Гунаҳгори бегуноҳ

Қиссаҳоеро ба шумо пешкаш менамоем, ки оид ба қисмати фоҷиавии сенздаҳ сарбози дар артиш қурбонии шиканҷа ё “меҳтарсолорӣ” гардида, ки дар китоби “Қиссаи 13 сарбоз, ё орзуҳои барбодрафта” (муаллифон Ҷамшед Маъруфов ва Гузал Маҳкамова, муҳаррири адабӣ - Наргис Ҳамробоева) ҷой гирифтаанд, нақл мекунанд.

Китоб аз ҷониби ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо мусоидати Эътилофи зидди шиканҷа бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа -  26-уми июн омода карда шудааст.

Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амалҳои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ", бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ амалӣ карда шудааст. 

Гунаҳгори бегуноҳ

Орзу - ин арзишмандтарин чизест, ки инсон дорад. Орзу қувва мебахшад ва муттасил шахсро ба мақсад наздик месозад. Бо Қурбоналӣ чунин ҳолат рӯй дода буд...

Ҷавони 19-сола аз шаҳри Ҳисор қарор дод, то бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ равад, то ин ки ба мақсади худ - шахси низомӣ шудан расад. Аммо қисмати бад кори худро кард: муноқиша, занозанӣ бо ҳамхизмат ва тир дар пой. «Агар хомӯш бошиву гуноҳро ба гардан гирӣ, барои табобат ёрӣ мерасонем!»,- гуфтаанд ба сарбоз. Барои ӯ чизе боқӣ намонда буд, ҷуз розӣ шудан ва... бо орзуяш хайрухуш кардан. Сарбози собиқ ҳоло доғи судӣ дорад...

Қурбоналӣ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст, аммо нахост ба пайроҳаи падар равад. Ӯ аз кӯдакӣ орзу мекард, ки бузург шуда, либоси ҳарбӣ ба бар менамояд, барои ҳамин баъд аз хатми мактаб тасмим гирифт ба академияи ҳарбӣ дохил шавад. Аммо дар он ҷо барои оилаи деҳқон маблағи тахайюлие талаб намуданд, ки чунин маблағро надоштанд. Писари деҳқон қарор дод, ки бо роҳи дигир ба орзуи худ расад. Ӯ бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ рафт. Бар замми ин, дар ҷамоати деҳот ваъда медоданд, ки барои шахсони ихтиёрӣ замини наздиҳавлигӣ ҷудо менамоянд.

Апрели соли 2017. Қурбоналӣ Шаъбонов барои хизмат ба қисми сарҳадбонии 0202 дар шаҳри Истаравшан равон карда шуд. Албатта, мушкилиҳо буданд. Хӯроки бад, набудани оби тоза. Аммо, тавре маълум гардид, ин ҳанӯз ними бадбахтӣ будааст. Ҷанҷолу зӯроварӣ дӯзахи воқеӣ буданд. Танҳо бо ин роҳ сарбозон нофаҳмиву мушкилотро «ҳал» мекарданд. Қурбоналии оромтабиату таҳаммулпазир одатан бидуни ҷанҷолу занозанӣ аз ҳолатҳои мушкилтарин берун меомад. Аммо он рӯз бо роҳи сулҳомез ҳал кардани масъала имкон надод.

17-уми октябри соли 2017. Қурбоналӣ бояд дар посгоҳ дар манораи назоратӣ меистод. Ӯ мушоҳида кард, ки қувваи батареяи дастгоҳи гуфтугӯ тамом шудаст ва аз навбатдор хоҳиш кард, то барояш дастгоҳи дигар биёрад. Аммо ба ҷои навбатдор ба ӯ дастгоҳро сарбози меҳтар овард. Аз симои «бобо» маълум буд, ки «дастур»-и сарбози ҷавон ба ӯ писанд наомадааст. Ӯ хашмгинона ба латукӯби Қурбоналӣ шуруъ кард. Се зарбаи сахт ба пушт, зарбаҳо ба пой бо қундоқи автомат ва Қурбоналӣ аз ҳуш рафт. Танҳо пас аз 10-15 дақиқа ба манораи назоратӣ сардор ва афсарони нуқтаи назоратӣ ҳозир шуданд.

Баъди ба ҳуш омадани Қурбоналӣ сардор аз ӯ хоҳиш мекунад, ки оид ба ҳодиса чизе нагӯяд ва маслиҳат медиҳад, то гӯяд, ки ба таври тасодуф ба пои худаш тир холӣ намудааст. «Агар чизе, ки ман мегӯям, иҷро намоӣ, мо туро аз хизмати ҳарбӣ озод мекунем ва барои табобат мефиристонем»,- ваъда медиҳад сардор.

Баъдан, сарбози ҷавони бетаҷриба ҳуҷҷатро ҳатто нахонда, ба сардор бовар кардаву ба он имзо мегузорад. Аммо, маълум мегардад, ки ин “протоколи айбдоркунӣ”-и парвандаи ҷиноятӣ будааст, ки нисбати Қурбоналӣ барои “сарпечӣ аз адои хизмати ҳарбӣ бо роҳи худмаъюбкунӣ” оғоз карда шудааст.

Қурбоналӣ, тавре ваъда дода буд, ба даҳон об гирифт ва ҳатто наздиконаш надонистанд, ки дар ҳақиқат чӣ ҳодиса рӯй додааст. Ба утоқи ӯ касеро иҷозаи даромадан намедоданд. Аммо падараш дарҳол фаҳмид, ки дар ин қазияи аҷиб зиёд чизҳо шубҳанок менамоянд. Дар ҳоле, ки Қурбоналӣ чӣ гуна метавонад ба пушти пои худ тир холӣ кунад?

«Мо намедонистем, ки дар ҳақиқат чӣ ҳодиса рӯй додааст. Аммо бисёр чизҳо шубҳанок буданд. Ман аз писарам хоҳиш кардам, ки ба ҳама росташро гӯяд, зеро баъдан кӣ медонад, ки касе ба ҳимояи ӯ баромад мекунад ё не. Ҳамин тавр ҳам шуд»,- мегӯяд падари Қурбоналӣ - Абдухолиқ Шаъбонов.

Сарбозро даҳ маротиба ҷарроҳии вазнин карданд, вай табобати дурудароз гирифт ва аз офиятёбахшии вазнин гузашт. Танҳо баъд аз ним сол волидайн тавонистанд ҳақиқатро аз писарашон фаҳманд ва ба прокуратура муроҷиат карданд. Аммо аллакай дер шуда буд. Тамоми ҳуҷҷатҳо зери сояи “худинзиво” рафта буданд. Ҳамхизмате, ки ба пойи ӯ тир холӣ карда буд, ҳамон замон барои идомаи хизмати ҳарбӣ ба қисми низомии дигар гузаронида шуд. Адвокатҳо барои исботи бегуноҳии Қурбоналӣ муваффақ нашуданд.

Октябри соли 2018. Суд. Қурбоналӣ Шаъбонов бо ҳалномаи суд гунаҳгор дониста ва нисбати ӯ як сол ҳабси хонагӣ таъин карда шуд. «Шояд даҳ маротиба мо бо мактуб ба Дастгоҳи Президент муроҷиат кардем. Ҳар дафъа як ҷавоб мегирифтем: «Мактуби шумо барои баррасӣ фиристода шудааст». Ягон кӯмак нест. На аз ҳукумат, на аз комиссариати ҳарбӣ ва на аз ҷамоат»,- мегӯяд модари Қурбоналӣ.

Абдухолиқ Шаъбонов - падари Қурбоналӣ аз рӯи касб агроном ва ба заминсозӣ машғул аст. Даромади ӯ танҳо барои хӯронидани оила мерасад. Аз боби доруҳои гаронбаҳое, ки ҳар моҳ Қурбоналии маъюб ниёз дорад, ҳоҷати сухан нест.

Аз рӯи ҳамаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, Қурбоналӣ маъюб аст. Ӯ кори вазнин карда наметавонад, бо мушкилӣ ҳаракат мекунад. Як сол аст, ки мехоҳад нафақаи маъюбӣ тартиб диҳад, аммо маркази тиббии ҷамоат ба ӯ роҳхат барои шаҳодаткунонӣ намедиҳад. Қитъаи замини наздиҳавлигии ваъдашударо бошад, мақомот тамоман фаромӯш кардаанд.

«Оилаи мо аз тамоми нафароне, ки ба мо кӯмак намудаанд ва мекунанд, миннатдор аст. Шукри Худо, ки ҳоло писари ман роҳ мегардад. Ҳар он чизи баде, ки аз сарамон гузашт, бигзор дар пушт бимонад. Орзу мекунам, ки писарам пурра шифо ёафта, оиладор гардида, зиндагии худро созад...»,- мегӯяд модари писари ҷавон.

Сарфи назар аз қисмати вазнин, фиреб ва ноумедӣ, Қурбоналӣ боз ҳам ба ояндаи беҳтар бовар дорад: “Намедонам чӣ гуна қисмат маро интизор аст. Мутаассифона, орзуи ман амалӣ нагардид. Шояд писари ояндаи ман нафари ҳарбӣ мешавад?”.

NoTorture.Tj