амалҳои пайдарҳамро ҳангоми расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ва дастгирии шахсони аз шиканҷа зарардида ё аъзои оилаҳои онҳо дар бар хоҳад гирифт. Инчунин, ба дастурамал масоили марбут ба роҳнамоии иҷтимоӣ ва наззора аз лаҳзаи ворид гардидани қурбонӣ то офиятбахшии пурраи ӯ дохил карда хоҳад шуд. Кор дар самти таҳияи дастурамал моҳи августи соли 2020 анҷом меёбад.

Ба ғайр аз ин, Гуруҳи офиятбахшӣ аз болои Дастурамал оид ба офиятбахшии равонии шахсони аз шиканҷа ё муносибати бераҳмона зарардида ва аъзои оилаҳои онҳо кор мебарад. Дастурамал ҳуҷҷат барои истифодабарии мутахассисони равоншиносе маҳсуб меёбад, ки ба шахсони аз шиканҷа ё муносибати бераҳмона зарардида ва аъзои оилаҳои онҳо кӯмаки равонӣ мерасонанд. Дастурамал нақшаи расонидани кӯмак, инчунин усулҳоеро, ки равоншиносон бояд ҳангоми гузаронидани баҳогузории аввалия ва дар рафти расонидани кӯмаки равонӣ истифода баранд, дар бар хоҳад гирифт. Инчунин, мисли Дастурамал оид ба кори иҷтимоӣ, дастурамали мазкур менеҷмент (варақаҳои бақайдгирӣ, баҳогузории аввалия, миёнадаврӣ, ниҳоӣ ва ғайра)-ро дар бар хоҳад гирифт. Интизор меравад, ки кор дар ин самт моҳи июли 2020 анҷом меёбад.

NoTorture.Tj