Вазорати тандурустӣ ба дархости Эътилоф посух дод: Вазъи эпидемиологӣ дар кишвар нисбатан ором аст

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба дархости Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон оид ба шарҳи вазъи паҳншавии коронавирус дар кишвар ва чораҳои баҳри пешгирии паҳншавию сирояти коронавирус андешидашуда посух дод.

Дар посух бо имзои муовини вазир Мирҳомуддин Камолзода гуфта мешавад, ки вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон нисбатан ором аст: агар дар семоҳаи аввали соли 2019-ум 5192 ҳолати бемории пневмония ба қайд гирифта шуда бошад, дар семоҳаи аввали соли 2020 ҳамагӣ 5023 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Дар соли ҷорӣ бемории сил 1137 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати семоҳаи аввали соли гузашта (1218 ҳолат) кам аст. Имсол 15 ҳолати бемории домана ба қайд гирифта шудааст.

Дар посухи Вазорати тандурустӣ маълумот оид ба фавт дар натиҷаи беморӣ оварда нашудааст, вале зикр мегардад, ки вазорат дар масоили пешгирии сирояти короновирусии COVID-19 омодаи ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамеша барои фаъолиятҳои муштарак боз аст.

Камолзода зикр менамояд, ки ба Тоҷикистон 46 900 тест, аз ҷумла 23 ҳазор аз Федератсияи Русия, 22 ҳазор аз ЧИН ва 1900 тест аз Олмон ворид шудааст. Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, ҳамаи ин тестҳо мутобиқи талаботи ТУТ озмуда шудаву дорои сертификати сифат мебошанд.

Пеш аз ҳама шаҳрвандоне санҷида мешаванд, ки дар онҳо аломатҳои бемории пневмония аён аст. Дар ин ҳолат инчунин акси рентгенӣ, томографияи компютерӣ, таҳлили умумии хун ва балғам низ ба инобат гирифта мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, ҳамаи тестҳое, ки дар шаҳрвандон гузаронида шудаанд, натиҷаи манфӣ додаанд. Вақте сарҳадҳо боз буданд, қисме аз тестҳо барои санҷиши такрорӣ ба Москва, Новосибирск ва Лондон фиристода шудаву ҳамаи онҳо низ натиҷаи манфӣ додаанд. Баъди он, ки сарҳадҳо баста шуданд ва парвозҳо миёни давлатҳо муваққатан қатъ гардид, санҷиш танҳо дар озмоишгоҳи Вазорати тандурустӣ гузаронида мешавад, ки ба талаботи ТУТ пурра мутобиқ аст. Вазорати тандурустӣ зикр менамояд, ки чунин озмоишгоҳ дар Тоҷикистон танҳо як адад аст ва бинобар ҳамин, тестҳо аз тамоми минтақаҳо низ ба инҷо фиристода мешаванд.

Дар посухи Вазорати тандурустӣ дар бораи шумораи кормандоне, ки курсҳои махсус оид ба пешгирии сирояти коронавирусии COVID-19-ро гузаштаанд, оид ба чораҳои пешгирӣ миёни аҳолӣ ва ғайра арқом оварда шудаанд.

Дар замима метавон бо шакли пурраи посухи Вазорати тандурустӣ бо забони точики  ва русси шинос шуд.

NoTorture.Tj