Номаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Вазорати тандурустӣ

Намояндагони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо ирсоли нома ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар рӯзи 20-уми апрел хостори посух гирифтан ба як қатор суолҳо шудаанд.

Дар мактуб аз ҳамкориҳои мусбати вазорат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ истиқбол карда шуда, намояндагон хостгори посух гирифтан ба суолҳояшон мутобиқи моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» гардидаанд.

Аз ҷумла, хоҳиш карда шудааст, ки омори бемориҳои сирояткунандаи вирусии илтиҳоби шуш (пневмония), сил (туберкулёз), домана (брюшной тиф) дар се моҳи аввали соли 2019 ва 2020 пешниҳод гардад. Инчунин, пурсида шудааст, ки барои табибон ҳангоми муайян намудани ҳолатҳои шубҳанок ё аломатҳои Covid-2019 (коронавирус) кадом протоколҳо ва амалҳо таҳия шудаанду онҳо бояд чӣ гуна амал намоянд?

Ҳамзамон, дар нома гуфта шудааст: «Бо назардошти он, ки эътимоднокии тестҳои санҷишӣ дар Русия зери шубҳа гузошта шуданд ва маҷмуи тестҳое, ки дар Хитой истеҳсол мешаванд, нуқсон доранд, мехостем дақиқ намоем, ки Вазорати тандурустӣ барои азнавсанҷии натиҷаҳои тестӣ ва таҳлил чӣ кор мекунад? Оё ин тестҳо аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштаанд? Оё онҳоро ТУТ (ВОЗ) тасдиқ кардааст? Ва дигар суолҳо монда шудаанд”.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ инчунин аз чораҳои Вазорати тандурустӣ баҳри омӯзиши кадрҳои тиббӣ, хусусан кормандони миёнаи тиббӣ дар минтақаҳо ва ноҳияҳои дурдаст барои фарқ кардани бемории коронавирус аз пневмония ва дигар паҳлуҳои масъала пурсон шуда, умедвори ҳакориҳои судманди оянда гардидаанд.

NoTorture.Tj